Ваксинатсияи сокинони пойтахт оғоз шуд

Ваксинатсияи сокинони пойтахт оғоз шуд


Дар шаҳри Душанбе маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид.

Иқдоми мазкур бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 роҳандозӣ шуда, шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки рӯзи гузашта дар пойтахт ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зарурӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он масъалаи иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазъи имрӯзаи пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе, пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ, махсусан эмгузаронии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон, назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои безараргардонӣ дар пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аввали ҳафта бошад, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Ба иттилои Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19) бошад, аз 21 июн то 24 июн дар Тоҷикистон беш аз 60 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд.


____________

Моро пайгирӣ намоед:

Сомона, Facebook, Instagram, Twitter, Telegram

Report Page