Пуфакфурӯш

Пуфакфурӯш

(таҳияи) Башир Усмон

Писарак гӯё афсун шуда бошад бо чашмони пур аз ҳайрат аз паси марди пуфакфурӯш равон буд. Ӯ аз он дар ҳайрат буд, ки чӣ тавр он пуфакҳои зебову калон-калон соҳибашонро ба ҳаво намебардоранд.

Агар пуфакфурӯш барои нафас рост кардан қарор гирад, писарак ҳам меистод. Ҳамин ки равон шуд, аз паяш қадам мемонд. Як вақт пай бурд, ки пуфакфурӯш ба ӯ менигарад... Писарак ҳам ба назди ӯ рафт ва ҷуръатро ба даст гирифта, гуфт:

– Амаки пуфакфурӯш, ман то ба ҳол боре ҳам пуфак надоштам.

Мард сар то пои кӯдакро аз назар гузаронда, сипас пурсид:

– Пул дорӣ?!

– Иди гузашта доштам, дар иди оянда боз пулам мешавад.

– Ин хел бошад, бираву дар иди оянда биё. Ман саросема нестам, интизорат мешавам.

Кӯдак хомӯшона пас гашт. Дар чашмонаш, ки то он дам онҳоро аз пуфакҳо намеканд, нам пайдо шуд. Ба роҳ гаштан маҷол надошт. Чанд қадам гузошту беихтиёр боз нигоҳашро ба пуфакҳо гардонд ва ҳайрон шуд, зеро банди пуфакҳо аз дасти пуфакфурӯш раҳо шудаву дар шохи дарахти ақоқиёи канори роҳ дар монда буд. Писарак бо ҳаяҷон ва кунҷковии хосе ба ин ҳолат менигарист, ки пуфакфурӯш фарёд зад:

– Ҳой, майдаяк! Агар пуфакҳоро аз дарахт фарорӣ, якеашро ба ту медиҳам.

Кӯдакро ин пешниҳод беҳад шод гардонд. Ӯ давида ба зери дарахт рафт ва пойафзолҳояшро саросема бароварду сӯе ҳаво дод. Базудӣ худро дар болои дарахт гирифт. Аз фарти шодиву ҳаяҷон сӯзишу дардеро, ки химчаҳои хушки дарахт ба пояш мегузошт, ҳис намекард. Ӯ бо чобукии хосе ба пуфакҳо наздик шуд, вале истод ва каме онҳоро тамошо кард. Баъд банди пуфакҳоро озод кардаву ба пуфакфурӯш, ки зери дарахт мунтазир буд, дароз кард. Лекин банди яке аз пуфакҳо канда шудаву дар дарахт монд. Кӯдак барои наҷоти пуфак кӯшиш накард. Охир, онро раҳо карданӣ шавад, химчаи хушке, ки дар наздаш меистод, ба пуфак бархурдаву онро мекафонд.

Ӯ аз дарахт фаромаду назди пуфакфурӯш омада пурсид:

‒ Якеро ба ман медодед, он кадом аст?

Пуфакфурӯш бо пушти дасташ биниашро пок карда, ҷавоб дод:

‒ Пуфаки ту дар дарахт монд, майдаяк. Агар хоҳӣ, барову бигир!

Кӯдак ончунон ғамгин шуд, ки... оҳиста рӯйи санги канори пиёдароҳ нишаст ва ба пуфакфурӯши тадриҷан аз ӯ дуршудаистода нигарист. Баъди хуб дур шудани ӯ чашмашро ба пуфаки дар шохи дарахт овезон дӯхт, ки аз вазиши бод алвонҷ мехурду мерақсид ва ба худ гуфт:

“Майлаш... дар шохи дарахт ҳам бошад акнун пуфак дорам...”

ҚАЙД:

Дар зиндагӣ, дар ҳоле ки ҳатто як пуфак метавонад ба кӯдак шодии зиёде бахшад, дилҳои бархе аз бузургсолон он қадар аз адолат ва инсоф тиҳӣ гаштааст, ки танҳо ба пул аҳамият медиҳанд ва дар фикри фоида ҳастанд. Дар ин роҳ чунон ғарқи худхоҳӣ ва беинсофӣ шудаанд, ки ба осонӣ метавонанд ҳаққи дигареро бихӯранд.

Report Page