Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо соҳиби медали тилло гардид

Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо соҳиби медали тилло гардид

@AkhboriTojikiston

Варзишгари навраси тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт- Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуданд, дар вазни то 24 кг баромад намуд. Ӯ бо мағлуб намудани рақибон аз 18 давлати дунё сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.Раиси шаҳри Ваҳдат ин варзишгари ҷавонро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, иброз дошт, ки «дар чунин синни хурдӣ ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар бозиҳои байналмилалӣ кори саҳл нест. Барои ин заҳмати зиёд, тамрини ҳамешагӣ ва аз бар намудани усулҳои гуногуни варзишӣ зарур аст».

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуданд, 800 варзишгари наврас аз давлатҳои Осиёву Аврупо иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Report Page