🌖ИМРӮЗ 21-УМИ РУЗИ РАМАЗОН АСТ‼️

🌖ИМРӮЗ 21-УМИ РУЗИ РАМАЗОН АСТ‼️

БАРОДАРОН ВА ХОҲАРОНАМ❗️ ШАБҲОИ БОҚИМОНДАИ РАМАЗОНРО ҒАНИМАТ БИГИРЕД‼️April 22, 2022


✨ ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ ОХИРИ РАМАЗОН, ШАБИ ҚАДР ВА БАЪЗЕ НИШОНАҲОИ ОН.

1️⃣ Дар ин шаб Қуръони карим нозил шудааст.

📖 Аллоҳ Таъоло мефармояд:

إِنَّا أَنزلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ [القدر: 1].

"Ҳамоно Мо он [Қуръон]-ро дар шаби Қадр нозил кардем."

(Сураи Қадр ояти 1)


📜 Қуръони карим аз "Лаҳву-л-Маҳфуз" ба осмонӣ дунё дар шаби Қадр пурра ва комил нозил шудааст. Баъдан бо ҳолатҳо ва сабабҳо дар давоми 23 сол бо воситаи Ҷиброил алайҳис-Салом ба Паёмбар ﷺ нозил шудааст. Аллоҳ донотар аст.

(Тафсири Осонбаён)


2️⃣ Шаби муборак мебошад, дар он Қуръони карим фуруд омадааст.


📖 Аллоҳ Таъоло мефармояд:

 إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ [الدخان: 3].

"Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем."

(Сураи Духон ояти 3)


3️⃣ Ибодати ин шаб аз ибодати 1000 моҳ (83 солу 4 моҳ) беҳтар аст.


📖 Аллоҳ Таъоло мефармояд:

قال تعالى: لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ [القدر: 3].

"Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст." (Сураи Қадр ояти 3)


4️⃣ Тақдири як солинаи махлуқҳо аз "Лаҳву-л-Маҳфуз" гирифта ҳаллу фасл шуда ба Малоика супорида мешавад.


📖 Аллоҳ Таъоло мефармояд:

فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ أَمْرًا مِنْ عِنْدِنَا إِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ [الدخان: 4-5].

"Дар он [шаб] ҳар амри муҳимме файсала меёбад [ва тадбир мешавад]. Ин] корест [ки] аз ҷониби Мо [сурат мегирад] бе гумон, Мо фиристандаи [паёмбарон] будаем."

(Сураи Духон ояти 4 ва 5)


5️⃣ Ҷиброил алайҳис-Салом ба замин меоянд.


6️⃣ Малоикаи зиёде ба замин мефармоянд (адади ононро танҳо Аллоҳ медонад.)


📖 Аллоҳ Таъоло мефармояд:

تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ [القدر: 4].

"Малоика (фариштаҳо) ва Рӯҳ [Ҷабраил] дар он [шаби Қадр] ба фармони Парвардигорашон барои [анҷоми] ҳар коре нозил мешаванд. (Сураи Қадр ояти 4)


7️⃣ Шаби Қадр шаби саломати (аз ҳамаи бадиҳо ва орому осуда) то субҳ аст.

📖 Аллоҳ Таъоло мефармояд:

سَلامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ [القدر: 5]

"[Он шаб] То тулӯи фаҷр (субҳ) саломат [ва раҳмат] бошад."

(Сураи Қадр ояти 5)


8️⃣Аз байни шабҳо сол, шабҳои даҳаи охири Рамазон беҳтарин ва афзалтарин шабҳо аст, зеро шаби Қадр дорад.


9️⃣ Дар Шаби Қадр ҳаво на гарм ва на хунук мешавад, ҳарорати мӯътадил дорад.

📃 Паёмбар ﷺ гуфтаанд:

ليلة القدر ليلة طلقة لا حارة ولا باردة ( رواه ابن خزيمة وصححه الألباني .)

"Шаби Қадр форам, на гарм, на хунук аст. (Ривояти Ибни Хузайма)


🔟 Каме шабнам мерезад ва замин намнок мешавад.

📃 Паёмбар ﷺ гуфтаанд:

عن أبي سعيدٍ الخُدريِّ رَضِيَ اللهُ عنه، أنَّ رسولَ اللهِ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم قال : وَقَدْ رَأَيْتُنِي أَسْجُدُ فِي مَاءٍ وَطِينٍ (رواه البخارى)

Дар хоб дидам, ки дар об ва хок (лой, гил) саҷда мекунам.

(Ривояти Бухорӣ)


1️⃣1️⃣ Дар ин шаб ситора намеравад (намепарад ё намеафтад), абрнок намешавад ва шамол намешавад.


📃Паёмбар ﷺ гуфтаанд:

ليلةُ القدرِ ليلةٌ بَلْجَةٌ ، لَا حارَّةٌ ولَا بَارِدَةٌ ، ولَا سَحابَ فِيها ، ولَا مَطَرٌ ، ولَا ريحٌ ، ولَا يُرْمَى فيها بِنَجْم (رواه السيوطي، في الجامع الصغير، عن واثلة ، الصفحة أو الرقم: 7708، حسن.)

"Шаби Қадр: шаби форам, на хунук, на гарм, абр надорад, на борон, шамол надорад ва ситора намеафтад.

(Ривояти Ҷомеъу Сағир) (Давом дорад)


1️⃣2️⃣ Дар саҳарии шаби Қадр офтоб бешӯъла (бенур) мебарояд.


📄 Аз Убай ибни Каъб розиялЛоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфтаанд:

أخبَرَنا رسولُ الله صلَّى اللهُ عليه وسلَّم أنَّها تطلُعُ يومَئذٍ لا شُعاعَ لها رواه مسلم (762)

Паёмбар ﷺ бар мо хабар доданд, ки дар саҳариаш Офтоб бешӯъла (бенур) мебарояд.

(Ривояти Муслим).


1️⃣3️⃣ Дар ин шабҳои даҳаи охири Рамазон кӯшиши Паёмбар ﷺ бештар, зиёдтар мешуд ва шабзиндадорӣ мекарданд.


1️⃣4️⃣ Паёмбар ﷺ ҳамсарҳояшонро барои ибодат бедор мекарданд.

📄 Аз Оиша розиялЛоҳу анҳа модари мӯъминон ва ҳамсари маҳбубтарини Паёмбар ﷺ ривоят аст, ки мефармоянд:

كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا دَخَلَ الْعَشْرُ أَحْيَا اللَّيْلَ وَأَيْقَظَ أَهْلَهُ وَجَدَّ وَشَدَّ الْمِئْزَرَ.

"Агар даҳаи шабҳои охир (-и Рамазон) дохил мешуд, Паёмбар ﷺ шабзиндадорӣ мекарданд, аҳлашон (ҳамсарҳои ва духтаронашон)-ро бедор мекарданд ва (барои ибодат) кӯшиши зиёд ва миёнашонро мебастанд (ҳамхобаги намекарданд)."

(Ривояти Муслим)


1️⃣5️⃣ Паёмбар ﷺ духтаронашон Фотима разиялЛоҳу анҳа ва домодашон Али разиялЛоҳу анҳуро бедор мекарданд.

📄 Паёмбар ﷺ дар шаб дари хона духтарашонро мезаданд ва мегуфтанд: Оё намехезед ва намоз намехонед! (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

❗️Мо низ бояд фарзандони худро бедор намоем ва ба ибодат ташвиқ намоем.

Паёмбар ﷺ дар даҳаи охири Рамазон дар масҷид эътикоф менишастанд ва ибодатро бисёртар анҷом медоданд.


1️⃣6️⃣ Паёмбар ﷺ бар мо дастур додаанд, ки дар масҷид эътикоф нишинем❗️

1️⃣7️⃣ Дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон (21, 23, 25, 27, 29) Шаби Қадрро ҷустуҷуй намоем.


📃 Паёмбар ﷺ гуфтанд:

مَنْ كَانَ اعْتَكَفَ مَعِي فَلْيَعْتَكِفِ الْعَشْرَ الأَوَاخِرَ، وَقَدْ أُرِيتُ هَذِهِ اللَّيْلَةَ ثُمَّ أُنْسِيتُهَا، .... فَالْتَمِسُوهَا فِي الْعَشْرِ الأَوَاخِرِ، وَالْتَمِسُوهَا فِي كُلِّ وِتْرٍ (رواه البخارى)

" Касе бо ҳамроҳи ман эътикоф менишаста бошад дар даҳаи охир эътикоф нишинад. Ин шабро дар хоб дидам ва фаромӯш кардам.... Пас шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охир ҷустуҷуй намоед! (Ривояти Бухорӣ)


1️⃣8️⃣ Паёмбар ﷺ дар ин Шаб бо ҳамсаронашон хуфтухоб намекарданд.

📖 Аллоҳ Таъоло мефармояд: 

وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ [البقرة:187].

"Ва дар ҳоле ки дар масоҷид муътакиф ҳастед, бо занон омезиш (хуфтухоб) накунед." (Сураи Бақара ояти 187)


1️⃣9️⃣ Касе, ки шаби Қадрро бо имон ва умеди аҷр аз Аллоҳ дошта шабзиндадорӣ намояд, гуноҳҳони пешинаи ӯ мағфират мешавад .


🕋 РасулулЛоҳ ﷺ мефармоянд:

«مَنْ قَامَ لَيْلَةَ الْقَدْر إِيمَاناً وَاحْتِسَاباً، غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ». متفق عليه

🌌 "Касе, ки шаби Қадрро аз рӯи имон ва талаби савоб шабзиндадорӣ кунад, (яъне дар ин шабҳо намози таровеҳ ва таҳаҷҷуд хонад) гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешавад. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).


2️⃣0️⃣ Дар ин шабҳо аз Аллоҳ Таъоло истиғфор карда авфу бахшишро бисёртар талаб карда пурсидан. Аз гуноҳони худ тавбаи насӯҳ (холис) намоем.

💫💐ДУОИ ШАБИ ҚАДР 🌙💐

Дуое, ки паёмбар ﷺ ба ҳамсари азизашон Оиша разиялЛоҳу анҳа таълим додаанд:

اللَّهُمَّ إِنَّكَ عَفُوٌّ تُحِبُّ العفْوَ فاعْفُ عنِّي

Эй Аллоҳ! Ҳақиқатан Ту авфкунандаи, авф карданро дӯст медорӣ, пас маро авф кун❗️


2️⃣1️⃣ ❗️ХАТАРНОКТАРИН ҲОЛАТ🚫

🛑 Касе, ки аз хайри шаби Қадр маҳрум бимонад аз тамоми хайр маҳрум мондааст‼️


📃 Паёмбар ﷺ гуфтаанд:

"ﻓﻴﻪ ﻟﻴﻠﺔ ﺧﲑ ﻣﻦ أﻟﻒ ﺷﻬﺮ ﻣﻦ ﺣﺮﻣﻬﺎ ﻓﻘﺪ ﺣﺮم اﳋﲑ ﻛﻠﻪ وﻻ ﳛﺮم ﺧﲑﻫﺎ إﻻ ﻛﻞ ﳏﺮوم" .رواﻩ اﺑﻦ ﻣﺎﺟﻪ.


"Дар он (моҳи Рамазон) шабе аст, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, касе ки аз он шаб маҳрум шуд, ба дурусти ки аз ҳамаи хайр маҳрум шуд ва аз хайри он шаб танҳо инсони бад маҳрум мешавад". (Ривояти Ибни Моҷа)


🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋🕋

اللَّهُمَّ حَبِّبْ إلَينَا الإيمَانَ، وَزَيِّنْهُ فِي قُلُوبِنَا، وَكَرِّهْ إلَينَا الكُفْرَ وَالفُسُوقَ وَالعِصْيَانَ، وَاجْعَلْنَا مِنَ الرَّاشِدِينَ

Ё Илоҳо! Имонро бар мо маҳбуб (дӯстошта) ва дар дилҳои зинат бидеҳ. Аз куфр, фисқҳо (фаҳшу бадахлоқиҳо) ва гуноҳонро (дар дилҳои мо) бад медидагӣ гардон. Моро аз рошидин (роҳи ростро ёфтагон) бигардонад.


Хоҳарони азизи ман!! Паёмам ба дастат расида бошад пас хоҳаронам дар ин шабҳои муборак аз ҳолати доштаи хоҳарону бародарони мазлуми фаластинӣ худ ҳамаги огоҳ ҳастем, ки мо имрӯз дар ҷойҳои гарму осоиш дорем зиндагӣ мекунем аммо хоҳарони мо дар масҷидул ақсо зери шиканҷаи яҳудиён қарор доран. Валлоҳи Валлоҳи хоҳаронам агар дар ҷои яке аз он хоҳарон бародар ё хоҳари мо буд мо сари худро аз саҷда бар намедоштем. Имруз бародарон ва хоҳарони муъминаи мо, ки Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала худ фармуданд: Иннамал муъминуна ихва "муъминон бародарони якдигаранд" ки имрӯз зери зулму куффор қарор доранд.

ХОҲАРОНАМ БИЁЕД ИН ШАБҲОРО НАХОБЕМ ВА ДУО КУНЕМ ТО АЛЛОҲ МАЗЛУМИНИ ФАЛАСТИНРО НУСРАТ ДИҲАД ВА ИН ЗОЛИМОНРО ХОР КУНАД ВА ТАМОМИ МУВАҲҲИДИНРО ПИРӮЗ ГАРДОНАД БАР САРИ КУФФОР.


✍ام خديجة






Report Page