Пайванд. Башир Усмон

Пайванд. Башир Усмон


Собир як поси шаб «Оча! Очаҷон!..» гӯён аз хоб бедор шуд. Чашмонаш тар. Рӯи бистар нишаст ва хоби дидаашро ба ёд овард.

Модараш дар як биёбони сӯзон қарор дошту аз ташнагӣ даҳонаш хушк шуда буд. Ба атроф имдодталабона менигарист. Об мехост. Лек касе набуд обаш диҳад.

Аз дур модарашро медид, лек наздаш рафта наметавонист. Дилаш сӯхт барои модари ташна. Ҳар қадар мекӯшид, аммо ёрои ҳаракат надошт. Гӯё дар ҷояш мехкӯб шуда буд. Танҳо коре, ки аз дасташ меомад фарёд кашидан буд. “Оча, очаҷон! Ҳозир ман аз ин банд раҳо шуда обат мебарам, очаҷон! – руҳбаланд мекард модарашро ҷавон. – Ҳозир, очаҷон, ҳозир...” Мегуфту ин тараф он тараф зӯр мезад, вале муваффақ намешуд. Ва ба ночории худу ба ҳоли модар мегирист.

Вақте ҷавон аз хоб бедор шуд ақрабаки соат болои рақами ду меистод. Дар ин ҳиссаи шаб ба модар занг зада наметавонист ӯ. Субҳро интизор шудан лозим буд.

- Чи ҳол доред, очаҷон? Саломатиатон хуб аст? – пурсид Собир аз модар саҳари барвақт дар телефон.

- Шукр, бачам, хубам ман... Худат созӣ? – пурсид модар аз ҷигарбандаш.

- Ҳа, очаҷон, хубам. Гуфтам дами саҳар аҳволатона пурсам. Нағз хоб кардед имшаб?

- Имшаб каме таб доштам. Таби баланд. Даҳонам қоқ шуда, мадорам рафт. Дар хона падару додарат низ хоб буданд. Лек дилам намешуд, бедорашон кунам. Ҳар ду ҳам рӯзона кор мераванд, бегоҳ хаставу афгор бармегарданд. Беш аз як соат ин тараф он тараф мегаштам, то кадоме аз онҳо бедор шаваду об ё чой диҳад. Бедор намешуданд. Ночор падаратро бедор кардам. Зуд аз ҷо боло шуда, ба пиёлае чой овард. Ҳини пиёларо ба дастам додан гармиро эҳсос кард, магар ки даст ба пешониам бурд. Фаҳмид ки таби сахт дорам. Беқарор шуд. Дору овард. Бечора то дами саҳар бароям саргардонӣ кашид. Кай хобам бурдааст, нафаҳмидам. Вақте бедор шудам падарат ҳоло ҳам болои сарам бедор менишаст...

Собир ором, вале андешаманд ба суханҳои модар гӯш мекард. Чашмонаш пуроб буданд...

Report Page