Маслиҳат

Маслиҳат

(таҳияи) Башир Усмон

Падар бо писари наврасаш савори қатора равон буданд. Чеҳраи писарак пур аз шавқу ҳаяҷон буд. Ӯ пайваста аз тиреза ба берун менигаристу хушҳолӣ мекард.

‒ Падарҷон, бубин, хаёл мекунӣ дарахтон парида истодаанд!

Падар бо табассуме гарму самимӣ ба писараш нигарист. Ҳамон лаҳза ҷуфти зану шавҳар, ки дар рӯ ба рӯяшон нишаста буданд, бо ҳайрат ба онҳо чашм дӯхтанд.

Писарак, ки ҳамчунон бо ҳаяҷон ба берун менигарист, бо шавқ садо зад:

– Падарҷон, нигоҳ кун! Абрҳо аз паси мо медаванд!

Ин дафъа низ падар бо муҳаббат, ки тасдиқро ифода мекард, ба писараш табассум кард. Чеҳраи писарак аз шодӣ боғ-боғ мешукуфт.

Он ҷуфти ҳамсафар, ки муддате ҳодисаро тамошо мекарданд, тоқат наёварда, бо нигаронӣ гуфтанд:

– Бубахшед, ба фикри мо, шумо бояд писаратонро ба духтур нишон диҳед...

Табъи падар аз сухани ҳамсафарон на ин ки хира нашуд, балки бо меҳрубонӣ ҷавоб дод:

‒ Мо ҳамин ҳозир аз назди духтур баргаштем. Писари ман аз таваллуд нобино буд. Имрӯз чашмонашро ҷарроҳӣ карданд ва бори аввал аст, ки дунёро мебинад...

Он зану шавҳар аз хиҷолат сархам шуданд.

Report Page