НАРХ
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Собир дорухатро ба доруфурӯш дода, гуфт:
— Лутфан, ҳамин доруҳоро диҳед. Фақат як илтимос, доруҳоеро диҳед, ки нархашон дар қуттиашон навишта нашуда бошад.
Доруфурӯш аз рӯйхат доруҳоро ҳисоб карда, дар селлофан андохту гуфт:
— 1126 сомонӣ мешавад.
Пулро пардохт карда, аз дорухона берун шуд. Ин лаҳза доруфурӯш ба харидорон, ки мунтазири навбаташон буданд, рӯ оварда, гуфт:
— Баъзан ин гуна беинсофон аз мо хоҳиш мекунанд, ки доруҳоеро диҳем, ки дар қуттиашон нархашон дарҷ нашуда бошад ва онҳо рафта, арзиши мехостаи худро навишта, ба бемор медиҳанду "нархи доруҳо баланд шудааст" мегӯянд.
Собир ба хонаи ҳамсояаш, холаи Соҷида омад, ки муддатест аз бемории меъда ранҷ мекашад. Ӯ бо нафақа ва маоши роҳрубӣ рӯзгорашро пеш мебурд ва яқин буд, ки барои дору харидан зӯраш намерасад. Аз ин рӯ, Собир субҳ вақти ба кор рафтан, аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки рӯйхати доруҳои даркории холаи Соҷидаро бигирад, то ки ба қадри имкон ба ӯ ёрӣ расонанд.
Доруҳоро ба холаи Соҷида дода, гуфт:
— Холаҷон, марҳамат, доруҳои шумо.
— Чаро ташвиш кашидӣ? Худат иҷорашин ҳастӣ, лозим набуд.
— Доруҳои шумо арзон будаанд холаҷон, доруфурӯш марди хуб будааст, нархро хеле паст кард, ҳамааш 100 сомонӣ ҳам нашуд. Шумо баҳузур инҳоро хуред, Худо шифо диҳад.
Ҳ. Тоҳирӣ