Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо саҳмияи СВСҶ ба Токио меравад

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо саҳмияи СВСҶ ба Токио меравад


Илдар Аҳмадиев тавассути саҳмияи универсалии Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи Токиоро пайдо намуд.

Ӯ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук буда, дар дав ба масофаи 100 метр иштирок мекунад. Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон номзадии Илдар Аҳмадиев ва Григорий Дерепаскинро барои ноил шудан аз саҳмияи универсалӣ пешниҳод намуданд ва Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ номзадии Илдарро пазируфт.

“Тибқи муқаррароти Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгаронашон миёни мардон ё занон роҳхати мустақим надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаи варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ё занро пешниҳод намоянд. Дар варзиши сабук аз кишвари мо миёни бонувон Гулсумбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 200 метр роҳхати олимпӣ ба даст овард, вале варзишгаронамон миёни мардон натавонистанд меъёри муайянкардаи олимпиро иҷро намоянд”,-омадааст дар ин бора дар сомонаи “Ховар”.

Бояд гуфт, ки Илдар Аҳмадиев танҳо ҳамин сол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон ширкат карда, натиҷаҳои хуб нишон дод. Ӯ дар Чемпионати кушоди Ӯзбекистон, ки 28-29 майи соли равон, дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар масофаи 100 метр медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Косанов дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баръакс дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали тилло, дар масофаи 100 метр медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамин тариқ, ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд.


____________

Моро пайгирӣ намоед:

Сомона, Facebook, Instagram, Twitter, Telegram

Report Page