МУАЛЛИМ

МУАЛЛИМ

Б. Усмон

Муаллим, эй сарсупурдаву фидоӣ, эй раҳнамои олиҳиммат!

Он ки туро ба ҳайкалтарош монанд сохт, иштибоҳ кард. Ҳайкалтарош мешудӣ, ба инсон чун ба санги берӯҳ муомила мекардӣ. Аммо инсон сангу ту ҳайкалтарош нестӣ, муаллим.

Ҳар ки туро ба меъмор шабоҳат дод, низ хато кард. Ту ба он соҳири ҳисоб, ки аз арш то ба фарш ҳар як миллиметри биноро ба рӯи коғаз ҷой медиҳад, монанд нестӣ. Охир, инсон, ки аз кӯдакӣ то камолот бо ҷадвали дониш ва фазлу хиради ту рост мешавад, чӣ гуна рӯи коғазе бигунҷад?

Ҳар ки туро рассом гуморид, ба саҳв рафт. Инсон саропо рӯшноист ва зебову мунаққаш аст. Пас, чӣ гуна барои ба ӯ ҳаёт бахшидан ва зебо тасвир кардан ба қаламу рангдони мусаввири хаёлпардоз рӯ меорӣ? Зеро вазифаи муҳиму муқаддасе дорӣ ва ба расм кашидан фурсатат нест...

Ҳар ки туро ба бастакор монанд намуд, хато кард. Чӣ мешуд, агар ба инсон чун ба торҳои нозуки рубоб, ки бо ҳар расиш нолаи ҷонгудоз мебарорад, нохун мезадӣ? Пас, ту бастакор нестӣ, муаллим, чунки бо инсон фаротар аз мусиқиву оҳанг муносибат мекунӣ.

Ҳар ки низ ба боғбон шабеҳат намуд, иштибоҳ кард. Боғбон мешудӣ, шояд аз баҳри баъзе аз ниҳолакон ба хотири он ки заифу бесамаранд, мегузаштӣ ва барои парваришашон ҷаҳду талош намекардӣ. Ту нағз медонӣ, ки тарбият кори душвор аст, зеро инсон худ мавҷуди басо мураккабу фаҳмиданаш душворест. Боз медонӣ, ки аз миёни душвортарбияҳо низ инсонҳои ба ҷомеа муфиду нафърасон мерӯянд, вагарна чун боғбон аз заминҳои бофайзу ҳосилхез қадаме берун намемондӣ.

Ҳар ки туро ба машъал монанд кард, хато кард. Охир, машъал давру бари ҳамонеро рӯшан меку­над, ки онро бардоштааст. Пас, ту машъал нестӣ, зеро тамоми башариятро рӯшноӣ мебахшӣ. Машъал даст ба даст мегардад, аммо ту ба каф намегунҷӣ. Зеро ки бузургӣ, муал­лим.

Муаллим, эй раҳнамои хирадманд, ту дар синаат гавҳар мепарварӣ. Гавҳаре, ки метавонад қотилонро ба ҳомии адолат мубаддал созад. Гавҳаре, ки инсонҳоро ба сӯи некӣ тоб дода, ба хайру савоб ҳидоят намояд...

Охир, баҳри эҳтиромат чи бигӯему чи сон рафтор кунем, ки мо эҳтиром ба муаллимро боз ҳам аз худат омӯхтем... Мо дар тасвират оҷизем, ба кӣ монандат кунем, низ намедонем, аммо ту ба кӣ монанд будани худро нағз медонӣ, эй раҳнамои хирадманд! Зеро ту ҳаммаслаки паёмбарӣ!

Report Page