ЗИНДАҶУДО
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Ману Зариф дар як маҳалла калон шудаем. Солҳои зиёд аст, ки бо ҳам аҳди дӯстӣ дорем ва кӯшиш мекунем дар ноҳамвориҳои рӯзгор дар канори якдигар бошем.
Ӯ роҳи ҳунарро пеш гирифт. Мактаби олиро бо ихтисоси ҳунарпешаи театру синамо хатм кард ва инак 15 сол мешавад, ки дар театр фаъолият дорад. Вале то ба ҳол ҳамчун ҳунарманд шинохта нашудааст. Аз ин рӯ, ҳар вақте ки бо ӯ вохӯрам, бо шӯхӣ мегӯям: “Ҳунарманди сермаҳсул бозандаи нақшҳои асосӣ нашудӣ, ки дар театру синамо дида, ифтихор кунам”.
Вале ӯ ҷиддӣ посух медиҳад: “Нақши созгор ба хислатам ҳоло пайдо нашудааст”.
Дар вохӯрии дишаба ки табъаш хира менамуд, шӯхӣ накардам. Бо ҳам хеле суҳбат кардем ва пеш аз хайрухуш дӯстам як билетро ба ман дода, гуфт:
‒ Пагоҳ соати 17:00 дар театр намоиш аст, ман ҳам яке аз нақшҳои асосиро иҷро мекунам. Вақт ёфтӣ ‒ марҳамат.
Рӯйи билет бо ҳарфҳои калон “Зиндаҷудо” навиштаву замону макони намоиш қайд шуда буд. Аммо ба ин кам аҳамият додам, балки зуд киноя задам:
‒ Чӣ хел шуд, ки ба ту нақши асосӣ додаанд, оё ягон ҳунарманде набуд, ки нав ба театр омада бошаду ӯро лоиқ бидонанд?
‒ Ту медонӣ, ки дар аксар ҳолат дар намоишҳо барои як нақш ду ҳунармандро ҷалб мекунанд ва яке асосиву дигаре дуюмдараҷа ҳисобида мешавад. Дар ин намоиш ман ҳунарпешаи асосӣ нестам, вале дирӯз хабар доданд, ки ҳунарманди асосӣ бемор шудааст ва ҳунарпешаи дуюм дар нахустнамоиш ба саҳна мебарояд, ‒ бо ҳамон ҷиддият посух дод Зариф.
Рӯзи дигар ба театр рафтам. Ин рӯзро ман солҳо боз интизор будам, зеро аввалин нақши асосии дӯстам дар намоиши калон аст.
Намоиши “Зиндаҷудо” аз рӯйи асари Комрони Баҳром дар таҳияи Қурбон Исоев оғоз шуд. Як соату 20 дақиқа чӣ хел гузашт нафаҳмидам. Дар толор гоҳ садои гиря баланд мешуд, гоҳ мавҷи қарсак. Сужаи намоиш вазъи бади як оиларо баён мекард, ки бо сабаби тангдастӣ ба мушкилоти зиёд дучор меоянд. Зариф нақши марди хонаро мебозид. Қаҳрамони намоиш хеле зиёд кӯшиш мекунад, аммо дасткӯтоҳиаш сабаб мешавад, ки ҳамсараш фарзандонашро гирифта, аз хона биравад. Дар охири намоиш марди хона, замоне ба тақдир тан медиҳад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ оилаашро сарҷамъ карда наметавонад, дар як гӯшаи ҳавлиаш нишаста, сахт мегиряд. Зариф мегиряд ва мусиқӣ баланд мешавад. Ин лаҳза тамошогарон аз ҷой баланд шуда, бардавом каф мекӯбанд. Қисме аз онҳо ба саҳна баромада бо ҳунармандон, хусусан, қаҳрамони асосӣ акс гирифтанд. Ман ҳам наздик шудам, аммо тамошогарон чунон зиёд буданд, ки бо азоби зиёд ба назди дӯстам расидам. Ин лаҳза чашмам ба чанд кас афтод, ки аз дӯсти ман соядаст мегирифтанд.
Намедонам, то кадом андоза Зариф чунин ҳолатро дидан мехост, вале ин саҳнаро дидан орзуи ман буд. Ман дер боз ин манзараро интизор будам. Аммо ҳис кардам, ки Зариф дар баробари ин қадар истиқболи гарм шод нест. Ҳатто бо қавоқи гирифта ва нигоҳи сар-сарӣ ба тамошогарон муносибат дорад...
Пас аз дур шудани ҳаводорон навбати суҳбат ба ман расиду гуфтам:
‒ Дӯстам, Зариф, акнун қабул дорам ва қоил ҳастам, ки ту ҳунарманди бисёр хуб ҳастӣ. Нақшофарият олӣ. Гиряро бас кун! Аз нақш баро, охир, намоиш тамом шуд! Чаро ба мардум ин қадар хунукназарӣ мекунӣ, табъатро хуш бигир, ту аллакай машҳур ҳастӣ!
Лаҳзае сукут кард. Чун сараш хам буд, оби чашмонаш ба фарш чакид. Мадори гап задан надошт, аммо қувваашро ҷамъ карда гуфт:
‒ Дӯстам, як моҳ пеш, вақте ки соҳиби хона моро аз иҷораамон пеш кард, ҳамсарам кӯдакҳоро гирифта, ба хонаи модараш рафт. Ӯ мегӯяд то шароитро хуб накунӣ, барнамегардам. Ман бошам, дар ин муддати бе хандаву гиряи фарзандонам қароре надорам, аз одаму олам дилгир шудаам. Ту гуфтӣ, ки нақшамро хуб бозидам, аммо ин нақш набуд, порае аз зиндагие буд, ки як моҳи охир аз сар мегузаронам.
Ҳ. Тоҳирӣ