Оптимист. Башир Усмон

Оптимист. Башир Усмон


- Хуш омадед, бачаҳо, - ба навбат чашм ба ҳар кадом кормандаш давонда, гуфт муҳаррири солманд, ки онҳоро ба ҷаласаи ҳафатинаи рӯзнома даъват карда буд.

«Ташаккур, устод», «саломат бошед, устод», гуфтанд онҳо ба як овоз.

- Аз саҳар боз фикр дорам, ҳамин рӯзноманигорӣ яъне чӣ? – идома дод суханашро роҳбар.

- Рӯзноманигорӣ, устод, - зуд сари сухан гирифт яке аз кормандони ҷавон, - рӯзноманигорӣ, устод, рӯйдодҳои дохилу хориҷи мамлакатро бетарафона ба хонанда расонидан аст.

- Бале ҳамин тавр аст, аммо ин як таърифи бисёр обшустаи даврони гузашта. Чизи нав ёфтан даркор... Ба назари ман рӯзноманигорӣ ин хушбин будан аст. Оптимист, яъне. Чанд вақт боз фикр мекунам, таҳлил мекунам ва мебинам ахборе, ки ба нашр мерасад, комилан рӯҳи пессимистӣ дорад. Дасту дили хонандаро тамоман аз дунё хунук мегардонад. Барои ҳамин, мегӯям, ки шояд ба хабарҳо камтар рӯҳияи хушбинӣ ҳамроҳ кунем, то дили бе ин ҳам хунуки хонандаро гарм созад.

Масалан, канӣ Фармонҷон худат сарлавҳаи матолиби ин ҳафтаро номбар кун, бинем, ки дар шӯъбаи иқтисод чӣ дорем?

- Хуб шудаст, устод. Масалан, ҳамин хел як матлаб дорем: «Нархи сӯзишворӣ боз гарон шуд!»

 - Бинед, ки рӯҳияи одамро чӣ хел вайрон мекунад? «гарооон шуд!» бисёр тобиши манфӣ, оҳанги нохуш дорад. Ҳаминро оптимистона баён кардан ҳам мумкин ку. Ҳа, бачаҳо? Масалан, ин тавр навис: «Акнун ҳаракати мошинҳо кам, ҳавои шаҳр тоза хоҳад шуд!» Чӣ хел ёфтам? Зӯр ҳа?

- Бале, устод, зӯраша ёфтед, мешавад!

- Албатта, мешавад! Боз чӣ дорем?

- «Коронавирус ба мамлакати мо ҳам расид».

- Ин тавр гузор сарлавҳаро: «Меҳмон дорем!» Меҳмонро дар нохунак бигир. Ана, дидед? Хууш, боз чӣ? Аз варзиш бихон.

- «Аз иштирок накарданамон ба Ҷоми минтақа ғамгинем!»

- Бисёр сода, хеле осон. Танҳо ҷои калимаҳоро иваз кунед, шуд. Масалан, «Минтақа аз иштирок накарданамон ғамгин!»

Ҳама ба ин хушбинии роҳбар аҳсан хонданд.

- Дигарашро хонед!

- «Марди 90-сола ба чоҳи бесарпуш афтода ҳалок шуд. Масъулин ба куҷо менигаранд?»

- Хууш Фаррух, ту бигӯ ки ба ин чӣ хел сарлавҳаи оптимистона мегузорӣ?

- Масалан, мегуфтам: «Пирамард ба ҳақ пайваст!»

- Офарин, офарин! Ана ҳамин тавр!

- Боз чӣ дорем?

- «Дар мамлакат сатҳи бекорӣ даҳ фоизро ташкил дод».

- Бинавис, «Сатҳи ба кор таъмин будан - 90 фоиз!»

Ана дидед? Ба ҳама гуна хабар рӯҳияи мусбат бахшидан мумкин аст.

Муҳаррир ҳанӯз суханашро ба итмом нарасонда буд, ки занги телефон шуд.

- Балее, - бо навозиш ҷавоб дод ӯ, - ваалекум салом... ташаккур раис... шумо ҳам саломат бошед... Нафаҳмидам... аз кор... гирифтед? Ба ҷоям дигар кас..? О... о...

Ва телефонро хомӯш карда, ба кормандон гуфт:

- Бачаҳо, роҳбари нав меояд, маро аз вазифа озод карданд... Чӣ мегӯед?

Кормандон, мисли ин ки барои ахбори рӯзнома сарлавҳа пешниҳод мекарда бошанд, ба навбат гуфтанд:

-        «Ба устодамон муждаи таътил доданд!»

-        «Минбаъд устодамон бо пайвандонаш бештар вақт мегузаронад!»

-        «Хуш ба ҳоли устод, дигар метавонад то соати 12 хоб равад!»

Report Page