Зинҳор Насрӣ: Дар интернет бояд бо забони худамон фаъол гардем

Зинҳор Насрӣ: Дар интернет бояд бо забони худамон фаъол гардем

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Баробари маъмултару дастрас шудани интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи бехатарӣ ва пайдо кардани маълумоти дуруст пайдо мешавад. Ҳоло дар сегменти тоҷикии Инстаграм ҳазорҳо нафар фаъоланд ва то қадри имкон матлабҳои гуногунжанру гуногунмазмун нашр мекунанд. Дар ин росто, саҳифаҳои омӯзишӣ, ки ҳар кадоме соҳаи алоҳидаро дар бар мегиранд, рӯз ба рӯз зиёд шуда истодаанд. Дар асл, блогҳои омӯзишӣ дар Инстаграми тоҷикӣ ба монанди саҳифаҳое, ки ҳаҷву суруд бахшида шудаанд, обуначии зиёд надоранд, аммо ба рушди ин муҳтаво умед кардан мумкин аст.
Ин навбат бо Зинҳор Насрӣ, ки дар блогаш доир ба “лайфхак”-ҳо, “тренд”-ҳо ва навигариҳои соҳаи IT мегӯяд, ҳамсуҳбат шудем. Асосан, бо номбурда доир ба нақши блоги технологӣ дар фазои Инстаграм, муҳимияти будани саҳифаҳои омӯзишӣ ва сатҳи блогинг дар Тоҷикистон суҳбат кардем.

- Феълан нафароне, ки мехоҳанд дар фазои маҷозӣ маъруф шаванд, саҳифаҳои ҳаҷвию сурудхонӣ ё умуман фароғатӣ таъсис медиҳанд, чаро шумо блоги технологӣ фаъол кардед?

- Ман дар соҳаи IT кор мекунам. Яъне, мо ширкате дорем, ки ба сохтани сомонаҳо ва барномаҳои мобилӣ машғул аст. Сабаби фаъол кардани блоги технологӣ пеш аз ҳама ба самти корамон алоқаманд аст. Аз ҷониби дигар, мақсади блоги мазкур бо забони тоҷикӣ доир ба навигариҳои техникӣ ба мардум маълумоти саривақтӣ ва дуруст додан мебошад. 

- Ба андешаи шумо вуҷуд доштани чунин блог дар сегменти тоҷикии Инстаграм чӣ зарурат дорад?

- Блогҳои омӯзишӣ дар сегменти тоҷикии интернет каманд. Аммо ин дар ҳолест, ки доир ба навгонӣ, бехатарӣ, тарзи дурусти истифода ва ғайраҳо бояд гуфт. Блогҳои омӯзишӣ дар ҳама давлатҳо ҳастанд ва ин пеш аз ҳама барои кумак расонидан ба мардум ва маълумоти муфид додан аст. Ҳамватанони мо дар ширкатҳои бузурги технологӣ фаъолият мекунанд ва рӯз аз рӯз дар соҳаи мазкур ба натиҷаҳои нав мерасанд. Ин маъноеро дорад, ки мо ҳам бояд андак-андак барои ворид кардани маълумот доир ба техникаву технология бо забони тоҷикӣ кӯшиш кунем, зеро ҳар қадаре бо забони мо маълумот бисёр бошад, ҳамон андоза фаҳмиши ҷомеа зиёд мегардад. Яъне, моро мебояд дар ин самт кори аз дастамон омадаро барои маълумотдиҳӣ анҷом диҳем.

- Метавон гуфт, ки блоги шумо хеле зуд маъруф шуд, инро ба чӣ вобаста медонед?

- Фикр мекунам то ҳол блоги ман маъруфу машҳур нест. Аслан, дар кишвари мо саҳифаҳои омӯзишӣ аудиторияи калон надоранд. Ман сабаби дар як сол зиёда аз 10 ҳазор обуначӣ пайдо кардани саҳифаамро пеш аз ҳама бо шарофати дастгирии дӯстони блогерам медонам, ки блогҳои онҳо низ омӯзишӣ буда, дар самтҳои гуногун фаъоланд. Фикр мекунам, барои боз ҳам маъруфтар шудани блог бояд зиёдтар кор кард.

- Чаро аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаҳои омӯзишӣ таваҷҷуҳи кам доранд?

- Сабаби аввал кам будани чунин саҳифаҳост. Яъне, блогҳои омӯзишӣ ҳар қадар зиёд бошанд, ҳамон қадар таваҷҷуҳи мардум зиёд мешавад. Барои мисол, тӯли 2-3 соли охир дар Инстаграм чанд саҳифаи омӯзишӣ танҳо дар самти забони англисӣ фаъол шуд. Албатта, ҳоло саҳифаҳои Саъдӣ Тоирзода ва Беҳрӯз Ҳафизов, ки муаллими забони англисӣ ҳастанд, садҳо ҳазор обуначӣ доранд ва метавон гуфт, ки таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кардаанд. Ҳамчунин, онҳо сабаб шуданд, ки дигар донандагони забони англисӣ блогҳои худро ташкил карда, пеш баранд.

- Мавзӯъҳои наворҳоятонро чӣ гуна интихоб мекунед?

- Рубрикаҳои муайян дорам: “Лайфхак”, “тренд” ва “навигариҳои IT”.  Мавзӯъҳои нав аз ҷустуҷӯву омӯзиш пайдо мешавад ва вобаста ба ҳар рубрика наворҳои алоҳида омода мегардад.

- Аудиторияатон бо матолиби шумо чӣ гуна бархурд мекунад?

- Аудитория ба ман хеле эътимод дорад. Бархурди обуначиҳоям хеле хуб аст. Саволу нофаҳмиҳояшонро мепурсанд, ман то қадри фаҳмишу дониш ёрӣ мерасонам.

- Оё аз блоги техникӣ фоидаи моддӣ ёфтан мумкин аст?

- Аслан, дар дунё блогҳои техникӣ сердаромад ҳастанд, зеро самташон бисёр васеъ аст. Барои мисол, дар муддати як соли фаъолиятам ман аз блогам фоидаи моддӣ ёфтам, аммо барои боз ҳам беҳтар шудан, кӯшиш бояд кард. 

- Хоҳ нохоҳ блоги шумо дар беҳтар шудани сифати Инстаграми тоҷикӣ саҳм мегузарад, барои боз ҳам беҳтар шудани сифат боз чӣ корҳо кардан мумкин аст?

- Пеш аз ҳама бояд забони тоҷикиро дар интернет рушд диҳем. Блогеронро мебояд маҳсули эҷодашонро бо забони тоҷикии содаву фаҳмо таҳия кунанд. Ман ҳамеша пешниҳод мекунам, ки дар чорабиниҳои технологӣ ҳадди ақал бояд як сухангӯи тоҷикзабон бошад. Моро мебояд дар интернет бо забони худамон фаъол гардем ва забони тоҷикиро дар фазои маҷозӣ паҳн кунем. Мутаассифона, мо ҳатто “обуна шудан”-у “ба дӯстонатон равон кунед”-ро, ки ҳамаамон хеле зиёд истифода мебарем, бо забони русӣ мегӯем.

- Шумо охири соли гузашта блогери сол шудед. Сабаб дар холӣ будани майдон аст ё дар ҳақиқат саҳифаатон арзанда мебошад?

- Пеш аз ман блогҳои технологӣ фаъол буданд, аммо фикр мекунам сифати саҳифаи ман беҳтар аст, зеро ман дар мавзӯъ маҳдудият надорам. Ва аз нуқтаи назари худам арзандаи ҷойи якум буд. Дар масъалаи ҷоиза бошад, бояд бигӯям, ки озмуни мазкурро Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон доир намуда буд, ки дар ду бахш гузашт. Якум, овоздиҳии мардум ва дуюм ҳайати ҳакамон. Яъне, ба ҷуз худам, мардум ва ҳакамони озмун ба хулосае омаданд, ки блоги ман сазовори ҷойи якум аст.

- Сатҳи блогингро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?

- На он қадар хуб аст, зеро бархе ба ном блогероне ҳастанд, ки номи худу ин соҳаро паст задаанд. Аслан, блогер нафарест, ки донишу малакаи худро ба аудиторияи худаш тақсим мекунад. Барои ҷамъ кардани обуначӣ набояд ба сатҳи паст рафт, баръакс бояд аудиторияро аз паси худ кашид. Агар ин ҳадафро ҳар блогер дошта бошад, пас блогаш барои мардум фоидаовар хоҳад буд.

- Вобаста ба пешбурди блогатон боз чӣ нақшаҳо доред?

- Нақшаҳо зиёданд, аммо ҳамаи онҳоро дар амал татбиқ кардан хеле душвор аст. Ният дорем курсҳои омӯзишӣ фаъол кунем, то ки мардум барномасозӣ ва блогнависиро омӯзанд ва дар бозори меҳнат серхаридор бошанд.


 

Report Page