Ёдоварӣ
(таҳияи) Башир Усмон
Ҷавоне дар остонаи рафтан ба маҳбас қарор дошт. Судя ӯро аз кӯдакиаш мешинохт ва бо падараш, ки нависандаи машҳур буд, ошноӣ дошт.
‒ Падаратро дар хотир дорӣ? ‒ пурсид судя.
‒ Бале, ҷаноби судя, ӯро хуб дар хотир дорам.
‒ Худо раҳматаш кунад, марди наҷибе буд. Ҳоло ки дар остонаи маҳкум шудан қарор дорӣ ва падаратро ёд овардӣ, метавонӣ бигӯӣ, ки дар ёдат чӣ гуна мондааст?
Сукуте падид омад. Баъд судя ҷавобе шунид, ки интизораш набуд:
‒ Дар ёд дорам, вақте ки барои маслиҳате ба наздаш рафтам, китоб менавишт. Сарашро аз рӯи китоб боло кард ва ба ман гуфт: “Аз пешам бирав, ки вақт надорам!” Чун барои ошноӣ ба наздаш медаромадам, мегуфт: “Аз наздам дур шав, писарам, бояд ин китобро тамом кунам!” Ҷаноби судя, шояд шумо падари маро ҳамчун нависандаи бузург дар хотир доред, аммо ӯ дар ёди ман ҳамчун як дӯсти гумшуда боқӣ мондааст.
Судя бо эҳсоси надомат худ ба худ гуфт:
“Ҳайф! Навиштани китобро ба итмом расонд, аммо тарбияи фарзандро не”.