Захр Бодо Шири Модар Бар Касе Эссе

Захр Бодо Шири Модар Бар Касе Эссе



👉🏻👉🏻👉🏻 ВСЯ ИНФОРМАЦИЯ ДОСТУПНА ЗДЕСЬ ЖМИТЕ 👈🏻👈🏻👈🏻






























Захр Бодо Шири Модар Бар Касе Эссе

Главная
> Нилуфари СОБИР > Зиёии забонгумкардаи тоҷик кист?
Дуруд хонандаи азиз! Инак шумораи 100-уми ҳафтаномаи дӯстдоштании худ - «Пайкон»- ро дар даст дорӣ. Бихон, мулоҳиза рон, камбудиҳои моро ба рӯи мо бигӯ, то ислоҳ шавем.
Воқеан, 100 шумораи як ҳафтанома баробар ба 100 сол аст, чун вақти қиммати инсонро талаф мекунад, заҳмат медиҳад ва ҳатто ба беморӣ мекашад. Аммо мевааш ширин аст. Агар он пухта бошад ва бе чанг заданҳову санг заданҳохуд ба худ афтад. Меваҳои «Пайкон» ширинанд.
Чун баъди пажӯҳишҳо, гӯш додан ба қалби пурдарди чандин шаҳрванди азиятдида, баррасии баҳсҳо аз ҳамдигар ранг мегиранд ва мунтаҳо рӯи саҳифаҳои ҳафтанома меафтанд.
Нӯшат бод ин меваҳои ширини дарахти пурсамари «Пайкон», хонандаи гиромӣ! Ҳама кӯшиши «Пайкон» ба хотири Туст ва барои Ту. Ғаризаҳои «Пайкон» низ баҳри осоиштагии Туст, ки ҳафта ба ҳафта шумораҳои нав ба нави онро интизорӣ. Меваи сабр ҳам ширин аст. Сабр намо, то аз чошниҳои ширинтар аз пеш бичашӣ!
Бо эҳтиром «Пайкон»-и Ту

Тозатарин


Ғолибияти Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева дар озмун


Аксҳои устоди марҳум…


Як сол бе ӯ…


Китоби «Кӯҳи ғурур»


ЭЪЛОН !!!


Ҷумъа Толиб, марди Худову ҳақиқат буд


ҶУМЪАИ ТОЛИБ РАФТ…


Даргузашти рӯзноманигори шинохта Ҷумъабой Толибов


Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад…”


ПӯКид


100-умин шумораи «Пайкон»


ПӯКид


Ояндаи равшанфикрони миллӣ


Олимов, шестернаро баргардонед!!


Бин Лодан рафт, Лодан бини дигар меояд…




Кӯдаке, ки омодаи таваллуд буд назди Худо рафт ва аз Ӯ пурсид: мегӯянд фардо шумо маро ба Замин мефиристед, аммо ман ба ин кӯчакӣ ва бидуни ҳеҷ кӯмаке чӣ гуна метавонам барои зиндагии он ҷо равам?Худованд посух дод: аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагон, ман якеро барои ту дар назар гирифтаам ӯ аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард.Аммо кӯдак ҳанӯз итминон надошт мехоҳ […]
Беморӣ иллатҳои гуногуне дорад мисли сармо, вирусӣ ва ё зарба, аммо яке аз иллатҳои беморӣ ин ноумедӣ ва доштани ҳолати стресс аст, ки дар ҷомеаи имрӯзӣ низ ба хотири афзоиши мушкилот бемориҳое ношӣ аз ин зиёд шудааст. Барои дармони ин гуна бемориҳо, ки ба хотири ноумедӣ ва стресс аст пизишкон хандаро тавсия менамоянд, зеро ҳамон тавр ки бузургон гуфтаанд: “ […]
Рӯзе аз рӯзҳо гурӯҳе аз қурбоққаҳо тасмим гирифтанд бо ҳам мусобиқаи дав бидиҳанд. Ҳадафи мусобиқа расидан ба нуги як бурҷи хело баланд буд. Мусобиқа шурӯъ шуд. Ҷамъияти зиёде барои дидани мусобиқа ва ташвиқи қурбоққаҳо ҷамъ шуда буданд. Росташ касе дар ҷамъият бовар надошт, ки қурбоққаҳое ки ин қадар хурд ҳастанд битавонанд ба нуги бурҷ бирасанд. Одам метав […]
Ҳатман шунидаед, ки мегӯянд: "Биханд, то дунё ба рӯят бихандад!" Шояд иллати машҳур шудани ин ҷумла ба хотири таъсире аст, ки ханда бар саломатии инсон дорад.Равоншиносон хандаро озодкунандаи фишорҳои рӯҳӣ медонанд. Дар солҳои охир равиши хандадармонӣ дар бисёре аз кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин дармон беморон бояд ним соат дар рӯз бо огоҳӣ […]
Амири мӯъминон Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: “Инсон ҳар нафасе мекашад қадаме ба сӯи марг меравад”. Оре, ҳамаи чиз шумориш дорад ва шумориши ҳаёти мо ин нафасҳои мост. Пас ин моем, ки нафасҳоямонро дар чӣ роҳе истифода мекунем ва аз неъмати ориятии Худо баҳрамандем. Бидонем, ки Худо дар баробари ин ҳама неъматҳои бебаҳо аз мо чи мехоҳад? Лозим донистам ин ҷо н […]
Неизвестная лента Произошла ошибка; возможно, лента недоступна. Повторите попытку позже.
Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯрайҳони Берунӣ Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ, донишманди бузург ва риёзидон, ситорашинос ва таърихнигори садаи чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрии ҷаҳони ислом аст ва баъзе аз пажӯҳандагон ӯро яке аз бузургтарин файласуфони Машриқзамин медонанд. Вилодат Абӯрайҳон дар 14 шаҳривари соли 352 хуршедӣ (баробар бо 6 сентябри соли 973 мелодӣ) да […]




Политика конфиденциальности и использования файлов сookie: Этот сайт использует файлы cookie. Продолжая пользоваться сайтом, вы соглашаетесь с их использованием.
Дополнительную информацию, в том числе об управлении файлами cookie, можно найти здесь:

Политика использования файлов cookie


Оё мешавад, ки аз рӯи қонун дӯст доштану эҳтиром гузоштанро ба касе талқин кард ё муҳаббати касеро дар вуҷудаш бедор на­муд? Ба фикри ман, ҳаргиз не! Дӯст доштан ба қонуну қарор ё умуман дастуре рабт намегирад. Масалан, беш аз 20 сол мешавад, ки қонун ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, аммо то ҳол ёфт мешаванд на­фароне, ки аз забони мо­дарии худ ор мекунанду дар бораи ин забони зебо бидуни меҳру эҳтиром гап мезананд. Мутаассифона, дар ин саф саршиносони миллат низ ҳастанд.
Моҳи сентябри соли гузашта буд. Сомонаи http://www.tajmigrant.com хабаре­ро пахш намуд, ки расонаҳои гурӯҳии ӯзбекистон боз дар бораи таъсири манфии корхонаи арзизи Тоҷикистон ба мавзеъҳои назди сарҳадии кишвари ҳамсоя маводҳои шайъро баррасӣ меку­нанд. Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба асли воқеа гузорише омода кардам, ки аз нигоҳи далелҳои илмӣ чандон мукаммал набуд. Коршиносе ба ман маслиҳат дод, ки перомуни ин мавзӯъ бо Ҷонон Икромӣ, донишманди шинохташудаи тоҷик мусоҳибае анҷом диҳам. Пас аз чанд рӯз рақами телефонии Икромиро пайдо кар­да, ӯро ба дафтари кори нашрияи «Пай­кон» даъват намудам. Рӯзи дигар мо бо донишманди тоҷик вохӯрдем. Ба Икромӣ қаблан саволҳоямро додам, то ки хуб­тар омода шавад, вале ҷаноби Ҷонон ғайриинтизори ман дар посух гуфт: «Медонед, ман забони тоҷикиро хуб на­медонам. Беҳтар мешуд, ки саволҳоятро ба таври хаттӣ ба ман пешниҳод ме­кардиву ман бошам, дар хона рафта ба онҳо бо забони русӣ ҷавоб мена­виштам. Барои ман ин хел осонтар аст. Баъд он ҷавобҳоро худат ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунӣ». Аз шунидани ин суханҳо ҳайратзада шудам. Охир, чӣ гуна мешавад, ки як донишманди тоҷик, бар замми ин, фарзанди Ҷалол Икромӣ, нависандаи тоҷик забони тоҷикиро на­медонистааст?!
Ба Ҷонон Икромӣ гуфтам: «Устод, ҳоло бо мо бо забони адабии тоҷикӣ озод гап мезанед-ку! Ана, ҳамин тариқ фикратонро ҳам озод нависед». Ҷавоб дод: «Озод гап мезанам, аммо дар на­виштан мушкил мекашам. Калимаҳои хоси кимиёвӣ ва физикиро бо забони тоҷикӣ намедонам, бинобар ин бароям мушкил аст». Маълум буд, ки мусоҳиби ман худ ба забони тоҷикӣ майлу рағбати зиёде надорад, вагарна омӯхтани чанд вожаи илмӣ барои як донишманд чан­дон мушкил набуду нест. Пас аз чанд лаҳзае ҷаноби Икромӣ табассум карду ба гапаш идома дод: «Медонед, ман 20 сол дар Маскав таҳсил ва кору фаъолият кардам. Дар ин муддат кӯшиш намудам, ки бештар забони русиро омӯзам». Ба ҷаноби Икромӣ саволҳоямро навишта додам ва ӯ аз дафтари кории нашрия берун рафт.
Акнун бармегардем сари эҳтиром ба забони модарӣ. Расул Ғамзатов, адиби маҳбуби Доғистон дар китоби машҳури худ — «Доғистони ман» менависад, ки за­бони аварӣ, яъне забони модарии адиб, забони камбағал аст. Ҳатто дар замонҳои қадим дар ин забон чанд мафҳумро бо як калима ё калимаҳои ҳаммаъно ифо­да мекардаанд. Минҷумла мафҳумҳои «озодӣ», «ҳаёт», «мардонагӣ», «дӯстӣ», «некӣ» бо як калима ё калимаҳои ҳаммазмун ифода мешудаанд. Бо вуҷуди он ки забони аварӣ ҳаргиз бароба­ри забони форсӣ дар ҷаҳон роиҷ нест, вале Расул Ғамзатов авариро аз дигар забонҳои ҷаҳон афзалтар шуморида, аз ҷумла дар ин маврид гуфтааст: «Биг­зор дигарон забони халқи хурди маро камбағал бигӯянд. Ҳар он чӣ мехоҳам, ба забони худам гуфта метавонам ва барои ифодаи фикру ҳиссиётам ба ман забони дигаре лозим нест». Чӣ қадар ин адиби Доғистонӣ дар бораи забони модарии хеш ошиқона ҳарф мезанад! Аҳсан ба ӯ ва ба падари ин адиб — Ғамзат Садаса, ки худ низ шоир буданду чунин фарзанди барӯмандеро ба камол расонидаанд! Бу­бинед, ки Ғамзатов бо забони камбағали модарияш, яъне забони аварӣ баёни фи­кру андешаашро осону роҳат шуморида­аст, аммо чаро Ҷонон Икромӣ бо забони ғании форсӣ наметавонистааст чанд во­жаи кимиёвӣ ё физикиро аз худ намояду фикрашро ифода созад? Суолест матраҳ барои як донишманди тоҷик!
Аз рӯзи сӯҳбати мо бо Икромӣ чанд моҳ гузашт. Ба наздикӣ иттифоқан бо ӯ дар дафтари кории нашрияи «Миллат» вохӯрдам. Ҷонон Икромӣ мақолаеро ба Толибшоҳи Сайидзода пешниҳод мекар­ду боз ҳам мегуфт, ки мавод бо забони русӣ омода шудааст.
«Хайр, Толибшоҳ худатон ин мақоларо ба тоҷикӣ тарҷума мекунед, майлаш-мӣ?»,- гуфт Икромӣ. Толибшоҳ пешниҳоди донишмандро қабул кард ва ба ӯ хитоб карда гуфт: «Писари Ҷалол Икромӣ бо забони тоҷикӣ навишта наме­тавонад! Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин аст?». Ҷонон Икромӣ ба сӯйи мо нига­риста, боз ҳам табассуми сарде карду афзуд: «Ман тӯли 20 соли хондану кор карданам дар Маскав кӯшиш кардам, ки забони русиро бештар омӯзаму ис­тифода барам. Ҳамин тавр дигар забони тоҷикиро қариб фаромӯш кардам». Шу­нидани ин гапҳо барои мо — се нафаре, ки дар дафтари кории «Миллат» ҳузур доштем, ҳам ҳайратовар ва ҳам нафра­товар буд. Агар ба ҷойи Ҷонон Икромӣ ягон нафари ҳамсоли худам ин гапҳоро мегуфт, шояд ба башарааш пиёлаи оби дар даст доштаамро мепошидам ва ё бо суханҳои сахте ҷавоби сазовораш ме­додам. Аммо калонсол будани Икромӣ маро водор намуд, то ҳурмат нигоҳ до­раму ӯро наранҷонам. Акнун худ қазоват кунед, хонандагони азиз! Чаро 20 соли дурӣ аз Ватан барои Икромӣ сабаби фаромӯш шудани забони тоҷикӣ шуда­аст, вале беш аз 20 соли қабули Қонун дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ҷаноби Икромиро водор накардааст, ки забони модарии худро пурра биёмӯзад? Ба фикри ман, ҷавоб ба ин савол якест: чунки Ҷонон Икромӣ забони тоҷикиро дӯст намедорад! Маҳз дар ҳамин маврид ман заъфи қонунро дар қиболи меҳру муҳаббат дарк кар­дам. Яъне қонун меҳру муҳаббатро дар дилҳо ҷой карда наметавонистааст. Ал­батта, мо низ даъвои кашшофиву олимӣ надорем, аммо бо фахр «ман забони тоҷикиро намедонам» гуфтани як до­нишманди тоҷик ба ӯ зебанда нест.
Икромӣ баҳона пеш меорад, ки дар Русия муддати зиёд зиндагӣ кардааст ва бинобар ин, лафзи модарӣ то андо­зае барояш нофаҳмо шудааст. Аммо дар ин маврид боз ҳам руҷӯъ мекунем ба кору фаъолияти Расул Ғамзатов! Тав­ри маълум, Ғамзатов низ ними умраш­ро дар Русия гузаронидааст. Дар миёни адибони Русия мақому манзалати хосе дошт. Ҳатто пеш аз маргаш зодрӯзи ин адиби тавоноро дар Маскав зиёиёну фарҳангиёни Русия ботантана таҷлил намуданд. Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро Расул Ғамзатов, ки бо забони русӣ шеър менавишту асар эҷод мекард, забони модарии худро заррае ба гӯшаи фаромӯшӣ насупурд? Ё шояд Ҷонон Икромӣ он қадар дилбохтаву сарсупур­даи забони русӣ шудааст, ки дигар забо­ни тоҷикиро аз хотир баровардааст?! Ал­батта, мақсади мо аз навиштани маводи мазкур танқид ё таҳқири ин ё он нафари муайян нест, балки дар симои Икромӣ нишон додани афродест, ки аз фарҳанги миллии худ дур мондаанд ва муҳаббату эҳтироми эшон ба муқаддасоти миллӣ танҳо дар забонашон аст, на дар қалбу амал!
Мунтаҳо, бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои фавқуззикр мешавад, ки ба Кумитаи за­бон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ як пешниҳоди судманде кунем. Яъне бисёр кори хуб мешуд, агар кумитаи мазкур барномаҳои вижаеро ҷиҳати бозомӯзии забони тоҷикӣ барои бархе аз донишмандони забонгумкардаи тоҷик роҳандозӣ мекард. Агар ин пешниҳоди мо аз ҷониби раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ пазируф­та шавад, пас, аввалин шогирди ин бар­номаи бозомӯзии забони тоҷикӣ бешак Ҷонон Икромӣ хоҳад буд!
Нигоштаи Нилуфари Собир «Зиёии забонгумкардаи точик кист?» саропо бемантик, пургараз,фармоиши ва беадабона мебошад. Ин тирмизаки беадаб хостааст номи олими намоёни точик Чонон Икромиро бо он нигоштахои пургарази худ бад намояд. Маколаи мазкур нишони бесаводи, дилсиёхи, беадаби, бефархангию башармии Нилуфари Собир аст.Хайфи ту!
Ман дар ин гузориши Нилуфар ягон гараз ё дилсиёхиро намебинам! Гузориши у мукаммал буда никоб аз руи ба ном зиёиёни бесавод мебошад. Шояд дили худи шумо сиёх аст, ки ин кадар беодобонаву бешармона шарх менависед!
Марям Нозими

Присоединиться к ещё 12 подписчикам

Заҳр бодо шири модар бар касе | ПАЙКОН
Захр бодо шири модар бар касе ,.. | Tajikistan:Политика, История...
ТОҶИКНОМА | zarowadk.ru
Захр бодо шири модар бар касе
Захр бодо шири модар бар касе , Ку забони модари гум кардааст.
Источники Написания Курсовой Работы
Сочинение На Тему Доверие Огэ
В Чем Преимущество Царевны Над Царицей Сочинение
Величина Контрольная Работа
События Которые Нельзя Забывать Сочинение

Report Page