Паҳлавони тоҷик Кароматулло Ҳакимов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
@AkhboriTojikistonВарзишгари тоҷик дар вазни — Кароматулло Ҳакимов -95 кг медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингириро ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври ниҳоӣ паҳлавони тоҷик Кароматулло Ҳакимов варзишгар аз Гурҷистон Бека Гвиниашвилиро мағлуб намуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид Гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 4 вазн то 65, 70, 71 кг ва ҷамъи 95 қувваозмоӣ намуданд.
Дар вазнҳои то 65, 71 ва ҷамъи 95 кг байни мардон варзишгарони тоҷик — Муллораҷаб Халифаев, Масъуди Аҳмадзод ва Шакармамад Мирмамадов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ шуданд.
Дар вазни то 70 кг байни бонувон варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим мегарданд.
Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро гирифтанд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари амрикоӣ сарфароз гардонида мешавад.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»