Монеагӣ ба ҳаракати нақлиёт боиси сар задани ҷинояти авбошӣ гардид

Монеагӣ ба ҳаракати нақлиёт боиси сар задани ҷинояти авбошӣ гардид

@AkhboriTojikiston

Аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, шаҳрванд Пиров Раҳматуло Нуралиевич, санаи таваллудаш 29.03.2000, сокини ноияи Рӯдакӣ-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давалатиаш 2420МР01 ва шаҳрванд Қадамов Фирӯз Тоғоймуродович, санаи таваллудаш 08.08.1991, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, санаи 17-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 14:30 дақиқа, дар кӯчаи С.Шерозӣ назди бинои «Шарқи озод», зимни идораи воситаи нақлиёт ба ҳамдигар монеагӣ эҷод намуда, боиси халалдор гаштани ҳаракати нақлиёти ҳамдигар шудаанд. Дар натиҷа, мушкилоти ночизеро бо ҳамдигарфаҳмӣ ҳал карда натавониста, воситаҳои нақлиётро дар байни роҳи мошингард таваққуф намуда, бо ҳамдигар муноқиша кардаанд.

Ҳар ду бо ин амали худ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии дигар воситаҳои нақлиёт гардидаанд.

Ҳамзамон навори муноқишаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Қадамов Фирӯз ва Пиров Раҳматулло маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.


Манбаъ: Сомонаи РАЁСАТИ ВКД дар шаҷри ДУШАНБЕ

Report Page