РӮЗГОР ВА ОСОРИ ЮНУСИ ИМОМНАЗАР

РӮЗГОР ВА ОСОРИ ЮНУСИ ИМОМНАЗАР

https://t.me/DURDONAI_SHARQ
Юнуси Имомназар


Юнуси Имомназар (Нурназаров) 1-уми декабри соли 1964 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато, ки он вақт мутааллиқ ба вилояти Самарқанд буд (ҳоло Навоӣ), дар оилаи зиёӣ (духтур) зода шудааст.

Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро аз соли 1972 то соли 1982 дар мактаби миёнаи шумораи 43-и зодгоҳаш фаро гирифта, пас аз хатми мактаб ба шуъбаи форсии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Дар соли дуюми донишҷӯйӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шуравии собиқ даъват ва хидмати сарбозиро то соли 1986 дар Олмони шарқӣ дар воҳиди низомии ҳавонавардӣ адо мекунад. Сипас, таҳсили худро дар донишгоҳ идома дода, онро соли 1989 бо ихтисоси филолог – муаллими забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ ба поён мерасонад.

Фаъолияти кории Юнуси Имомназар аз соли 1989 оғоз меёбад. Як сол дар мактаби миёнаи деҳаи Қандак, ки марбут ба шуъбаи маорифи шаҳри Роғун (Тоҷикистон) буд, аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медиҳад. Соли 1990 пас аз даргузашти падар, ба зодгоҳи худ деҳаи Эҷ бармегардад ва пуштибону дастёри модараш мегардад. То соли 1996 дар мактаби миёнаи рақами 43-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ аз фанҳои забони форсӣ ва забону адабиёти тоҷик ба касби омӯзгорӣ машғул мешавад.

Моҳи апрели соли 1996 Юнуси Имомназарро барои кор ба шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурӣ ба Тошканд даъват мекунанд. Ӯ то соли 2000 дар шуъбаи тоҷикӣ ҳамчун муҳаррири калон ва ҳамзамон дар бахши форсии барномаҳои берунмарзии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ӯзбекистон ба унвони мураттиби барномаҳои радио ва мутарҷим ифои вазифа мекунад.

Пас аз он, ки Намояндагии ширкати байналмилалии «Шимбор»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолияти густардаи худро дар Ӯзбекистон дар бахши обрасонӣ оғоз менамояд, Юнуси Имомназар ҳамчун мутарҷими роҳуфтода ба ин муассисаи бонуфузи хориҷӣ ҷалб мегардад. Мавсуф аз соли 2000-ум то имрӯз дар ширкати номбурда ба унвони мутарҷим ва коргузори идорӣ ифои вазифа мекунад.

Қобили зикр аст, ки адиб Юнуси Имомназар ҳанӯз дар овони кӯдакӣ ба шеър гуфтан, мақола ва ҳикоянависӣ шавқу майл дошт. Ин ангезаи фикрии ӯ дар солҳои омӯзгорӣ, ба вижа, ҳангоми фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тошканд ба авҷ мерасад. Аз он солҳо инҷониб бо 36 рӯзномаҳои ҷумҳурии «Овози тоҷик», «Фарҳанги Осиёи Марказӣ» (кори ин рӯзнома дертар таътил шудааст), рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Фараж», ҳафтаномаи «Ховар», маҷаллаҳои «Садои шарқ», «Дурдонаи шарқ» ҳамкорӣ дорад ва қаламиҳои худро дар шакли мақола, лавҳа, очерк, ҳикоя, қисса ба чоп мерасонад.

Нахустин китоби Юнуси Имомназар «Аз Гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон» ном дорад, ки соли 2008 аз тариқи нашриёти давлатии «Ӯзбекистон» ба табъ расидааст. Ӯ дар ин китоб ёддоштҳои худро аз сафари анҷомдодааш ба шаҳрҳои Шерозу Исфаҳон ва Теҳрони Эрон ба қалам додааст. Соли 2010 китоби дувуми адиб бо номи «Аз санг сахт, аз гул нозук» тавассути нашриёти «Ӯзбекистон» дар матбааи «Extremum press» чоп мешавад. Ин китоб ба таври интихобӣ осори дар солҳои мухталиф эҷодкардаи нависандаро, ки иборат аз ҳикояҳо, қиссаҳо, мақолаҳои публитсистӣ, таҳлилӣ ва фарҳангӣ аст, фаро мегирад. Китоби навбатии мавсуф соли 2014 бо номи «Ҷоми саргардон» аз сӯйи нашриёти «Tamaddun» дар матбааи «Тӯрон» ба чоп мерасад, ки аз қиссаҳои «Гурез аз худ», «Равзанаи умед» ва дувоздаҳ достони кӯтоҳ (ҳикоя) иборат мебошад. Сипас, соли 2016 китоби нав бо номи «Деҳаи зархез» аз тариқи нашриёти «Муҳаррир» дар муассисаи табъу нашри «Turon zamin ziyo» чоп мешавад, ки нигоштаҳои пажӯҳишии Юнуси Имомназарро роҷеъ ба таърих, гӯйиши мардумӣ, эҷодиёти шифоҳии халқ ва аҳли сухану адаби деҳаи бостонии Эҷ (ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ) фаро мегирад. Соли 2021 нахустин романи нависанда – «Сабзу сурх» аз тариқи нашриёти «Tamaddun» аз чоп мебарояд. Ҳамин сол баргузидаи ашъор ва осори насрии шоиру нависандагони кӯҳистони Нураторо гирдиҳам оварда, бо номи «Гули санг» ба табъ мерасонад. Дар оғози соли равон (2024) китоби тозаи адиб бо номи «Марзи умед» ба дасти хонандагон расид. Ин китоб аз ду қисса ва ҳикояҳои хурду калони нависанда иборат мебошад.

Ҷойи зикр аст, ки чанд намуна аз ҳикояҳои Юнуси Имомназар дар китобҳои дастҷамъӣ низ гирд омадаанд. Чунончи, дар китобҳои «Се барги сабз» (Тошканд: «Noshirlik yog'dusi», 2019) ва «Суғдиёна» (Ҳӯланд: «Ақли Сурх», 2020), ки шомили достонҳои кӯтоҳу баланди нависандагони форсизабони Ӯзбекистон мебошанд.

Адиб Юнуси Имомназар ба таври васеъ ба тарҷумаи осори нависандагони маъруфи ӯзбек камари ҳиммат бастааст. Нахустин китоби тарҷумаҳояш бо номи «Хирмани сухан» (Тошканд: «Noshirlik yog'dusi», 2019) аз чоп баромадааст, ки аз шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаҳои осори понздаҳ нафар нависандаи шинохтаи ӯзбек иборат аст. Дар идома, соли 2024 ҳамзамон ду китоби дигари «Хирмани сухан» аз тариқи нашриётҳои «Тамаддун» ва «Муҳаррир» ба табъ мерасад.

Дар хусуси эҷодиёти Юнуси Имомназар аз тариқи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» мақолаҳои таҳлилию интиқодӣ (аз тарафи профессор Ҷумъа Ҳамроҳ, шоирон Абдулло Субҳон ва Паймон, адабиётшинос Саиди Саъдӣ, нависанда ва шоир Муҳаммад Шодӣ, рӯзноманигорон Варорӯдӣ ва Мирасрор Аҳрорӣ, омӯзгор Нурулло Солеҳ, нависанда Шариф Халил ва шоиру нависандаи тоҷикистонӣ Марямбонуи Фарғонӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода, Зоҳид Қӯрғонзода ва дигарон) ба таваҷҷуҳи хонандагон ироа шудааст.

Юнуси Имомназар моҳи феврали соли 2020 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон шомил мешавад. Моҳи июни соли 2021 аз сӯйи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муфтахар ба ҷоизаи адабии «Нишони сухан» мегардад. Моҳи декабри соли 2021 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мепайвандад.

Торнамои интернетии адиб дар фазои маҷозӣ бо линки «Yunus.okis. ru» фаъол аст. Дар сомонаи «Фейсбук» саҳифаи хос дорад ва ба гурӯҳи фарҳангию маърифатии «Кӯҳистони Нурато» мудирият мекунад.

Ду сол аст, ки бо ибтикор ва сарпарастии Юнуси Имомназар дар байни донишомӯзони мактабҳои тоҷикии кӯҳпояи Нурато маҳфили зеҳнӣ ва андешаварзии «Хирадманд» роҳандозӣ шудааст.

Намуна аз эҷоди адиб:

БОЗИҲОИ ЗИНДАГӢ

(Ҳикоя)

– Рӯз ба поён расида буд. Домани торикӣ гирду атрофро дар худ фурӯ мебурд. Азбаски чӯпонбобо дар навбати осиёб монда дер мекард, гӯсфанду барраҳояш ҳанӯз дар гирду бари молхона мечариданд. Ин чорпоёни фориғбол сар ба зер сабзаю алафҳои атрофро кавшакунон на парвои торикӣ доштанду на ғами танҳоӣ. Баррачаҳои маст гоҳе дар зери дасту пойи модарони худ печида, гоҳе ба сӯйи охурчаҳо давида, гоҳе низ ба ҳамдигар сару гардан зада, аз нашъаи озодию беғамӣ сер намешуданд. Қазоро, дар ин ҳангом гурге гурусна, ки шиками суфрамонанди пучаш аз он гувоҳӣ медод, чашмони тези аловиашро ба чор сӯ дӯхта, сари худро мисли ҷосусон ба дарун кашида, ҷуссаашро ба девори молхона часпонида, бо эҳтиёт по чида-чида ба сайргоҳи гӯсфандон наздик мешуд. Аллакай бӯйи сайдро ҳис мекард, ки аз дами пӯзааш кам-кам оби даҳон мешорид. Ба назар мерасид, дар ин кор хеле таҷриба дорад. Ҳоло дониста буд, ки чӯпонбобо дар ин наздикиҳо нест, саги кӯҳҳайкали ӯ низ соҳиби худро дур дида, ба суроғи модасаги ҳамсоя рафтааст... Гург то назди дари дулинга омад, мехост ҳамлаашро аз ин ҷо оғоз кунад, то гӯсфандони пахма натавонанд ба дохил фирор кунанд. Ногаҳон пайдо шудани соҳиб эҳтимол дошт, аз ин рӯ, ба даруни молхона даромадан хатарнок буд... Ниҳоят, фурсати муносиб фаро расид, гург сару гардан ба миёни поҳои пеш хам кард, тамоми неруяшро ба поҳои ақиб дод ва ҳаллос...

– Бихон, бихон, чаро хомӯш мондӣ? – ду даст аз рӯйи зонуҳои бародар, ки дар курсии сангин нишаста китоб мехонд, кашида гуфт Шаҳоб. – Гург ҳаллос зада барраҳоро гирифт?

Ба ҷойи посух дастони бародар ларзиданд, китоб ба замин афтод, сари по хеста, мисли шох хушк шуд. Шаҳоб низ дар ҳамон ҳолате, ки зону ба замин зада менишаст, аз пайи теғи нигоҳҳои бародар давр зада ба самти дарвоза чашм дӯхт. Манзараи хунук, наворе аз тараддуди ғашовару дилозор таваҷҷуҳи ҳар дуро ба сӯйи худ кашид: падари ҳамеша мағрур, ки аз бекорхӯҷагию майхорагӣ домани шуҳрат густурда буд, дубора бо сарутани хоколуду касиф, лабу даҳони каҷшудаи обрав ва поҳои ҳаштнамо як лингаи дарвозаро сахт ба берун тела дод, худро ба танаи тути даромадгоҳ зада, ба пеш по бардошт ва дудастаю бедаста аз нардаҳои зинапоя дошта, ба боло ҳаракат кард. Оре, ҳарчанд ду қадам ба пеш мегузошту як қадам ба қафо, коре карда то погарди табақаи дуюм баромад. Ба маҳзи ин ки панҷааш дастгираи дари бози хонаро ёфт, дарро ба сӯйи худ кашида баст ва бо садои хирросӣ дод зад:

– Лаънатӣ, дара ба рӯям мебандӣ?! Кушо, кушо, гуфтам! – вале мунтазир намонда, сари ҷо тоб хӯрду мисли хари лингпарто лагад андохт. Дар шақаррос зада боз шуд. – Ҳа, намекушоӣ! Куҷоӣ, ту коргар, ку ман бубинам башараи духтурашонро... Шон духтур будаанд, беномус!

Аз дохил бонуи хона давида ба пешвоз баромад. Остини куртаи чити гулдорашро то оринҷ бар зада, дастҳои хамиролудашро бо эҳтиёт ба пеш мебардошт. Ҳарчанд махмурию доду ғиреви шавҳарро борҳо дида одат карда буд, боз ҳам нахост ӯро маътал гузорад. Бе он ки аз ҳоли ӯ ғаш кунаду нороҳат шавад, гуфт:

– Ба ҳамин хонаи ҷойи шишт дароед, ман хамирама бандам, чой дам мекунам.

– Ту ба ман пирказ нате! – сахт аз бозуи зан қапид марди маст ва бо зарб аз дари ошхона ба дарун тела дода афзуд:

– Шунидам, ки сӯзандоруҳои Султона ту мезадаӣ?!

Занро бо зӯр аз даҳлез ба дохил даровард ва дари ошхонаро аз дарун баст. Дар ин ҷо гӯё ҳушёр мешуд, ёзида аз гиребони ҳамсар гирифт ва ӯро ба девор танба карда, фуки бадбӯйи худро то зери бинии вай овард. Чашмони аловию хунинаш ваҳмангез намуданд. Зани ногаҳон дар дом афтода бо сахтӣ овоз баровард:

– Корамон ҳамин...

– Духтури мард хушк шуда буд, ки ту ба ун ҳарифи ман менигарӣ?!

– Сардухтур ба ҳар кӣ фармояд... Дар кори мо зану мард гуфта ҷудо намекунанд...

– Ҳоло ҳамин тавр, ана ба ту! – мушти гиреҳхӯрдаи мард ба буногӯши зан фуромад. – Ту – беномуса мекушаму аз шармандагӣ раҳо меёбам, ана ба ту! – мушти дуюму сеюм, чорум ва аз пайи он лагадҳои чун тароша хушку сахт ҷисму ҷони занро ба нишон гирифтанд...

Аз садои зӯргӯйиҳои падар ва зориҳои модар Шаҳобу бародараш ба худ омаданд.

– Ана, гург дар хонаи худамон аст, гӯш накуну бо чашми худ бубин, додар! – бо алам гуфт бародар ва давида ба даҳлез даромад, аз паси ӯ Шаҳоб низ шитофт.

Бародарон дари ошхонаро занҷирбанд дарёфта, ҳар ду дудаста ба кӯфтан пардохтанд. На дар боз мешуду на овозҳои имдодҷӯёнаи онҳо ба гӯше мерасид. «Додо, очама назанед...», гиряашро дошта натавониста илтиҷо мекард Шаҳоб. Бародараш низ ба такрор мегуфт: «Очаҷон, гурез! Коре куну гурез аз зери дасташон!»...

Бо шунидани овози бачаҳо модар ба худ омад, талвосае карду бо як неруи фавқулода аз зери дастони хунин раҳоӣ ёфт ва дастпоча ба самти дар фирор кард. Нарасид зулфини дарро боз кунад. Дар ин лаҳза ба мисли гурги хуношом ҳамла кардани марди ваҳширо дида, беихтиёр ба ҷониби тиреза тохт. Ваҳшии маст низ аз пасаш омад. Аз даричаи бози тиреза нигоҳе ҳавломез ба берун афканд. Дигар роҳеро барои наҷот надида, чашмонашро пӯшид ва ҳамчун оҳуе, ки аз сайёд рамида ногаҳон фирор мекунад, бе дудилагӣ ҷуссаи худро ба партгоҳ афканд...

«Гумс!» – садои нохушоянде аз берун ба гӯши бародарон нишаст. Ҳар ду ба пеши тирезаи даҳлез давиданд – чӣ манзараи даҳшатборе! Модари ба рӯйи ҳавлӣ сарнагуншуда сари по хеста наметавонист, тарсолуду парешон ба боло нигоҳ мекарду гаваккашон ба самти дарвоза мехазид. Ҳуш аз сарашон парид, пасу пеш аз дар баромада, бо як қадам аз рӯйи ду- се зина ҷаҳида ба ҳавлӣ фуромаданд. Модари беҳол ранг бохта, бо тамоми вуҷуд ларзида, аз партгоҳи худ дида барнамеканд. Шаҳоб зуд ба сари ӯ омад, дар паҳлуяш зону зада ба оғӯш кашид. Хаёли бародарро бошад, дар ин лаҳза, оре, дар як фурсати чашм баста кушодан модари ҳаросон ва падари махмур, ки дар пешайвони болохона бо як даст ба наълдаргоҳи тиреза такя дода писхандзанон манзараро тамошо мекард, ҷалб намуданд. «Ин ҳодиса чӣ хел рӯй дод? – ба андеша рафт ӯ, – Оча аз тарс худашро ба замин афканд ё додо ӯро аз он баландӣ тела дод? Даҳшат!». Бар замми ин фалокат, ки ҳанӯз маълум набуд ба ҳамсараш чӣ иттифоқе рух додааст, марди маст оби даҳонашро пош дода, ба ҳақорат гузашт, гӯё ки зан дар роҳи равон пешпо хӯрда бошад: «Ту намемурӣ, қанҷиқ, туро бало намезанад... Ҳоло боз ба дастам меафтӣ...» Ин хунсардӣ ва беэътиноӣ писарро сахт ба ғазаб овард, надониста монд чӣ сон ҳар ду панҷаашро мушт карду ба танаи дарахти дами роҳрав зад...

Хушбахтона, ба имдоди ду бародар ҳамсоязан расид. Ӯ дар даст як коса обу як кӯрпа дошт.

– Айнан ба монанди филмҳо буд, – ба маҳзи расидан ҳарфзанон кӯрпаро ба замин густурд ва аз оби коса ба зани бемадору гиҷшуда хӯронд ӯ. – Афтидани Маҳинаро аз болохона дидаму хун дар рагҳоям шах шуд! – ҳар се бо ҳам зани мазлумро озод бардошта ба рӯйи кӯрпача гузоштанд. – Ба хонаи ман мебарем, ту наистода ба суроғи духтурамон рав, Ромин! – гуфт ҳамсоязан ва ӯ бо Шаҳоб аз пеш ва бародар аз қафо кӯрпаро бардошта, босуръат ба ҷониби хонааш, ки дар самти муқобил, аз сой он тараф қарор дошт, шитофтанд...

* * *

Падаршӯйи Маҳина аз дари бемористон баромаду бо тамоми овоз наҳва кард. Гирякунон китф ба сутуни соябони даромадгоҳ такя дода, шунаво гуфт: «Эй Худо, ин чӣ бераҳмист! Магар одам зани худашро ба ин ҳол меоварад?! Эҳ, бачаи аблаҳ, одам нашудӣ ки, нашудӣ! – бо алам ашк рехтану дард гуфтани ӯ аз чашми парасторону коруфтодаҳои дармонгоҳ дур намонд. – Ҳама барои сиҳҳатию аз дардҳо фориғ намудани ҳамсарони худ кӯшанд, ту бошӣ... эҳ, писари нодон, маҳраму бонуи хонаатро бо дасти худ маъюб мекунӣ?.. Ту кӣ ҳастӣ, ту чӣ ҳақ дорӣ, ки сунҳори[1] ман, на, духтарамро ба ин ҳоли залил меафканӣ?!»

Марди солманди ришдор ду бари ҷомаи доманбаланди сиёҳашро рӯйи ҳам кашида, бо надомат сар ҷунбонд, қадамҳои вазнин ба самти дарвоза бардошт. Роҳ мерафту чеҳраи Маҳина аз зеҳнаш дур намешуд: нигоҳҳои маҳзун, рухсори рангпарида, лабҳои хушк... «Амакҷон, зиқ нашавед, ман ба худ меоям, – бо вуҷуди дардмандии худ ба ӯ дил медод сунҳораш. – ана, мебинед, ки ҳамин замон бо пойи худам ба пешатон меравам». Мард пушти даст аз рӯйи сурат кашид...

Падари дар худ шӯрида мустақим ба хонаи писар омад. Мехост ҳар чи зуд адаби нобакори майзадаву муштзӯрашро диҳад, ночорӣ ва гирифтории сунҳорашро талофӣ кунад. Ӯ Маҳинаро на танҳо ба хотири зиндагидории ороставу одоби ҳамидааш, ҳамчунин аз он бобат, ки духтари таҳсилкарда, духтури дӯстдоштаи хурду калон буд, дӯст медошт. Дар деҳа ин гуна занҳо ангуштшуморанд! Ӯ бо доштани чунин сунҳоре, ки чеҳраи намоёну пешгоме дар миёни занони маҳалла буд, меболиду бо ғурур мегашт. Ба ӯ бо эҳтиром «шумо» мегуфт, сари ҳар даҳан «духтари ҳамадонам» гӯён таъриф мекард...

«Сӯзанро ба худат зан, дард накунад, ба ҷуволдӯз!», пархошу овози баланди марди солманд гузари Гаргинонро ба по хезонд. Аз ҳамон дару остона ва зинаҳои ошно пасу пеш падару писар – яке калтакзанону дигаре ба хотири ҳимояти худ сару рӯяшро бо даст пинҳонкунон ва бо як азоб чапдеҳон, ба берун баромаданд. Писар аз зери калтак даррафт, аз дасти падар фирор кард ва худро ба кӯча зад. Нобаҳангом омадани падар ӯро дар ғафлат монда буд. Нағз медонист, ки агар дар доми ӯ монад, то мурдан чӯбкорӣ мешавад. Фақат аз падар метарсид, аз пайи озорҳое, ки ба ҳамсараш мерасонид, танҳо аз падар гап мешунид, ёрои рӯ ба рӯ истодан бо ӯро надошт...

Пирамард то поёни зинаҳо фуромад, таъқибро бефоида дида, чӯби адабро қулоч кашида дур андохт. Дар канори дарахти тути даромадгоҳ бари ҷомаашро ба боло таҳ карда, бо поҳои дароз ба замин нишаст. «Ту ҳам рафтӣ, Мадина, маро танҳо гузошта рафтӣ... Агар зинда мебудӣ, шояд худат пеши ин беақлиҳои писаратро мегирифтӣ. Ятимат авбош аст, сунҳорат гирифтор...», мӯйсафед аз набудани ҳамсар оҳи бадард кашид. Дар ҳамин асно аз берун набераҳо омаданд – Ромин ва Шаҳоб. Ҳар ду аз ду ҷониб дар паҳлуи бобо нишастанд. Шаҳоб каф аз рӯйи риши баланду маҳини ӯ кашида, бо лаҳни ғамхори бачагона гуфт:

– Бобоҷон, ин қадар сурх шудаед, додом ҷаҳлатонро оварданд?

Бобо ҳар дуро дар бағал кашид, натавонист ҳарфе занад, аз чашмҳояш ашк сарозер шуд. Ромин бо дарки озурдагии бобо гуфт:

– Хафа нашавед, бобоҷон, мо акнун калон шудаем, очаамро эҳтиёт мекунем... – ӯ низ ба риққат омад, бо зӯр суханашро ба поён расонд. – Биёед, ба хона дароем...

Аз ҷо баланд шуданд. Пирамард набераҳои худро аз қафои худ нигарон монда, даст афшонда, ба самти боло, ба хонаи худаш роҳ пеш гирифт. Дар сару буни кӯча аллакай тараддуди зану бачаҳои кунҷкоб зиёд шуда буд, барояшон тамошои муфт ҷолиб менамуд, яке аз тамошоҳое, ки марди мағрур бо зани мискину падари сахтгири худ мудом доир мекард...

* * *

Маҳина ин бор поёни корро бесаброна интизор шуд. Бошитоб ҷойи корашро мураттаб кард, хилъату кулоҳи сапедро кашида овехт ва ба назди оина омаду даст аз рӯю мӯҳояш кашид. Чеҳраи поки ботароват аз даруни оина лабханд зад, чашмҳояш механдиданд. Худро хеле шод ҳис кард, баргашту сумкачаи сиёҳи чармиашро аз рӯйи миз ба китф овехт ва аз дар хориҷ шуд. Дар роҳрави дармонгоҳ сардухтур ду дасти худро ба қафо қуфл зада, оҳиста-оҳиста ба самти дари берун мерафт. Ӯ саросемагии Маҳинаро ҳис кард, ҳамин ки кормандаш ӯро дида бо каме хиҷолат таъзим ба ҷо овард, бо мулоимат пурсид:

– Дастпоча менамоӣ, духтарам? Коре пеш омад?

– Устод, дар хонаи амакам маърака аст.

– Не-е?

– Имрӯз амакам таваллуд доранд. Бачаҳоям низ дар ҳамон ҷо...

– Оҳ-ҳо, Бобо Саврон боз як сол калон шуданд-гӯй?

– Ҳамин хел, ҳаштодсола мешаванд.

Сардухтури мӯйсафед боз як бор ба садоқати корманди худ, ки ба падаршӯяш ихлосу эҳтироми бемисл зоҳир мекард, қоил шуда, ба одати маъмул насиҳатомез гуфт:

– Аз тарафи ман ҳам боборо табрик кун, духтарам. Лекин, намефаҳмам, ба куҷо шитоб дорӣ? Рӯз – дароз, ҳоло ба ҳама корат мерасӣ. Саросема нашав!

– Мамнун, устод.

– Хайр.

Аммо Маҳина метавонист шитоб накунад? Инсоне, ки ӯро аз фарзанди худ бештар дӯст дорад, марди меҳрубоне, ки аз ҳама бештар ҳавои ӯро дорад, имрӯз ҳаштодсола мешавад! «Амаки нозанинам, падари ҳамрозам, бобои дилкаши худам!», бо ваҷд аз дил гузаронд зан ва ҳарчи тез ба сӯйи бозорчаи деҳа қадам зад. «Ҳар гоҳ дар хонаамон нишасте дошта бошем, худат омада «културни» ташкил кун, духтарам, – роҳравон суханҳои падаршӯро ба ёд овард Маҳина, – ту набошӣ маъракаҳо бенуру фач мегузарад, на ғизои хуб мепазанду на ширинии бомаза ин бедаступанҷаҳо!»... Аз бозор чаҳорто нони гарм, се-чаҳор кило мева ва аз Норбойи савдогар як пероҳани хат-хатии мардонаро, ки падаршӯ маҳз ҳамин рангу наморо дӯст медошт, харид. Сипас дар кӯчаи самти чап бо шитоб ба тарафи манзилаш раҳсипор шуд. Мехост либос иваз кунаду табақи чалпакашро, ки аз таомҳои дӯстдоштаи падаршӯ ва дишаб хоб накарда, бо тозатарин равғани зард пухта буд, бо худ барад. Ин дам дар ҳушу хаёли ӯ танҳо як чиз падид меомад: табассуми мӯйсафед, чашмони нуронии хандони ӯ ва лутфи ҳамешагиаш, ки «духтари худам» гӯён, аз пешониаш мебӯсид. Cаъй мекард тезтар ба ин лаҳзаи дилнишин расад, аз таҳи дил овозе бо меҳр ба лаб омад, ба худ гуфт: «Таваллудатон муборак, амакҷон!»...

Маҳина аз дарвоза по ба дарун ниҳоду яке ҷойи худ, дар васати ҳавлӣ шах шуд. Ғайриинтизор, шавҳарашро дид, ки дар болотарин зина, дар погарди назди дари даромад бо пӯзханд ба ӯ нигоҳ мекард. Бо як даст аз нардаи болои зина медошт, миёни ангуштони дасти дигар хорчӯберо дошта дандон мекофт. Гиребонаш боз, саридили пашминаш то дами ноф урён, мӯҳои жӯлидааш аз давру бари гӯш ва пешониаш номураттаб ба чашм мехӯрд. Аз истоди каҷукилебаш маълум буд, ки маст аст, чашмони махмур ва сурати қирмизранг дошт. Бо дидани ин ҳол гӯё теғе ба синаи Маҳина халид, дар ҳоле ки намедонист ба пеш қадам гузорад ё ба пас, шавҳар бо дуруштӣ садо дод:

– Чаро карахт шудӣ, коргар, маро бори аввал мебинӣ?

– ...

– Биё, бубинам-чи, имрӯз чӣ каромоте нишон додӣ...

Зан дудила як қадам ба пеш гузошт.

– Биё!

Дигар чорае надошт, по чида аз зинаҳо боло рафт. Ба маҳзи ин ки ба погард расид, марди махмур маҳкам аз гиребонаш гирифт ва ҷуссаи нозукашро бераҳмона сахт ба дар кӯфт. Халтачаи меваҳо ва нони Маҳина аз даст афтод, пушти ҳам анору себу хурмоҳо дик-диккунон аз зинаҳо ба атроф рехтанд.

Шавҳар наистода муште ба гардани зан фуровард ва бо зӯр ӯро аз дар ба дарун тела дод. Маъсума намедонист чӣ кор кунад, бо мушкилӣ ба зарбу латҳо тоб оварда, мазлумона гуфт:

– Боз чӣ шуд, додош, чаро мезанӣ?

– Ту коргариатро напартофтӣ ки ман дар кӯча сар боло кунам! Ҳоло ки ба нағзӣ намефаҳмӣ, ин аст ҷазоят!

Лагади сангини шавҳар ба босини зан сахт расид. Худро дошта натавониста ба замин уфтод, «оҳ, ҷонакам!» – аз мағзи дил садои дардомез баромад. Бо ин ҳол, пушт-пушт лағзида, рӯ ба шавҳари хунгирифта дӯхт ва илтиҷоомез арз кард:

– Охир, чӣ кор кунам? Ту бекор, ман ҳам аз як луқма нонамон маҳрум монам, зиндагӣ чӣ мешавад? Бачаҳо чӣ?

Кафши нӯктези марди ҷоҳил бо зарби навбатӣ ба камари зан нишаст. Бо ин зарбат қонеъ нашуда, мард хам шуд ва аз бозувони зан гирифта ӯро сари по бардошт ва бо банди дасти рост аз гардани ӯ ба девор танба кард, оби даҳон пошида ғуррид:

– Рафиқам Сулаймони мараз дар миёни ду тӯда қартабоз аз ҳунари ту таъриф кард, «чӣ қадар дастакои маҳин дорад, Маҳина, мегӯяд нобакор, – шавҳар бештар ба гардани зан фишор овард: – Чунон дастҳоятро масаж дода фишори хуна мегирад, ки роҳат мебарӣ...» Ту лаини фоҳиша, маро дур дидӣ? То кай аз даҳони дигарон расвоията мешунавам?!

Маҳина бо вуҷуди ранҷҳои пайи ҳам, аз ин туҳмат чун мори дар оташ уфтода печид, «Ба рӯбоҳ гуфтанд, шоҳидат кист? Гуфт: думам... Ин марди бефаҳм то кай ба ҳарфҳои бехуди дигарон гӯш меандозад? Ё ин ҳама гапа аз худ мебофад, ба қасд азият доданист? Чаро ба ман душманӣ дорад...» Аз дасти фишори сахт нафасаш дар дарун монд, бо азоб садо баровард:

– Ин гап дурӯғ, назан мана... Дар ҳаққи ман туҳмат кар...

Суханаш ба поён нарасида, мушти сахт ба шикам хӯрд. «Уъъ-ъ!», аз пайи зарби мушт садои дарддор баровард ва дар тану поҳои худ беҷонӣ ҳис кард, хост ба замин нишинад, вале... Дасти чун оҳан маҳками мард дубора маъсумаро ба девор часпонд ва мушти рости гиреҳхӯрдаи ӯ мустақим бар болои чашми зан нишаст. «Оҳ-ҳ!», аз мағзи ҷон садо дардод зан, дар сурате ки ҳис кард дар пешорӯяш оташак парид, гӯё рагу пайи вуҷудаш аз ҳам гусаст... Пеши дидагонашро сиёҳӣ гирифт, сараш давр зад, каме муаллақ, бо вазни худ ба замин яксон шуд...

Садои кушодаю баста шудани дари даҳлезро ҳис кард, саъй намуд ӯ низ ба пеш хазад, аммо неруе надошт, тамоми олам гӯё дар атрофаш давр мезад, мисли хасе дар миёни гирдбод монда буд. Бо ин бехудӣ, аз лабаи сумкачаи чармӣ телефонаш ба чашм хӯрд, бо талвоса онро ба миёни ангуштон кашид. Гарчи телефон дар атрофи дасташ мечархид, бо як азоб онро нигаҳ дошт ва равшан кард, бо вуҷуди ларзиши беҳадди ангуштон, охирин шумораи тамосро ба исми «Ромин-писарам» зер кард...

* * *

Палатаи дунафараи дармонгоҳ хомӯшу сокит аст. Дар тахтхоби самти тиреза бемори лакоту леҳшуда беҳуш мехобад. Ӯ бемори маъмулӣ нест, пизишк аст – дармонгаре, ки худ ба дармон муҳтоҷ. Дар рӯ ба рӯяш мӯйсафед менишинад, дастҳояшро аз такя барнамедорад, сархаму андӯҳгин аст. Дилаш мисли сиру сирка меҷӯшад: «Эҳ писари нодон, зерандозат замин асту рӯандозат осмон, ба буда шукр намекунӣ, Худо туро мезанад-а, не, Худо туро аллакай задааст, аблаҳи бевиҷдон! Ҳоло ист, туро чунон ҷазо диҳам, ки аз таваллуди худ пушаймон шавӣ! Ҳоло ист... дар пеши духтарам зону мезанӣ, ту ғирроми ношуд!»

Дари палата боз ва раиси дармонгоҳ, ба одати маъмул, даст ба пушт ворид шуд, аммо аз чеҳраи шоди ҳамешагиаш ному нишоне набуд, ӯ низ гирифтору маъюс менамуд. Хомӯш омаду дар паҳлуи пирмард нишаст. Дасти худро ба китфи мӯйсафед гузошт, бо оҳанги ҳазин гуфт:

– Дирӯз хеле шитоб дошт. Корҳояшро сарусомон дода, гуфта буд, ки ба манзили шумо меравад, аз ҳад зиёд хурсанд менамуд.

– Ман ҳам вайро мунтазир нишастам, бо вуҷуди як хона меҳмон ҷойи ӯ холӣ буд. То вақти аср сад бор ба кӯча баромадам, аз вай дарак не...

– «Чашм соҳиб дорад», мегӯянд, аз як гӯшаи чашмаш хун метаровид, тарсидам. Дарҳол аксбардорӣ кардем, хушбахтона, аъзои дарунаш дарз нахӯрдааст, лекин гӯшти атрофаш сахт зарб хӯрда леҳ шудааст. Ҳоло зери таъсири доруҳои оромбахш аст.

– Ба биноияш зиён надорад, ба худ меояд?

– Меояд, албатта, ба худ меояд! Фақат дард мекашад, чашмаш бод мекунад, ранг ба ранг мезанад...

Дубора дар палата хомӯшӣ ҳукмрон шуд. Фақат аз болосари бемор садои ҷиззоси мураттаби косачаи обдор ва лӯлачаҳои ҳаво, ки ба биниаш халонида буданд, ба гӯш мерасид. Сардухтур ба сухан омад:

– Амак, ин писари мағруратон Маҳинаро абгор кард. Ҳама дардашро фаҳмидам, рашк мебурдааст, намехостааст дар дармонгоҳ кор кунад. Охир, чорае будагист, мо тамошобин шавем, фардо аз ин бадтар шуданаш мумкин аст.

– Ту, додар, маро намешиносӣ? Духтарам кор мекунад! Агар касе бояд канор равад, писари аблаҳи ман аст. Аз ин пас рӯзашро барояш сиёҳ мекунам, – мӯйсафед асабонӣ шуд, шояд бори аввал буд, ки то ин ҳад дастонаш меларзиданд. – Одамеро, ки диду назараш танг аст, зеҳнаш ҳам тира мемондааст.

Сардухтур сахттар аз китфи ӯ дошт, бо оромӣ гуфт:

– Амак, ба ғазаб наоед, ба асабонӣ шудан намеарзад. Ман доимо дар паҳлуи шумо ҳастам, ҳар ёрие лозим бошад, анҷом медиҳам.

Пирамард нигоҳи маъюс ба сӯйи раис андохт, умедвор гуфт:

– Ту – додар, ҳавои духтарамро дошта бош. Ҷазои ин авбошро худам медиҳам!

– Чӣ кор карданиед?

Пирамард чизе нагуфта аз ҷо баланд шуд. Қомати хамидаашро рост накарда ба назди тахтхоби Маҳина омад ва дар курсии назди ӯ нишаст. Оҳиста мӯҳои парешони ба пешонӣ фуромадаи сунҳорро ба канор зад, се-чаҳор бор то пушт сарашро молид. Маҳина ором мехобид. Аз даври чашми бодкардаи ӯ то зери буногӯш сурхтоб ба назар мерасид. Дар гарданаш низ доғҳои мишкию обиранг дида мешуданд. Дили мӯйсафед об шуд, бо дасти дигар кафи дасти занро дошт, бесадо гиря кард, аз чашмони фурӯрафтааш беист ашк рехт.

Раиси дармонгоҳ ба ин алоқаи бесобиқа, ба сурати ҳазину риққатбори мӯйсафед тоб наовард. Ӯ низ даст аз зери пилкҳои нами худ кашида, сари по шуд ва ба берун баромад.

* * *

Маҳина пас аз ду шабонарӯз ба худ омад. Гӯё аз ҳама ҷояш ба тахти беморӣ мехкӯб карда буданд, вазнинии кӯҳро бар рӯйи ҷуссаи абгоршудааш ҳис мекард. Дар болои сар хира-хира шаклу шамоилеро дид, лекин дуруст дар мағзи худ нахонд. Чашмонашро баст...

Маҳина дубора ҳушёр шуд. Чун бар рӯйи пешонӣ ва банди дасти ӯ панҷаҳои бачагонаи нозуку мулоим мехобиданд, роҳати дилосоеро ҳис кард. Чашмонашро калон кушод, Ромину Шаҳобро дар назди худ дида, бо табассум гуфт:

– Азизони худам...

Писарон чизе нагуфтанд, ҳар ду пасу пеш сар ба бағали ӯ ниҳоданд. Хомӯшии роҳат ба миён омад. Дар ин асно дари палата боз шуд ва парастори ҷавон чун шамъе дурахшон чеҳра боз кард. Ӯ ба худ омадани Маҳинаро дида, бештар хушҳол гардид, бо хурсандӣ гуфт:

– Ҳама нигарониҳо дар ақиб монд, устод, акнун ҳамааш хуб мешавад.

Писарон бо наздик шудани парастор ба канор рафтанд, ҳамшира дар назди бемор нишаст. Билофосила, дар ҳоле ки дастгоҳи фишорро ба бозуи Маҳина мебаст, гуфт:

– Шавҳари зӯратон ҳам дигар даст намебардорад, дардашба даво!

«Дардашба даво?», аз хаёл гузаронд Маҳина, яке ба бачаҳо ва дубора ба парастор чашм дӯхт, пурсид:

– Чӣ шуд? Ба балое печид?

– Э, писарон ҳанӯз нагуфтанд ба шумо? – парастор забон хоид, лекин нигоҳҳои тези Маҳина ӯро маҷбур кард идомаи суханашро гӯяд:

– Аз ин пас на сояашу на суробашро дар деҳа мебинед, радди маърака шуд.

Маҳина баргашта сар ба болин ниҳод. Ду чашм ба шифт дӯхта дурудароз хомӯш монд. Аз гӯшаи чашмонаш пайи ҳам ашк сарозер шуд. Ниҳоят, хастаомез ба сухан омад:

– Барои чӣ? Кӣ ин корро кард?

– Бобо Саврон, – гуфт парастор ва нороҳатии Маҳинаро пай бурда илова намуд: – шумо аслан ғам нахӯред, устод! Аҳли деҳа ҷонибдори бобо ҳастанд. Он кас дирӯз хонаатонро, ки иҷора будааст, ба соҳибаш супурда, қӯшу қулангатонро ба манзили худ бурдаанд. Дар назди ҳамдеҳагон ба писари худ рӯ оварда, бо садои баланд гуфтаанд: «Ман ин гуна писари ҷаллод надорам! То одам нашавӣ, остонаи маро зер накун!» Ба наҳве, оқ кардаанд ӯро. Ҳоло шавҳаратон дар деҳа нест.

Парастор дар идомаи хабари худ «шумо ором бошед, осуда бихобед» гӯён аз палата хориҷ шуд. Дубора писарон ба назди модар омада нишастанд. Маҳина бо садои кам гуфт:

– Ин корро беҳуда кардаанд, чаро пеши бобоятонро нагирифтед? Шарманда шудем...

Ромин дасти модарро дар байни дастони худ фишурд ва орому равшан гуфт:

– Ин қадр бекору беғам ва масту аласт мегарданд, шуморо латукӯб карда, дар миёни мардум мулзам мекунанд, шармандагӣ нест, оча? Чаро ҷазо гиранд айб будааст?

Шаҳоб илова кард:

– Бобоям гуфтанд, ки лаънат кардани ман ба фоидаи худаш аст, шояд аз ин тариқ одам шавад... Шумо зудтар ба по хезед, очаҷон, ҳамааш нағз мешавад!

Чеҳраи Маҳинаро лабханд оро дод. «Бачаҳоям аллакай калон шудаанду ман бехабар, – аз дил гузаронд ӯ. Ҳар дуро дар оғӯш гирифт. Дар ҷойи хоб ба хаёлрониҳои худ идома дод: – Чи бозиҳои тунде дорад ин зиндагӣ... Косаи сабри падар лабрез шудааст барин, писари хонашерро аз хона рондаанд, хостаанд хиҷолат кашаду аз гуноҳу нобакориҳояш тавба кунад... Оқибаташ ба хайр ояд...!»

Зан оҳи амиқ кашид, сар ба рӯйи болин гузошта, дубора чашмонашро баст.

Модари хомӯшро дида, Шаҳоб ба бародар рӯ овард:

– Оча боз аз ҳуш рафт?

– Не, ин бор истироҳат мекунад. Бигузор бихобад...


[1] Сунҳор – зани писар, арӯс, келин



Report Page