Котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои СҲШ мулоқот мекунанд

Котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои СҲШ мулоқот мекунанд


Имрӯз мулоқоти 16-уми солонаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе баргузор шуда, пагоҳ ба анҷом мерасад.

Бояд гуфт, ки СҲШ — созмони байналмилалии доимамалкунандаи байниҳукуматист, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. Соли равон ба таъсиси ин созмон расо 20 сол пур шуд. Ҳоло раёсати СҲШ-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони шаш давлат дар Шанхай ба имзо расидааст. Аз соли 2017 сарони кишварҳои узви СҲШ қарор дар бораи қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба узвияти созмон имзо намуданд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар СҲШ мебошанд. Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар ин сохмон кишварҳои шарик маҳсуб меёбанд.


____________

Моро пайгирӣ намоед:

Сомона, Facebook, Instagram, Twitter, Telegram

Report Page