КҲФ-СУҒД: ЧОРАБИНИИ ИДОНА

КҲФ-СУҒД: ЧОРАБИНИИ ИДОНА


Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд..

     Муовини сардори Раёсат подполковник Кучаков Ҷамшед чорабиниро ифтитоҳ намуда, афсарону прапоршикон ва хизматчиёнро аз номи Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуд.

   Ҳамзамон оид ба заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рузҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ, саҳми Қувваҳои мусаллаҳ дар таъмини амнияти марзу буми кишвар, сулҳу субот, озодиву истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони кишвар сухан карда қайд намуд, ки таҷрибаи таърихии таъсиси Артиши миллӣ нишон дод, ки неруи воқеии давлат пеш аз ҳама дар ваҳдати миллӣ, иродаи сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандон ифода меёбад. Таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон на танҳо як иқдоми ташкили ҳарбӣ, балки падидаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар раванди бунёди давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Он таҷассумгари иродаи миллӣ, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ ва кафили пойдории истиқлолияти давлатӣ мебошад.

  Таъкидҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ оид ба ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият нишон медиҳанд, ки масъалаи мудофиа танҳо соҳаи ҳарбӣ набуда, балки унсури муҳими сиёсати давлатӣ ва омили ваҳдати миллӣ мебошад.

      Аз ин лиҳоз дар марҳилаи кунунии рушди давлатдории миллӣ масъулияти ҳар як афсар ва сарбоз на танҳо иҷрои уҳдадории хизматӣ, балки ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва суботи сиёсӣ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлат кафили амният ва оромии ҷомеа ба шумор мераванд.

        Дар қисмати ҷамъбасти чорабинӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши сардори Раёсат як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизматҳои шоиста ва интизоми намунавиашон бо ифтихорнома ҳавасманд гардонида шуданд.


Сарчашма: Раёсати Суғд


Report Page