Хушҳолӣ
таҳияи Башир Усмон
Падару духтар ба яке аз мағозаҳои бузурги шаҳр ворид шуданд. Сару либоси духтарак шаҳодат медод, ки падару модари сарватманд дорад. Вай баробари даромадан ба мағоза падарро ба қатори бозичаҳои кӯдакона бурд ва лухтаки зебову хушрангеро ба дасти росташ гирифту кафи дасти чапашро кушода, пурсид:
– Кифоя аст?
Падар бо аломати инкор сар ҷунбонд. Кӯдак лухтаки дигареро ба даст гирифта, боз кафи дасташро ба падар кушод. Мазмун, пулаш барои харидани лухтак мерасад ё не. Ин дафъа падар ишора кард, ки «мерасад».
Онҳо пайи хариди ашёи дигар шуданд. Аз чашми духтарак пинҳон намонд, ки мисли ӯ писараке ҳамроҳи падараш ба мағоза ворид шуданд. Аммо баръакси ӯву падараш либоси писару падар зебову назаррабо набуд. Писарак ҳам ба рафи бозичаҳо расида, бозичаи маъқулашро ба даст гирифт ва ба чашмони падар дида дӯхт. Падар ба писари рамузфаҳм бо ишора фаҳмонд, ки пулашон намерасад.
Писарак бозичаро ба ҷояш гузошт. Сипас, ба рафи қуттиҳои ранг рафтанд. Аз он ҷо як қуттӣ ранг, чӯткаи рангмолӣ ва ашёи дигари барои таъмири хона заруриро интихоб карданд.
Дар ин миён духтарак дасти падарро гирифта, ба рафи бозичаҳо омад. Падар ҳам чизе нагуфта, ба духтарак итоат мекард. Кӯдак лухтаки аввал гирифтаашро ба ҷояш гузошт ва ҳамон бозичаеро, ки писарак ба даст гирифта буд, гирифт. Аз падараш пурсид, ки пули дасташ кифоя аст?
– Кифоя аст, духтарам, – ҷавоб дод падар, ки мақсади духтарашро нафаҳмида буд.
Онҳо ба назди хазина ҳозир шуданд. Духтарак ба гӯши зани хазинадор чизе гуфт ва худаш бо падараш дуртар истод. Пас аз лаҳзае ҳамон писарак ва падараш ба назди хазина омаданд. Баъди пули ашёи харидаашонро ҳисоб кардан хазинадор бо табассум гуфт:
– Шуморо табрик, мекунам. Имрӯз шумо аввалин шахсе ҳастед, ки барои харид карданатон аз мағозаи мо соҳиби мукофот шудед.
Хазинадор дасташро ба поёни миз бурда, аз он ҷо бозичаро бароварда, ба писарак дод. Ҳамон бозичаи писандидааш буд. Писарак хушҳол шуда, падарашро ба оғӯш гирифт. Онҳо ҳар ду ба хазинадор ташаккур изҳор карда, аз мағоза берун шуданд.
Дар чашмони падари духтарак, ки аз канор истода, ба ин манзара шоҳид мешуд, ашк намоён шуд. Ӯ низ духтарашро ба оғӯш гирифта, гуфт:
– Бо ту ифтихор мекунам, духтарам... Аммо бигӯ, ки ин фикр чӣ гуна ба сарат омад?
– Ёдатон ҳаст, дирӯз бо модарам ба ман пул дода, гуфтед бо он ҳар чизеро, ки маро хушҳол месозад, бихарам? – пурсид дар навбати худ духтар аз падараш.
– Бале, ёдам ҳаст.
– Имрӯз он чи ки бо пули додаатон харидам, маро хушҳол намуд, падарҷон.
ҚАЙД:
Хоҳӣ, ки Худой бар ту бахшад,
Бо халқи Худой кун накӯӣ.
Саъдии Шерозӣ