ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вазорати энергетика ва захираҳои об

24-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Ҷонибек Асрориён, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди Миллӣ ва дар фазои мутантан сурат гирифт.

Дар оғози ҳамоиш Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош намуда, иброз дошт, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Иброз гардид, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати навини тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт гардид, рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчами давлатӣ қабул шуд.

– Дар ин рӯзи фархунда, ман ҳамаи шумоён, аз ҷумла кормандони ҷавонро ба он даъват менамоям, ки бо ҳамдигар иттифоқ ва барои ободии Тоҷикистони азиз, рушди соҳаи энергетика ва захираҳои об саҳмгузор бошем ва насли ояндаро бо эҳтироми ин арзишҳо тарбия намоем, – таъкид кард Манучеҳр Сафарзода.

Дар идомаи ҷамъомад, профессор Ҷонибек Асрориён дар мавзӯи таърихи парчамдории миллати тоҷик баромади пурмӯҳтаво намуда, аз саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдорӣ ва нишонаҳои миллии тоҷикон ёдовар шуданд.

Сипас, як қатор кормандони Вазорат ва ширкатҳои соҳа, аз ҷумла Саидов Сиёвуш – сармутахассиси раёсати электроэнергетикаи Вазорат ва Қурбон Аҳмадзода – сардори маркази матбуоти ҶСК «Барқи Тоҷик», Абдуалим Самизода – намояндаи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баромад намуда, Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ваҳдат, соҳибихтиёрӣ, ифтихори миллӣ ва дастоварди даврони истиқлол мавриди таҳлил ва баҳогузорӣ қарор доданд.

************

Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj

Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj

Report Page