Рӯҳ
аз "Рег ва кафк"-и Ҷуброн Халил
...Ва Худо бахше аз рӯҳи худ ҷудо кард ва онро зебо намуд.
Ӯ онро ҳамчун боди сабо нозук, ҳамчун гулҳои саҳро атрогин, ҳамчун нури маҳтоб махмалин сохт.
Ва ба он ҷоми тараб ҳадя намуда гуфт: “Бинӯш аз ин, танҳо гузаштаро ба фаромӯшӣ гузор”. Сипас ҷоми ғусса ҳадя намуда гуфт: “Бинӯш аз ин, то ба маънои хурсандии ҳаёт бирасӣ”.
Ва онро муҳаббати маҳвпазир аз нахустин нафаси қаноат ва ҳаловати заволпазир аз нахустин гуфтор бахшид.
Ва онро маърифати осмонӣ талқин кард, то ба роҳи адолат ҳидоят кунад.
Ва дар жарфои он хиради донандаи розҳоро гузошт.
Ва дар он эҳсосе халқ кард, ки дар рӯъёҳо зуҳур меёбад ва ашбоҳро ҳамроҳӣ менамояд.
Ва либоси эҳтирос пӯшонид, ки фариштагон аз мавҷҳои рангинкамон бофтаанд.
Ва дар он торикии шубҳа ‒ шабаҳи равшаноӣ ниҳод.
Ва оташ аз кӯраи хашм ва бод аз биёбони нодонӣ ва резарег аз соҳили баҳри худбинӣ ва хок аз доманаи абадият гирифт.
Ва ба он неруи бехиради назди ҷаҳолат исёнгар ва назди шаҳват фармонбар дод ва андарунаш ҳаёт ‒ шабаҳи марг гузошт.
Ва... инсонро бо рӯҳаш пайваст.