Ҳаёти осуда
(таҳияи) Башир Усмон
Сарватманде истироҳаташро дар деҳаи хурди соҳилӣ сипарӣ мекард. Як пагоҳӣ ҳангоми сайругашт дар соҳил чашмаш ба заврақи хурди моҳигирӣ афтод. Заврақ ба соҳил наздик шуд ва моҳигир фаромад. Дар заврақаш якчанд адад гулмоҳии бузург дошт.
– Шикорат бобарор шудааст, табрик мекунам, – гуфт сарватманд ба моҳигир.
– Ташаккур.
– Доштани ин моҳиҳо чӣ қадар вақт гирифт?
– Бисёр не, як-ду соат...
– Пас чаро як-ду соати дигар наистодӣ, то моҳии бештар бидорӣ?
– Барои имрӯзамон ҳамин қадараш басанда аст.
– Пас, дар боқимондаи вақтат чӣ кор мекунӣ?
– Бо фарзандонам бозӣ мекунам, нимрӯзӣ хоб меравам, дар боғчаам каме кор карда, сипас бо дӯстонам нишаста суҳбат мекунам. Хулоса, ҳаёти осоиштае дорам.
Сарватманд ҳавобаландона гуфт:
– Ман дар боби тиҷорат ва сармоягузорӣ доктори илм ҳастам. Агар бихоҳӣ метавонам ба ту кумак расонам.
Сипас, тавсияҳояшро қатор кард:
– Нахуст бояд ба моҳигирӣ вақти бештар сарф карда, пул биёбӣ. Баъдан заврақи калонтаре бихарӣ, то ки пули бештар кор кунӣ. Бо пули бадастоварда боз ҳам заврақи бузургтаре...
– Хуб, баъд чӣ? – пурсид моҳигир.
– Баъд, моҳиҳое, ки медорӣ, ба миёнарав неву худат мустақиман бурда, ба ширкати консервабарорӣ месупорӣ. Рафта-рафта худат соҳиби ширкатҳои консерва мешавӣ. Бо ин роҳ маҳсулот, коркарди он ва тақсимоташро ба дасти худат мегирӣ. Албатта, барои чунин муваффақият аз ин деҳа ва ин соҳили кӯчак мебароӣ, ба баҳри васеъ ва шаҳри калон ҷой мегирӣ. Сипас, аз он ҳам васеътар ба уқёнус мебароӣ... Ҳамин тавр, дар он ҷоҳо коратро равнақ мебахшиву васеъ мегардонӣ.
– Бисёр хуб, лекин ин ҳама кор чӣ қадар вақт мегирад?
– 15-20 сол.
– Баъд чӣ?
Сарватманд аввал баланд хандид, пасон гуфт:
– Аз ҳама бахши хуби кор ана ҳамон вақт фаро мерасад. Чун он вақти муборак фаро мерасад, музояда эълон карда, саҳмияҳои ширкататро ба фурӯш мебарорӣ ва хеле сарватманд хоҳӣ шуд. Ба ин тариқ метавонӣ миллиардҳо пул кор кунӣ.
– Миллиардҳо пул, а? Баъд чӣ?
– Баъдаш маълум аст, дӯсти азиз. Баъд метавонӣ бознишаста, яъне нафақагир шуда, дар ягон деҳаи хурди соҳилӣ истироҳат кунӣ. Бо набераҳоят бозӣ карда, дар боғчаат бо гулу дарахтон машғул шавӣ, инчунин нимрӯзӣ ки фаро расид, бихобӣ ва пасон бо дӯстонат нишаста суҳбат кунӣ. Хулласи гап, ҳаёти осудае хоҳӣ гузаронд.
Ин сухани моҳигир ба гуфтугӯи онҳо нуқта гузошт:
– Гапатон дуруст. Вале он ҳаёти осудаи гуфтаи шуморо ман ҳозир, дар ҷавониам дорам. Барои ин чӣ ҳоҷат аст, ки солҳо интизор шавам?