Маош. Башир Усмон

Аз нақли дӯстам Собир.
Масъули идораи молия он рӯз маоши кормандони якчанд муассисаро гузаронида натавонист. Аз ҷумла, аз кормандони муассисаи таҳсилоти томактабӣ, яъне кӯдакистонро. Он рӯз кораш нисбат ба рӯзҳои дигар бештар буд. Гузаронидани маоши чанд муассисаро баъд аз нисфирӯз, то охири соати корӣ ният дошт.
“Вақти кориам тамом шавад ҳам, истода, нақшаи имрӯзаро пурра тамом карда, баъд ба хона хоҳам рафт.” – гуфт ба худ.
Аммо ӯ аз ёд баровард, ки бегоҳ ба дӯстонаш ваъдаи вохӯрӣ додааст.
Баробари ба анҷом расидани вақти корӣ, яке аз дӯстонаш занг заду гуфт ӯро дар назди коргоҳаш мунтазир аст. Дигар илоҷ надошт. Дӯстонашро мунтазир кардан намехост ва наметавонист.
“Уфф, Худо гирад ҳамин серкориро, ҳеҷ фурсат намеёбӣ...” – гила кард ӯ.
Сипас, ночор дари ҳуҷраашро қуфл кардаву аз зинапояҳои ошёнаи дуюм ба поён фаромад.
Гузаронидани маоши муассисаҳо ба рӯзи дигар монд, албатта.
“Пагоҳ аввалин коре, ки мекунам гузаронидани маоши онҳо хоҳад буд.” – худро дилпур намуд.
Вохӯрӣ бо дӯстон то дер давом кард. Хотирмону хурсандибахш буд. Ҳатто ташвишҳои корӣ аз ёд рафтанд...
Пагоҳӣ пеш аз рафтан ба кор аввал духтарчаи хурдсоли бародарашро ба кӯдакистон бурда монд. Кӯдакистон наздик аст, ҳар пагоҳӣ духтаракро ӯ ба он ҷо мебарад.
Кӯдакро монду дами дар бо дарбони муассиса рӯ ба рӯ шуд, ки афсурдаву нигарон меистод. Онҳо бо ҳам, ба қавле “саломуалейк” ҳастанд, дарбонро ҳар бори диданаш дар ин ҷо аҳволпурсӣ мекунад корманди ҷавони идораи молия.
– Ҳа, амак! Навбатро қабул кардед? – пурсид аз дарбон.
Дарбон – марди гандумранги синнаш аз шаст фаротар, аҷаб ҳолате дошт. Аҳволи шахсе бечора, ниёзманд, чашм ба роҳ...
– Не, додар. Навбатро супоридам. Дина буд. Интизорам, ки маош гузарад, маошамро гирифта, баъд равам, – гуфт дарбон ва афзуд: – Дина қарор буд, ки гузарад, нагузаштаст. Ба набераам ваъда додам, ки имрӯз пойафзори наваш мехарам. Интизор аст, кӯдак. Чанд рӯз пеш дидам, ки пойҳояш нам кашидаанд...
Корманди масъули идораи молия бо шунидани суханони дарбон як такон хурду:
– Албатта, амак, албатта... – гӯён башаст аз бари ӯ дур шуд.
Дарбон аз якбора тағйир ёфтани ҳолати ҷавон ҳайрон шуда, аз сухани охирини ӯ чизеро нафаҳмид ва аз қафояш нигариста монд.
Ҷавон бошад, шитоб дошт, то кори мавқуфмондаашро ба охир расонад.