Парандаҳои бахтовар

Парандаҳои бахтовар

таҳияи Башир Усмон

Вақте ки ӯро бори аввал дар соҳили дарё - наздик ба манзили зистам дидам, шашсола буд. Ҳар гоҳ ки дилтанг шавам, ба соҳил, ки панҷ-шаш километр масофа дорад, меравам.

Ӯ аз рег хона ё чизе монанд ба он месохт. Сарашро бардошта ба ман нигарист. Чашмонаш кабуди дарёӣ буданд.

- Салом, - гуфт ба ман.

Бо ишораи сар ҷавоб додам, зеро ҳавсалаи суҳбат бо як кӯдакро надоштам.

- Бубин, бо рег бозӣ дорам, – гуфт.

- Дидам, он чист? – пурсидам бепарвоёна.

- Намедонам, ба рег даст расондан ба ман маъқул аст.

Худ ба худ фикр кардам, ки ин чизи хуб аст ва пойафзоламро баровардам. Дар он асно як парандаи сабзпо аз канорамон парида гузашт.

- Хурсандӣ гузашт, - гуфт ӯ.

- Нафаҳмидам, чӣ гузашт?

- Хурсандӣ. Модарам мегӯяд, ки парандаҳои сабзпо ба мо хурсандӣ меоранд.

Паранда дур шуд.

- Хайр, хурсандӣ, салом дардҳо - худ ба худ гуфтам ман ва ба роҳгардӣ шурӯъ кардам.

Афсурда будам, зиндагиам мувозинаташро тамоман гум карда буд. Ӯ бошад, аз пасам меомад.

- Номатон чист? - пурсид.

- Рут, - ҷавоб додам ман, - Рут Питерсон.

- Номи ман Винди. Шашсолаам.

- Салом, Винди.

Ӯ нешханде заду гуфт:

- Шумо хандаовар ҳастед.

Бо вуҷуди дарду ғаме, ки доштам, ман низ хандидам ва ба роҳгардӣ идома додам. Бо хандаи таронамонандаш аз қафоям меомад.

- Хоҳиш мекунам, боз биёед, хонум Пи. Ҳамроҳ боз як рӯзи хурсандии дигар мегузаронем, - даъват кард ӯ.

Рӯзҳо ва ҳафтаҳои баъдӣ ба ман не, ба дигарон тааллуқ дошт: ба хонандагони саркаш, ба маҷлисҳои падару модар ва ба модари беморам.

Як пагоҳӣ дастамро аз шустушӯи табақу косаҳо бардоштам ва худ ба худ гуфтам, ки ба парандаи сабзпое ниёз дорам. Сипас, нимтанаамро пӯшида баромадам.

Оромии маъмулии соҳил маро интизор буд. Шамоли сард мевазид, лекин роҳ гаштам, то ки оромишеро, ки эҳтиёҷ доштам, пайдо кунам. Он духтараки хурдсолро фаромӯш карда будам. Ногоҳ, вақте ки аз наздам баромад, ҳайрон шудам.

- Салом, хонум Пи. Бозӣ кардан мехоҳед? - гуфт ӯ.

- Чӣ бозӣ кардан мехоҳӣ? – пурсидам бо дили нохоҳам.

- Намедонам, шумо бигӯед.

- Бозии беҳудагӯӣ чӣ хел аст?

Ҳамон хандаи духтарак боз як бор баланд шуд ва гуфт:

- Ман чӣ будани ин бозиро намедонам.

- Ин хел бошад, пас биё роҳ мегардем, - гуфтам.

Ба чеҳрааш нигоҳ кардам ва танҳо он вақт диққат додам, ки рангаш аз ҳад зиёд сафед аст.

- Хонаатон дар куҷост? – пурсидам аз ӯ.

- Дар он ҷо, - гуфт ба қатори хонаҳои истироҳатӣ ишора карда.

Аҷиб, зимистон ҳам дар хонаи тобистонаи истироҳатӣ зиндагӣ мекунанд, гуфтам худ ба худ.

- Дар кадом мактаб мехонӣ? - боз пурсидам.

- Ман дар мактаб намехонам, зеро модарам гуфт, ки ҳоло таътил аст.

Вақте ки дар соҳил қадам мезадем, монанди духтарбачаҳои ҳамсолаш ҳар гуна суханҳои ширин мегуфт. Лекин ҳушу хаёли ман дар ҷои дигар буд. Ҳангоми ба хона баргаштанам, вақте ки бо Винди хайрухуш мекардам, гуфт, ки рӯзи хуше дошт. Аҷиб ин, ки барои ман ҳам чунин буд. Ба ӯ бо табассум гуфтам:

- Ман ҳам.

Пас аз се ҳафта дар ҳолати тақрибан ваҳшатноке ба соҳил давидам. Ҳатто дар ҳолати салом додан бо Винди ҳам набудам.

Модарашро дар айвон дидам ва хостам аз ӯ хоҳиш кунам, ки духтарашро дар хона нигоҳ дорад, аммо духтарак аллакай ба наздам омада буд.

- Агар зид набошӣ, мехоҳам имрӯз танҳо бошам, - гуфтам.

Кӯдак ба таври ғайриодӣ рангпарида ва нафасгир ба назар мерасид.

- Чаро? – пурсид ӯ.

- Барои он ки модарамро аз даст додам, - шарҳ додам ман ва фикр кардам, ки чаро инро ба як кӯдаки хурдсол мегӯям.

- Ҳамин тавр? Пас, имрӯз рӯзи бадест. 

- Бале, дирӯз ҳам, парерӯз ҳам чунин буд... Хоҳиш мекунам, ки аз наздам бирав!

- Азоб кашид?

- Кӣ азоб кашид?

- Модаратро мегӯям, вақти вафоташ азоб кашид?

- Албатта, азоб кашид, - гуфтам бо қаҳр, ки овозам мисли тозиёнае садо дод. Сипас, дар худам фурӯ рафтам ва аз бараш дур шудам.

Пас аз як моҳ ба соҳил рафтам, аммо Винди набуд. Худамро гунаҳкор медонистам ва шарм медоштам эътироф кунам, ки ӯро пазмон шудаам.

Дар соҳил каме гаштугузор кардам, баъд ба он хонаи истироҳатии тобистона рафта, дарро задам. Зане парешонҳол, ки мӯйҳои асалранг дошт, дарро боз кард.

- Салом. Ман Рут Питерсон. Имрӯз духтарчаатонро ёд кардам ва хостам куҷо буданашро бифаҳмам, - гуфтам ман.

- Ҳа-а, бале, хонум Питерсон, марҳамат кунед, ба хона дароед. Винди дар бораи шумо хеле нақл кард. Метарсам, ки шуморо азият додааст. Агар боиси заҳмати шумо гашта бошад, узр мепурсам.

- Не, аслан ин тавр нест. Вай хеле кӯдаки ширин аст.

Ҳис кардам, ки дар як лаҳза он чиро ки нисбат ба Винди дар дил доштам, ба забон овардам.

- Ҳоло дар куҷост? – пурсидам аз модараш.

- Винди ҳафтаи гузашта вафот кард, хонум Питерсон. Аз саратони хун ранҷ мекашид. Шояд ба шумо нагуфтааст.

 Гӯё кару гунг шуда будам. Ҳамон ҷо рӯи курсӣ афтодам. Нафасам мегирифт.

- Ин соҳилро бисёр дӯст медошт. Барои ҳамин ҳар вақте ки дилаш ба ин ҷо омадан мехост, рад намекардем. Дар ин ҷо худашро хеле хуб ҳис мекард ва ба қавли худаш, «рӯзҳои хуш» дошт. Лекин ду-се ҳафтаи охир аҳволаш бад шудан гирифт, овозаш меларзид... Ӯ барои шумо чизе гузошт. Ҳозир агар пайдо кунам... То онро ёфтанам мунтазир мешавед?

- Майлаш, - гуфтам ман сарамро гаранг-гаранг ҷунбонда. Зеҳнам тез кор мекард, то ки чизе барои гуфтан ба ин ҷавонзани меҳрубон пайдо кунад.

Ба ман лифофаеро дароз кард. Дар рӯяш бо ҳарфҳои калон-калони кӯдакона «Хонум Пи» навишта шуда буд. Дар дохилаш ба коғазе бо қаламҳои рангаи ҷилодор соҳили зарду баҳри кабуде ва парандаи сабзпое кашида, матни зери онро бисёр эҳтиёткорона навишта буд:

«Мурғи сабзпо ба шумо хушбахтӣ меорад».

Аз чашмонам беист ашк мерехт. Қалбам аз меҳру муҳаббате, ки дер боз орзуяшро дошт, пур гашт. Модари Виндиро ба оғӯш гирифта, такрор ба такрор барои ҷигарнбандаш ғамгин буданамро баён кардам ва ҳар ду гиристем.

 Ин расми хурди гаронбаҳо ҳоло дар девори ҳуҷраи кориам овезон аст. Шаш калима (ҳар кадоме барои як соли умраш) ба ман ҳамоҳангии равонӣ, ҷасорат ва муҳаббати софро замзама мекунад. Ва ин расм ҳамчун ҳадяи кӯдаке, ки чашмони кабуди дарёӣ, мӯйи зарди соҳилӣ дошт ва ба ман дӯст доштанро омӯхт, то охири умрам дар ҳуҷраи кориам хоҳад монд.

Report Page