Се баррача
таҳияи Башир Усмон
Замоне дар яке аз гӯшаҳои дурдасти Чин Зенг ном қассобе умр ба сар мебурд. Ӯ ҳар рӯз як гӯсфандро забҳ мекарду талаботи мардуми гирду атрофро бо гӯшт таъмин менамуд. Куштани гӯсфандон, мегуфт ӯ, чандон кори баде нест, зеро яке аз сабабҳои офарида шудани ин ҷонварон таъмини эҳтиёҷи инсон аст. Аз ин сабаб инсонҳо гӯсфандонро парвариш мекунанд. Бо вуҷуди ин, куштани гӯсфанд, ки рӯҳу ҷон дорад, барои Зенг гаронӣ мекард ва ӯ ҳар сари чанд вақт дар фикри иваз кардани кораш мешуд.
– Бояд қассобиро бас кунам. Дунё пур аз кор аст, наход ман як умр қассобӣ карда гардам? Ҳар рӯз хуни як ҷонварро рехтанам то кай? Агар дар як моҳ 30 гӯсфандро забҳ кунам, шуморашон соле ба 365 адад мерасад... – мегуфт худ ба худ Зенг.
Аз тарафи дигар, қассобӣ роҳи осони таъмини зиндагии хонаводааш ба ҳисоб мерафт. Биноан, вақте ки мушкилиҳои рӯзгор пеш меомаданд, фикри иваз кардани кораш фаромӯш мешуд. Ё худашро дилбардорӣ мекард, ки аз куштани гӯсфандон на танҳо виҷдони ӯ бояд нороҳат шавад, балки онҳоеро, ки гӯшти гӯсфандро аз ӯ харида, мазза карда мехӯранд, низ бояд виҷдонашон ором нагузорад. Ё ин ки «Магар гӯсфандонро барои хӯрдан парвариш намекунем?» гуфта худро тасаллӣ медод.
Ин фикрҳо ҳамарӯза майнаи ӯро машғул медошт.
Зенг солиёни дароз одате дошт, ки ҳеҷ онро тарк намекард. Ҳар пагоҳӣ ҳамин ки аз маъбади воқеъ дар наздикии хонааш садои зангӯларо мешунид, аз ҷой мехесту ба забҳ кардани гӯсфанд шурӯъ менамуд. То овози зангӯлаи маъбадро нашунавад, гӯсфандро забҳ намекард. Лекин як саҳарӣ аз хоб дертар бедор шуд. Он рӯз садои зангӯлаи маъбад ҳам набаромад. Қассоб ба оғилхона рафт. Гӯсфандеро, ки бояд забҳ кунад, ҳар сол як ё ду бача ба дунё меовард, аммо он рӯз якбора се баррача таваллуд карда буд. Баррачаҳо хеле зебову дилкаш буданд. Онҳо шир мехӯрданд. Қассоб модари ин баррачаҳоро забҳ карданӣ буд, вале аҷиб ин ки зангӯлаи маъбад садо намедод.
Инро як ҳолати ғайриодӣ қабул кард ва ба маъбад равон шуд, то аз роҳиб сабабашро пурсон шавад. Роҳиб дар ҷавоби саволи Зенг хоберо, ки дишаб дида буд, нақл кард:
– Ба хобам се кӯдак аз ман илтиҷо карданд, ки модарашонро аз марг халос кунам. Пурсидам, ки чӣ гуна метавонам ҳаёти модаратонро наҷот диҳам? Гуфтанд, ки ин кор хеле осон аст, танҳо ин пагоҳӣ зангӯлаи маъбадро назанам кофист. Чунон таҳти таъсири ин хоб мондам, ки саҳар аз баҳри задани зангӯла гузаштам.
Пас аз шунидани нақли роҳиб суръати тапидани дили қассоб афзуд. Гӯё тӯфоне буд, ки туғён мекард дар дилаш. Се кӯдак ва се баррача. Донист, ки баррачаҳо ва хоби дидаи роҳиб ба якдигар алоқаманданд. Зенг вақте ки аз назди роҳиб баромад, дар роҳ кордашро ба дарё партофт ва ба худ қавл дод, ки дигар қассобӣ намекунад.