Телевизор
(таҳияи) Башир Усмон
Солҳои пеш телевизорҳо на ба мисли ҳозира ҳамвор, сабук ва тунук, балки вазнин ва дар шакли қуттӣ буданд.
Дар хонае телевизор вайрон шуду барои таъмираш усторо даъват карданд. Усто телевизорро кушода, нонрезаҳои бисёреро дида дар тааҷҷуб афтод.
Аҳли хонавода донистанд кори кист, лекин чизе нагуфтанд. Пас аз рафтани усто духтарчаи панҷсолаашонро даъват карда пурсиданд, ки чаро ба дохили телевизор нонреза афкандааст.
Ҷавобаш ҳамаро ба ҳайрат афканд:
‒ Дар телевизор кӯдакони Африкаро нишон дод... Гурусна буданд... Ба онҳо нон равон кардам...