ВИДЕО. Шеърхонии С. Муҳриддин ба муносибати оғози ҶБВ

ВИДЕО. Шеърхонии С. Муҳриддин ба муносибати оғози ҶБВ


Ба муносибати ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмони гитлерӣ ва оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ муроҷиатномаи видеоиро пахш намуданд.

Ба навиштаи Вазорати корҳои хориҷӣ, ин иқдом бо ташаббуси раёсати Беларус дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамчун нишони хотира ва эҳтиром ба ҳама қаҳрамонони маълум ва номаълум – муҳофизони Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯйи даст гирифта шудаасту дар он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ порае аз асареро ба забони давлатӣ қироат карданд.

Навор беш аз 3 дақиқаро фаро гирифта, нахуст вазири корҳои хориҷии Белорусия чанд мисраи шеърии “Защитникам родной земли”(Муҳофизони сарзамини модарӣ)-ро аз Якуб Колас хондааст.

Дар навбати худ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аввалин шеъри дар давраи ҶБВ навиштаи Ҳабиб Юсуфӣ, ки бевосита дар ҷанг иштирок кардааст, – «Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар»-ро қироат мекунад.

Бояд гуфт, ки 80 сол пеш – 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмони гитлерӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид.

НАВОР

____________

Моро пайгирӣ намоед:

Сомона, Facebook, Instagram, Twitter, Telegram

Report Page