Таъсири як табассум
таҳияи Башир Усмон
Духтарак дар боғча хушҳолона бозӣ дошт, ки диққаташро марде, ки дуртар аз ӯ рӯи харак нишаста буд, ҷалб кард. Мард бо ҳар ду даст сарашро дошта, маҳзунона ба андеша рафта буд. Кӯдак андешид, ки ба марди ғамгин чӣ гуна ёрӣ расонад. Баъд, боло-боло парида, ба назди мард омаду бо табассуми ширине ба рӯи ӯ нигоҳ карда истод.
Мард табассумро дар чеҳраи шоду чун фаришта маъсуми кӯдак дида, ҳис кард, ки андуҳаш каме сабук шуд. Зиндагӣ он қадар вахим набуд, ки мепиндошт, чизҳои зебои зиёде низ вуҷуд доштанд... Баъд, якбора ба хотираш яке аз дӯстони меҳрубону беҳад қадрдонаш расид. Аз ӯ ёрии зиёде дида буд, вале ҳоло фикр дошт, ки дер боз ба дӯсташ миннатдорӣ баён накардааст. Зуд коғазу қалам гирифту ба ӯ номае пур аз меҳр навишт.
Бо хондани нома дӯсташ хушҳол гардид. Пас, маълум мешавад, ки одамон ҳанӯз хидмати якдигарро пос медоранду миннатдорӣ баён карданро фаромӯш накардаанд. Бо ин эҳсоси хуш ба пешхидмати тарабхонае, ки ҳар нисфирӯзӣ хӯрок мехӯрд, ҳамчун хидматона пули кироӣ инъом кард.
Пешхидмат бори аввал буд, ки ин қадар хидматонаи калон мегирифт. Боз дар ҳамон шабу рӯзе, ки ба пул сахт ниёз дошт. Хушҳол шуд. Хушҳолиаш то бегоҳ давом кард. Бегоҳ, ҳангоми аз кор фориғ шудан, чашмаш ба талбандае бархӯрд, ки чанд қадам дуртар аз тарабхона, сари роҳ нишаста буд. Ин марди бенаво ҳар рӯз ҳамин ҷо дар интизори садақа менишаст. Пешхидмат хам шуду бо меҳрубонии хоса ба косаи ӯ пул гузошт.
Талбанда гурусна буд, косааш он қадар пуле надошт, ки шикамашро сер кунад. Вале пешхидмат илтифот кард, бо пули гузоштаи ӯ марди бенаво акнун метавонист дами гарме бихӯрад. Вай ки аз дирӯз боз чизе ба даҳон набурда буд, шод шуд. Шикамашро сер кард ва бо қаноатмандӣ роҳи хонаашро пеш гирифт. Манзили ӯ дар қабати якуми бинои баландошёнаи куҳнасохте воқеъ гашта, як ҳуҷра дошт. Ба ҳар ҳол зимистон аз сардиву тобистон аз гармо ҳифзаш мекард. Марди бенаво онҳоеро, ки аз беманзилӣ шабро дар кӯча рӯз мекарданд, пеши назар оварда, ба ҳоли худу кулбаи худ шукр кард. Баъд, ба чашмаш сагчае афтод, ки зери иморате ларзида меистод. Бе дудилагӣ онро аз замин бардошт, зери палтои гармаш гирифт ва ба хонааш бурд.
Сагча аз хатари сармо наҷот ёфт, шикамаш низ сер шуд. Дар ҳуҷраи гарм ин тарафу он тараф медавиду бозӣ мекард.
Нисфишабӣ сокинони бинои баландошёна кайҳо ба хоб рафта буданд. Бинобар ин, дуди оташеро, ки дар натиҷаи расиши ноқили барқ дар бинои истиқоматии онҳо ба амал омад, касе пай набурд. Оташ оҳиста-оҳиста доман мезад. Вале сагча ҳамин ки бӯи дудро фаҳмид, то тавонист, фарёд зад.
Аз фарёди ҷонварак аввал марди талбанда бедор шуд, баъд сокинони бино. Падару модарон фарзандони худро ба бағалҳояшон пахш карда, ба берун давиданд. Азбаски оташнишониро сари вақт хабардор карданд, оташ тамоми биноро фаро нагирифта, хомӯш гардонида шуд ва садҳо сокини бино наҷот ёфт.
Ва ин ҳама ба шарофати табассуми пур аз меҳру шафқате, ки аз қалби кӯдаки маъсуме маншаъ гирифта буд, иттифоқ афтод...