Шир

Шир

таҳияи Башир Усмон
www.yahoo.com

“Худованд дуои касро мешунавад, ба он ҷавоб мегардонад ва бо инсонҳо гуфтугӯ мекунад”. Дер боз дар бораи ин сухани падар фикр дошт. Имшаб низ дар суҳбати падару писар ҳамон сухан такрор ёфт. Ҷавон ин бегоҳ пас аз анҷоми кор ба аҳволпурсии падар омада буд. Ҳамроҳ хӯроки шом хӯрданд, аз ину он суҳбат карданд... Акнун ба манзили зисти худ – ба канори дигари шаҳр равон аст. Аммо аз чӣ бошад ҳамон ҷумла ҳоло ҳам фикрашро банд кардааст.

Ӯ парешону хаёлӣ ба мошинаш савор шуд. Пеш аз мошинро ба ҳаракат даровардан, ба хунукии ҳаво нигоҳ накарда, боз чанде фикр кард. “Охир, чӣ хел?” − савол дод худ ба худ. Заррае ҳам шубҳа надошт, ки Офаридгор қодир аст, ки ҳама чиро бубинад ва шунавад. Вале ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки чӣ гуна Худованд ба дуои одамон ҷавоб мегардонад.

Ба худ гуфт: вақту соаташ ки расид, ба ин савол ҷавоб пайдо хоҳад шуд. Лекин овозе гӯё аз дарунаш мегуфт: “Чаро барои донистани ҷавоби ин савол дуо намекунӣ?” Воқеан, аз дастам ба ҷуз дуо кардан дигар чӣ меояд? − андешид ӯ. Сипас, бо овози баланд дуо кард: “Худовандо! Медонам, ки Ту аз дилу нияти бандагонат бохабар ҳастӣ. Ин хоҳиши маро ҳам, албатта, мешунавӣ. Мехоҳам ба ман омӯзонӣ, ки дуоро чӣ гуна қабул мекунӣ ва ба он чӣ сон ҷавоб мегардонӣ”.

Дар ҳоле ки рӯҳан оромиш ёфта буд, мошинро ба ҳаракат дароварда, ҷониби манзилаш равон шуд. Ба роҳи калон баромада буд, ки ҳисси аҷибе ӯро фаро гирифт. Ин эҳсос ӯро водор мекард, ки мошинро нигоҳ дошта, ба мағоза даромада, шир бихарад. Аввал аҳамият надод, лек он ҳис дубора қувват гирифт.

Инро як ишорат ва паёме қабул карда, гуфт: “Парвардигорам, ҳоло меравам ва шир мехарам”.

Ин чандон санҷиши бузурге ҳам набуд, ки ба ҷо оварданаш душвор бошад. Ҳамон тавр ҳам кард. Аз мағоза шир харид, баъд боз роҳашро давом дод. Дар роҳи калон мошин меронд. Дар ними роҳ боз ҳамон ҳис туғён карду ӯро ба гаштан ба кӯчае, ки аз тарафи рост мебаромад, водор намуд. Аҳамият надода, он кӯчаро гузашт, вале “майлаш ба он кӯча медароям”, − гуфту пас гашт ва ба кӯча ворид шуд. Чун каме рафт, шакли биноҳо иваз шудан гирифтанд. Ба ҷои биноҳои дуошёна хонаҳои пастаки назарногир пайдо шуданд. Пас аз он ки чанде аз он хонаҳоро гузашт, ҳамон ҳис ӯро ба истодан водошт. Мошинро ба канор гирифту хомӯш кард. Ба атроф нигарист. Комилан дар як маҳаллаи фақирнишин қарор дошт.

Чароғи аксари хонаҳо хомӯш буд. Соҳибонашон шояд субҳи барвақт ба кор мераванд... Инро фикр дошт, ки ҳамон овоз аз дохилаш ба ӯ амр кард: “Бирав, ширро ба одамоне, ки дар охири кӯча, ҳо дар он манзили рангаш сабз зиндагӣ мекунанд, бидеҳ.”

Ба он хона нигарист, ки мисли дигар хонаҳо торик буд. “Ин, ба назарам, бемаъност... Ба хонаи торик, хонае, ки сокинонаш хобанд, чӣ хел рафта гӯям, ки “ин ширро гиред”?” Аммо боз таъкид шуд, ки раваду ширро диҳад.

Хеле тараддуд кард. Сипас, дуояш ба хотираш расиду андешид, ки шояд ин ишорат ва натиҷаи он аст. Ниҳоят аз мошин берун шуд ва “Бигзор маро сарзадаву аҳмақ гумон кунанд. Агар ин фармон аз тарафи Парвардигор омада бошад, омодаам онро иҷро кунам.” − гуфт бо қатъият ва ба назди он хона рафта, занги дарро пахш кард. Аз дохил садои шарфаи пой ва ҳаракат меомад.

“Кистӣ ва чӣ мехоҳӣ?” − пурсид овози мардонае аз дохил. Гуфтори фарқнок дошт, вале суханашро фаҳмидан мумкин буд. Мехост гурезад, то касе ин ҳолати парешонашро набинад, вале дар кушода шуд. Марди хориҷие дарро во кард. Дар чеҳраи мард ғаму андуҳ соя ниҳода, навмеду бечора ба назар мерасид ва аз дидани ношиносе дар пушти дараш чандон хушнуд набуд.

− Марҳамат, − гуфт ҷавон шишаи ширро ба соҳибхона дароз карда истода ва афзуд: − Инро барои шумо овардам, шояд лозим бошад...

Мард ширро гирифту бошитоб хона даромад. Сипас, аз ҳуҷрае дар охири даҳлез зане башаст ба ошхона ворид шуд. Он мард акнун кӯдаки навзодеро дар бағал гирифта буд ва ба зан, ки эҳтимол ҳамсараш буд, менигарист. Навзод мегирист.

Дар чашмони мард ашк пайдо шуд. Ӯ бо овози олуда бо гиря ба ҷавоне, ки барояшон шир овард, чунин гуфт:

− Ба шаҳр омаданамро ду моҳ мешавад, лекин то ҳол кор пайдо накардам. То имрӯз бо кумаки ёру дӯстон як илоҷ кардем... лекин имрӯз пуламон намонд, то шир бихарем. Худоро пайваста дуо кардам, ки ба мо шир бифиристад...

Аз ошхона овози зан ба гӯш расид. Аммо ҷавон нафаҳмид чӣ мегӯяд, зеро зан бо дигар забон ҳарф мезад. Шавҳараш сухани ӯро тарҷума кард:

− Мегӯяд: “Аз Худованд илтиҷо кардам, ки ба мо ба воситаи яке аз фариштаҳояш шир фиристад. Ё ту фариштаӣ магар?”

Ҷавон ҳамаи маблағе, ки дар ҳамёнаш дошт, бароварда маҷбурӣ ба дасти мард дод... ва гуфт, ки аз ин пас ҳамеша барои оилаи ӯ дуо мекунад, боз гуфт, ки барои кори муносибе пайдо карданаш ёрӣ мерасонад.

Дар ҳоле ки ҷавонро гиря гулӯгир карда буд, ӯ баргашту ба мошинаш савор шуд. Чашмонаш пуроб шуданд, қатраҳои ашк аз рухсорааш поён мерехт... Ва акнун ӯ фаҳмид, ки чӣ гуна Офаридгор бандагонашро мешунавад ва ба дуои онҳо ҷавоб мегардонад.

Байт:

Ҳофиз, вазифаи ту дуо гуфтан асту бас,

Дар банди он мабош, ки нашнид ё шунид.

Report Page