Шитоби духтарак. Башир Усмон

Шитоби духтарак. Башир Усмон


Имсол дар моҳи апрел ҳаво чанд рӯз гарм буд. Пасон рӯзҳои боронӣ оғоз ёфт. Якбора тағйир ёфтани ҳаво ба саломатии одамон беасар намонд. Бисёриҳо зуком шуданд. Ман ҳам аз дасти зуком ранҷ мекашидам.

Як бегоҳ барои дору харидан дорухона омадам. Одами зиёде навбат мепоид. Берун аз дар ман ҳам навбати худро интизор будам. Ин дам духтараки тахминан нуҳ ё даҳсолае шитобон ба дари дорухона омад. Пеши дар нохост мадори пояш суст шуд, магар ки афтоду зонуяш харош хӯрд. Аз шиддати дард абрӯвонаш ба ҳам ҷафс шуда, дар пешониаш чин падид омад. Ӯ чашмонашро чанд сония пӯшиду сипас башаст вориди дорухона шуд.

- Ҳа, духтари акаи Носир, чи гап? – ҳаяҷону шитоби ӯро дида пурсид доруфурӯш.

- Доруи очаам тамом шудаст, акаи Давлат...

- Соати чанд бояд дору хӯрад?

- Соати 6.

Доруфурӯш ба соати бари девор нигоҳ афканд: 17:54. Чанд муштарии дигар ҳам ба соатҳои телефонашон назар карданд. Доруфурӯш ҷониби муштариёни интизори навбат нигарист. Гуё бо нигоҳаш мегуфт розӣ мешавед, ки аввал доруи кӯдакро диҳам. Онҳо ҳам фаҳмидагӣ барин бо ишораи сар розигӣ доданд.

Зуд доруеро ба халтача гузошта ба дасти духтар дод ва гуфт:

- Мана, хоҳарҷон, Худо шифо диҳад...

Сипас ба дафтаре, ки рӯи пештахта меистод чизеро қайд кард...

Духтарак ба доруфурӯш, ки ба вай доруро насия дода буд, миннатдорӣ карда, ҳамчуноне, ки бошитоб омада буд, аз дорухона берун шуд.

- Ин духтарча, чунон башаст омад, ки аз саросемагӣ назди дар афтида бошад ҳам, маътал нашуд, – гуфтам ман ба доруфурӯш вақте ки навбатам расид.

- Ҳа-аа, – мад кашид ӯ ва афзуд: - Модараш бемори қанд аст. Якуним ё ду моҳ пеш падараш Русия мардикорӣ рафт. Ҳамин як фарзанд доранд. Ин духтаракро ҳам бо даводави зиёд нигоҳ дошта тавонистанд. Чанд фарзанди аввалаашон фавтидааст. Ҳеҷ ёдам намеравад, ки барои табобати ин духтарча падару модараш пул наёфтанд. Модар ангуштаринҳояшро фурӯхт ва барои раҳонидани ҷони духтарчааш доруву дармон харид. Кори Худоро бин, имрӯз ин духтарча барои модар дору мебарад.

Доруҳоямро гирифта ман аз он ҷо берун омадам. Дар гӯшам ҳарфҳои доруфурӯш такрор меёфту пеши назарам гиреҳи аз шиддати дард пайдошуда дар пешонаи духтарча намоён буд...

Report Page