Кибру ҳаво..
* * *
Муддаоят: манзилат – кибру ҳаво, макру риё,
Муддаоям: як ту будӣ, буд як дорулфано.
Эй гули беэътибор, он дам, ки дидам рӯи ту,
Рехт бо нур аз фазои ошиқӣ ҳамду сано.
Ё зи дороӣ сари ту чарх зад монанди кӯр,
Ё зи бераҳмӣ ба ҷони хастаам кардӣ ҷафо.
Бо худат дар оламат мемонӣ мамнун ҳамчу бек,
Меравам дар бенавоӣ гарчӣ бошам ҳам гадо.
Бегумон меафтӣ рӯзе ноумед аз аспи кибр,
Гар шавад Хуршеда аз девонагиҳо мосиво.
***
(Рамали мусаммани маҳзуф
Фоъилотун фоъилотун фоъилотун фоъилун)
Муддаоинг: манзилат – кибру ҳаво, макру риё!
Муддаоим эрди: бир сен, бир эди дорилфано!
Гул эдинг беэътибор, атрин сочишга интизор,
Осмондан ёғди чексиз нур ила ҳамду сано.
Ё бошинг айланди, ё бисёрлиғдан кўр каби,
Хаста жонни тепкилаб ўтдинг, кулар еру само.
Сен қолурсан оламинг ичра ўзингни бек билиб,
Мен кетурман, бенаволиғ ичра бўлсам ҳам гадо.
Муддаонг кор ўлмағай – кибр оти чарчатгай сени,
Кун келиб Хуршида бўлгач телбаликдан мосуво.
✨✨✨✨✨✨
НАМОЁН КУН
Азизам, беқарорам, арзи ҳолатро намоён кун,
Ҳилоли осмонҳои хаёлатро намоён кун.
Насими форами гулҳои боғе бар димоғат зад,
Шитоб, эй ром, он соҳибҷамолатро намоён кун.
Набуд дар каҳкашони ишқ чун ман, хуб донистӣ,
Биё, шаффоф шав, меҳри зулолатро намоён кун.
Кунад Аллоҳ моро гар муяссар, ёр, бар дидор,
Набар аз ман лабатро дур – болатро намоён кун.
Зи андӯҳу фироқи ту равад Хуршеда гар хомӯш
Дуо кун, бо дуо қарзи малолатро намоён кун.
ОШКОР АЙЛА
(Ҳазажи мусаммани солим
Мафоъийлун мафоъийлун мафоъийлун мафоъийлун)
Азизим, беқарорим, дарди ҳолинг ошкор айла,
Хаёлинг осмонида ҳилолинг ошкор айла.
Атиргул, жамбилу райҳон ифорин сочса боғингда,
Сени ром этган ул соҳибжамолинг ошкор айла.
Муҳаббат каҳкашонида қиёсин топмасанг ишқим,
Мунаввар юз ила меҳри зилолинг ошкор айла.
Муяссар айласа Аллоҳ гар бизни висолига,
Юмиб тош дийдани лаб ичра болинг ошкор айла.
Йўқотгач ҳажр элида қувватин Хуршида жим кетса,
Дуо ҳаққи билан қарзи малолинг ошкор айла!
✨✨✨✨✨✨
* * *
Куҷоӣ, мужда деҳ, оби ҳаётам ту,
Маҷоли қалби беморам, баётам ту.
Маро ғамҳои олам гар кунад таъқиб
Гурезам, аспи пирӯзам, нишотам ту.
Дилам дар шаҳри ҳаҷр оҳу фиғон дорад,
Раҳои он туӣ, таскин–наҷотам ту.
Намедонам ҳаловат чист бе фикрат,
Ба қасри орзу бурдӣ, қанотам ту.
Ба ёдат рӯд шуд ашки ғазалҳоям,
Дар он ҷорӣ туӣ танҳо, саботам ту.
***
(Ҳазажи мусаддаси солим
Мафоъийлун мафоъийлун мафоъийлун)
Хабар бер, қайдасан, оби ҳаётимсан,
Юракка куч бағишловчи баётимсан.
Жаҳоннинг ғамлари ортимдан эргашса,
Кураш майдонида енгилмас отимсан.
Кўнгил ҳажр элида оҳу фиғон этмиш,
Билиб қўйки ўзинг таскин-нажотимсан.
Хаёлингсиз ҳаловат не билолмасман,
Тилаклар кўшкида учқур қанотимсан.
Ғазал битдим, висолинг орзу айлаб,
Ғазал уммонида сузган саботимсан.
✨✨✨✨✨✨
ТАКЛИФ
Гаҳ оштӣ, гаҳ ҷангӣ мегардем мо,
Аз кинаҳо дил мондаю бетоб шуд.
Эҳсосамон сарсону саргардон мудом,
Гулҳои боғи ишқи мо беоб шуд.
Гаҳ ҷангию гаҳ оштӣ гардем мо,
Ҳайронам, ин аз чӣ шаҳодат медиҳад?
Бе якдигар осон набояд зистан,
Ин ҳол ишорат аз муҳаббат медиҳад.
Гаҳ оштӣ, гаҳ ҷангӣ мегардем мо,
Аммо низоъ дар байни мо кӯтаҳ мудом.
Бо хандаи лабҳои ман гардад адо,
Бо як нигоҳи гарми ту гардад тамом.
Гаҳ ҷангию гаҳ оштӣ гардем мо,
Бар ҷои мо дилҳои мо ронад сухан.
То кай ҷафо бар ҳис кунем, эй ҳамсафар,
Тарсам, ки рӯзе сабр ҳам пӯшад кафан.
Аз рашку қаҳру ҷанг суде нест ҳеҷ,
Барҳам диҳем акнун ба ин ҷанги қабеҳ.
Бояд бароӣ, ёр, аз қасри ғурур,
Ман ҳам ба ту бояд сухан гӯям малеҳ.
ТАКЛИФ
(Ярим ҳазил)
Ярашамиз,
Сўнг урушамиз,
Аразлардан чарчайди диллар!..
Изғийверар туйғуларимиз,
Ишқ боғида сувсирар гуллар!..
Урушамиз,
Сўнг ярашамиз -
Бу нимадан далолат - дарак?
Демак, менга ҳаёт йўқ сизсиз,
Демак, сизга соф меҳрим керак!
Ярашамиз,
Сўнг урушамиз,
Лек узоққа чўзилмас бу ҳол,
Дилни эзар ҳар бир сония,
Азоб чекар куну тун беҳол.
Урушамиз,
Сўнг ярашамиз -
Беихтиёр диллар сўзлашар,
Жафо қилаверсак ҳисларга,
Сабримиз ҳам синар, сустлашар!..
Ярашамиз бир- биримизга!?..
Барчасига берсак-чи барҳам?
Кўшкингиздан тушсангиз агар,
Тергамасдим сўнг сизни мен ҳам!?..
✍️ХУРШИДА ВАҲОБЖОН ҚИЗИ
Таржумон: Алишер Муқимов.
@Xurshidabonuvahobjonqizi