САЁҲАТ БА ОЛАМИ ХУСРАВ

САЁҲАТ БА ОЛАМИ ХУСРАВ

https://t.me/tjmetodist
Xusravi Saʼdullo

БОЯД ДИЛЕ БА ЗИКРУ ДАСТЕ БА КОР БОШАД...

Аввалин маротиба номи Хусравро аз шодравон Абдуқаҳҳори Муҳаммадали миёнаҳои солҳои 90-ум шунидам, ки “Навраси соҳибистеъдодест” гуфта буд... Шиносои соли 2005 сурат гирифт, Хусрав он замон дар рӯзномаи “Бохтар” фаъолият дошт, Пас аз ду-се соли вохӯриҳо, озмуданҳо, сӯҳбатҳои адаби-илми, мутолиаи навиштаҳояш дар рӯзномаҳо бовари ҳосил намудам, ки ӯ дар зиндаги аз рӯи шиори “Авесто” амал намуда, дар омӯзиши илм ҳадиси “Зи гаҳвора то гӯр дониш бичӯй”-ро сармашқи кор қарор додааст. Ба ивази чустучӯҳо, шабзиндадориҳою матиниродаги ба худ пайроҳаи адаби илми кушода, ба роҳ баромад ва ҳоло дар шоҳроҳи илму адабиёт қарор дошта, ба “Қуллаи мақсуд” ҳаракат дорад. Навиштаҳои ҳар як эчодкор, шоир баёнгари умеду орзуҳо, ормонҳо, афкор, нақшаҳои ӯст. Ба ҷузвдоне, ки нигоштаҳои Хусрав аз соли 2005 то ҳоло дар матбуот нашр шудааст (онҳое, ки ба банда дастрас гашт), бо ҳавас менигарам. Ҳам дар мақолаҳои адабию илми, ҳам дар мусоҳибаҳою назми Хусрав эҳтирому ифтихор ба ниёгони бузургу осори онҳо, самимият, хештаншиноси, бикргӯи, хоксори дида мешавад.

              

АФКОРИ ХУСРАВӢ

Дар мақолаи “Аҷал парвои пайғамбар надорад” (15.05.2005) аз рӯзноманигор, шоир Абдуқаҳҳори Муҳаммадали (1964-1998) бо самимият ёд мекунад, зеро ҳамчун шоири касби аввалин шахсест, ки маслиҳатҳо дода буд...

Дар бораи Фарзонаи Хӯчанди мақолаи олӣ бо унвони “Пайванди орифона” бо меҳр навиштааст (28.02.2007)

Дар мақолаи “Забондони – чаҳондони”, ки бахшида  ба 21 феврал – Рӯзи забонҳои дунё чоп шуда буд (21.02.2009), дар бораи забонҳо, оилаҳои забон, аз чумла забони точики маълумоти чолиб оварда шудааст.

“Ошиқи дар худ таваллуд гаштан аст” – номи мақолаи таҳлили ва баёни фикрҳои Хусрав дар бораи китоби “Муждаи эҳё”- и устод Абдулло Раҳмон буда, китобро “Паёме аз худшиносиҳои мардуми мо” меҳисобад. (15.04.2009)

Дар мақолаи “Пиллаи чилсолаи дард” Хусрав ба ашъори Ҷаъфар Муҳаммад нигоҳи шоирона намуда, баҳои арзанда додааст. (30.05.2009)

Дар мақолаи тадқиқотии “Бухорои шариф” – роҳкушои матбуоти милли – дар бораи нашри аввалин рӯзномаи точики “Бухорои шариф” ки 11 марти соли 1912 чоп шудааст, маълумоти муфассали пурарзиши таърихи оварда шудааст. (16.03.2011)

Мақолаҳои “Фоидаҳои китоб” (01.06.2011) ва “Фарҳанги мутолиа” (16.03.2017) доир ба аҳамияти китобу китобхони хеле чаззоб иншо шудааст. Дар мусоҳибааш бо С.Муҳаммадчон гуфта буд (16.07.2014): “Хуб мешавад, ки дар рӯзҳои мавлуд ва монанди он ба чои ҳар гуна тӯҳфаҳои қиматбаҳо китоб бурдан ба анъана табдил ёбад”. Хусрав афкорашро дар бораи китоб – хазинаи хираду хибрат хеле оли дар шеъри “Китоб” (2018) чамъбаст намуд:

Ин туи, ки менамои роҳ сӯи офтоб,

То шавад дил шаҳрванди шаҳри нури беҳисоб.

... Ту маро бо ман шиносондиву аз ҳақ дам зади,

Аз ту миннатдор бошам дар ду олам, эй китоб

Мақолаҳои “Рози най” (15.08.2009) ва “Шарҳи як ҳикоят” (сентябр, октябр - 2013) дар бораи Мавлоно Чалолиддини Руми ва “ Маснавии маънави”- и ӯ маълумот дода, ҳусни таваччӯҳи Хусравро ба ин мавзӯи муҳиму табаррук ҳис менамоед. Маҳз ҳамин мавзӯъ минбаъд мавзуи  кори илмии Хусрави Саъдулло қарор гирифт.

Ба афкори шоири чавон дар бораи шеър, шоир, адабиёт, ки дар солҳои гуногун дар мақолаҳою мусоҳибаҳо, ашъораш овардааст, назар менамоем: “Шеър пайванди рӯҳии инсонҳост”, “Шеър – василаи баёни ормонҳо”, “Шеър – воситаи худшиносии инсон”,     “Шеър – лаззати рӯҳони”, “Шеър – дард аст”...

“Шоир – халлочи маъноҳои дастнорас”, “Шоир вазифадор аст, то ҳар айбу нуқсон ва камбудиеро,  ки дар чомеа мебинад, онро ба чашми дигарон ошкор намояд”, “Илҳом – тӯҳфаи осмонист”,... “Адабиёт на дар баробари замон, балки бояд як андоза пеш аз он қадам занад. Адабиёт ҳамеша дар ҳаракат аст”.

Фикрҳои болоро дар манзумаи “Шеър алайҳиссалом” чамъбаст намудааст, шеъри зикршуда ҳамчун шиносномаи шеъру шоирист...

Шеър бояд гуфт, аммо на барои ному шӯҳрат на барои молу сарват.

Шеърро бояд ба ибрози муҳаббат бо ҳавас эчод кард...

Шоир он кас, ки шавад доҳии халқ

Шоир он ки пок дорад, дафтару дил

Чашму дастон, меъдаву афкору ҳалқ...

АШЪОРИ ХУСРАВОНА

Хусрави Саъдулло шахси хоскор аст, бо чунин ашъору истеъдод... “Ман даъвии шоири надорам” ё дар ҷои дигар “Ман на шоир...” мегӯяд. Ба чанд абёташ назар меафканем. Шоир бояд часур бошад, дили далер дошта бошад, бо тамкин шеър гӯяд:

Сухан зи шоирон диле далер мехоҳад,

Ба тарс на, ки бо виқор шеър бояд гуфт..

Шоир бояд бори мардумро барад, ҳарчанд мушкил аст, зеро оқилон- шамъи худсӯзу, ғофилон – дар паи молу дунё...

Хештан омода кун, то бори мардум ҳам бари,

Гарчи мушкил ҳаст бори халқро бардоштан.

Оқилон чун шамъ худро харчи торики кунанд,

Ғофилон овораи молу заре анбоштан.

То халоиқ дарк созад маънии одамгари,

Парчами фарҳангро бояд баланд афроштан.

Баъзан кори мо аз ғофилону нокасон вобастаги дорад, шоир ба Яздони пок муночот менамояд: 

Кирдигоро, роҳи моро баста медори, чаро?

Кори мо бо нокасон вобаста медори, чаро?

Бо вучуди он ки чонам мешитобад сӯи васл,

Дар миёни дарду ғам пайваста медори, чаро?

Муҳаббатро ба алифбои ниёгон иброз менамояд:

Эй алифбои ниёгон,

Ман туро бисёр пазмонам,

Дӯст медорам туро

Чунки осори ниёгонро биёварди ба дӯш...

Бо назм хиёнатро шарҳ медиҳад:

Хоини миллат набинад рӯзи нек

Хоини меҳан бимонад.

Баъди мурдан ҳам сияҳному палид...

Дар дигар шеър навиштааст:

Сабр кун дар назди қисмат

Сабр кун.

Мешавад рӯзе, ки кулли орзу бар медиҳад...

Бовари дорад, ки: “Оянда зебо мешавад, ... Табъи дили мо мешавад...”

Хусрав бо мардум аст, дар моҳи аввали  бемории коронавирус, ки ба Ўзбекистон ҳам омаду аз 16.03.2020 карантин чори гашт, шеъри пуртаъсири “Амон деҳ аз вабоҳо халқи халқи моро” навишт: 

Илоҳо, илтичо дорам ба сӯям,

Дуои бандагон дар роҳ нагзор.

Гунаҳкорем, чурми мо фузун аст,

Вале ту афв кун бо лутфи бисёр.

Амон деҳ аз вабоҳо халқи моро...

Аз таъриху сарнавишти талху пурифтихори халқомон огоҳ аст, бинобарин дилпурона менависед:

Решаи ачдод чун мустаҳкам аст,

Раҳ намеёбад табар бар хуни мо!

Ба Хусрави Саъдуллоҳ дар пешгуфтори аввалин китобаш “Навои Хусравӣ” (соли 2000), Салом Нуриёни Баравни, дар китоби дуюмаш “Лифофаи набзҳо” (соли 2005). Доро Наҷот инчунин устод Равшани Эҳсон (1945- 2007) профессор Аҳмад Абдуллоев, шоир Фозил Шукурзода ва дигарон баҳои арзанда додаанд. Дар китоби “Форсисароёни Ўзбекистон” , ки дар Ҷумҳурии Эрон чоп шудааст. (соли 2010), ба ашъори Хусрав баҳои муносиб дода шудааст. Равоншод Устод Абдулло Раҳмон (1954-2020) ба ӯ баҳои баланд медоданд...

Ин буд саёҳати мухтасари адаби ба олами Хусрав, афкори Хусрави, ашъори Хусравона. Хусрави Саъдуллоҳро бо ҷашни бузурги Наврӯзи оламафрӯзу зодрӯз самимона аз номи дӯстону мухлисон... муборакбод намуда, саломати, сарбаланди, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, аз ӯ ашъори “Тоза ба тоза нав ба нав” нигаронем.

Навиштаҳоро бо тарзи Хусравона ҷамъбаст менамоем:

Бояд ҳамеша дар дил фасли баҳор бошад,

Бояд, ки ихтиёраш дар дасти ёр бошад.

То ганҷи ҳарду олам ин дам ба даст ояд,

Бояд диле ба зикру дасте ба кор бошад.

Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА                              

Report Page