Сирк
аз Дэн Кларк, таҳияи Башир Усмон
Боре, вақте ки ман ҳанӯз наврас будам, ҳамроҳи падарам дар навбати билет барои намоиши сирк меистодем. Байни мову тирезаи хурди хазина танҳо оилае меистод, ки ҳашт кӯдаки на бузургтар аз дувоздаҳсола дошт. Маълум мешуд, ки чандон оилаи доро нестанд. Либосҳои бачаҳояшон, агарчи қимат набуданд, вале тозаву озода буданд. Кӯдакон хеле боодоб менамуданд, онҳо дасти ҳам гирифта, дунафарӣ аз пушти падару модарашон саф ороста буданд. Кӯдакони хурдтари ин оила, аз он ки каме баъд масхарабозон, филу паланг ва барномаҳои дигари ҷолибро тамошо хоҳанд кард, шодӣ доштанд. Фаҳмида мешуд, ки қаблан боре ҳам ба сирк наомадаанд. Пас, ин шом барои онҳо шоми хотирмоне хоҳад шуд.
Бонуи хазинадор пурсид, ки ба онҳо чанд билет лозим аст. Мард бо дилпурӣ ҷавоб дод:
− Хоҳиш мекунам, ба мо ҳашт билети кӯдакона ва ду билет барои калонсолон диҳед.
Бонуи хазинадор нархи билетҳоро гуфт.
Зан дасти шавҳарашро раҳо карда, ғамгинона сар ба зер афканд, лабҳои мард ларзиданд ва ӯ сарашро ба тирезаи хазина наздик бурда, нархи билетҳоро такроран пурсид.
Бонуи хазинадор нархро бори дигар такрор кард.
Пули мард камӣ мекард.
Ҳоло ӯ чӣ гуна ба ҳашт фарзандаш бигӯяд, ки пулаш нарасид, то онҳоро ба намоиши сирк дарорад?
Падарам ки вазъиятро фаҳмид, аз ҷайбаш бистдоллариеро бароварда, ба замин афтонд. (Бояд бигӯям, ки мо низ чандон пулдор набудем). Баъд, пулро аз замин бардошта, ба китфи он мард оҳиста даст расонда, гуфт:
− Мебахшед, ҷаноб, ин аз ҷайби шумо афтид.
Мард мақсади падарамро фаҳмид. Ӯ кумак нахоста буд, вале ёриеро, ки дар вақти барояш ногувор даррасид, қадр кард. Ӯ рост ба чашмони падарам нигарист ва дасташро ба кафи дастони худ гирифта ҳамроҳ бо он бистдолларӣ сахт фишурд ва бо чашмони ашколуд изҳор намуд:
− Ташаккур... ташаккур ба шумо, ҷаноб! Ин, воқеан ҳам, барои ман ва хонаводаам арзиши бузург дорад.
Ману падарам ба хона баргаштем. Он рӯз ба сирк нарафтем, вале бениҳоят хушҳол будам, чун рӯзамон беҳуда нагузашт.