Меъмор
таҳияи Башир Усмон
Вақте ки синни меъмор аз шаст гузашт, хост бознишаста шавад ва бештар бо аҳли оилааш бошад. Кор ҷузъи ҳаёташ буд, онро пазмон мешуд, вале нияти рафтанаш қатъӣ буд...
Роҳбараш аз ин хабар ғамгин шуд. Аз ӯ хоҳиш кард, ки пеш аз рафтан боз як хонаи дигар ҳам бисозад.
Меъмор қабул кард, вале чандон шавқу рағбати хонасозӣ надошт. Бинобар ин, маҳз ба хотири ба ҷо овардани хоҳиши роҳбараш, яъне танҳо барои аз сар соқит кардан, хонае сохт. Аммо ба сифати маҳсулоти сохтмонӣ чандон аҳамият намедод, ҳар ҷо маҳсулоти бесифат буд, дар бунёди хона ба кор бурд. Ба ин шакл хотима гузоштан ба касби писандида хеле ношоиставу боиси афсӯс буд, албатта.
Вақте ки хонаро сохта ба итмом расонд, корфармо омад, то онро аз назар гузаронад. Баъд калиди хонаро ба ӯ дароз карда, гуфт:
− Ин хона бар ивази солҳое, ки заҳмат кашидиву дар паҳлуям кор кардӣ, аз ман ба ту ҳадя...
Меъмор дар ҳайрат монд. Хиҷолат кашид ва шармаш омад. Кош медонист хонаро барои худаш месозад. Он гоҳ магар мумкин буд, ки дар сохтани он беаҳамиятӣ зоҳир кунад?
Қайд:
Агар имкони аз нав сохтан вуҷуд медошт, одамизод бисёре аз кор, муомилаву муносибатеро, ки анҷом додааст, ба шакли дигар месохт, ба он бисёр аҳамият медод. Ҳама ҳунарашро сарф мекард, то кораш бенуқсу комил анҷом шавад. Аммо ҳайҳот! Роҳи баргашт нест.