РОҲИ САФЕД БА ОЛАМИ ЭҶОД!

РОҲИ САФЕД БА ОЛАМИ ЭҶОД!

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

Илҳом Хидиров муаллими эҷодкор буда, солиёни зиёдест дар матбуоти даврӣ бо мақола ва ҳикояю очеркҳояш фаъолона иштирок мекунад. Мазмун ва мундариҷаи навиштаҳои ӯ асосан васфи кишвар, ишқу муҳаббати поки инсонӣ, дӯстиву рафоқат ва зиндагии осудаҳолонаи мардумро дар бар мегирад. Шоири забардасти рус Толстой гуфтааст: “Шахси хабарнавис бо ташаккули фаъолияти худ метавонад асарҳои бадеӣ нависад”. Ин аст, ки Илҳом Хидиров ҳам ният кард, ки он чакидаҳои қаламашро ҷамъ оварда, ҳамчун китоби алоҳида чоп кунад. Инак, орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид. Дар нашриёти “Маҳорат” китоби Илҳом Хидиров бо унвони “Ҳадяи тақдир” омодаи чоп гардид.

Муаллиф дар ин котиб чанд ҳикояю очерк ва ҳаҷвияҳои худро ҷой додааст, ки аксари онҳо хонаданибоб буда, рафти воқеъаҳо хеле таъсирбахш тасвир шудааст, хонанда метавонад хулосаи зарурӣ барорад, ғизои маънавӣ гирад. Аз ҷумла ҳикояи дар мавзӯи ҷанг навиштаи ӯ, ки “Даст дар домони ҳаёт” ном дорад тақдири пурфоҷиаи қаҳрамони асар Гулмоҳро, ки шавҳараш дар ҷанг ҳалок мешаваду бо чор нафар тифлакони худ танҳо мемонад, хеле таъсирнок ба қалам додааст, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Дар ҳикояи “Сиришки тақдир” дар симои табиби деҳот Хушдил Оқилзода шахси ғамхӯри халқ ва барои бартараф кардани бемории вабо – коронавирус чӣ азобҳои рӯҳиро аз сар гузаронидани табиби деҳот Хушдил Оқилзодаро устокорона ба қалам дода, дар ҳикояи “Ҳадяи тақдир” бошад, ишқи Дилшод бо духтараки ношинос бо маҳорати баланди эҷодкорӣ тасвир шудааст.

Илҳом Хидиров дар ҳаҷвнависӣ низ қувваозмоӣ мекунад. Ин аст, ки муаллиф дар ҳаҷвияҳояш шахсони бадрафтор, беоқибат ва бевиҷдонро ба зери тозиёнаи танқид мегирад.

Китоби “Ҳадяи тақдир” аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, барои хонандагони синну соли гуногун пешниҳод шудааст. 

Мо ба муаллифи китоб парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорем.


ҲАМЗА ҶӮРА,

узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

Report Page