Шабонарӯзи гузашта ду ноболиғ дар об ғарқ ва ба ҳалокат расиданд. Ҷустуҷӯи ҷасади онҳо идома дорад

Шабонарӯзи гузашта ду ноболиғ дар об ғарқ ва ба ҳалокат расиданд. Ҷустуҷӯи ҷасади онҳо идома дорад

@AkhboriTojikiston

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо аз сокинон хостааст дар рӯзҳои боронӣ аз анҷоми корҳои саҳро, ғунучини доруворӣ дар доманакӯҳҳо, чорвочаронӣ ва моҳидорӣ дар соҳили обҳо худдорӣ кунанд. Мутассифона, на ҳамеша ба тавсияро таваҷҷуҳ мекунанд. Чунончӣ, бар асари ҳамин гуна бепарвоӣ шабонарӯзи гузашта ду ҳодиса ба марги ду наврас анҷом ёфт.

6 майи соли 2024 тахминан соати 17:10 як сокини 9-солаи деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ҳангоми чорвочаронӣ ба дарёи Элок сарозер шуд ва ғарқ гардид.

Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.

Ҳодисаи дуюм дар ҷануби кишвар рух дод. Як духтари 16-сола, сокини деҳаи Қизилюлдузи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ дар рӯди Шӯр ғарқ гардид. Дар айни замон наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро меҷӯянд.

Кумита бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад, ки то 11 майи соли 2020 аз роҳандозии ҳар гуна корҳои саҳроӣ, чорвочаронӣ дар чарогоҳҳо, моҳидорӣ, ҷамъоварии ҳезум ва ғайра худдорӣ кунанд.

Бахусус, бачаҳои ноболиғро беназорат нагузаронанд, онҳоро саргарми ҳар гуна корҳои упрхатар дар ҳавои номусоид накунанд.


Манбаъ: КҲФ Тоҷикистон

Report Page