Гумшуда. Башир Усмон

Баъзан дар рӯзҳои истироҳат низ ба ҷойи корам ‒ идораи рӯзнома меравам, то ки ягон кори нотамомро ба анҷом расонам.
Ин ҳафта ҳам рӯзи истироҳатии шанбе дар утоқи корӣ будам. Рӯзи гарму фазои ором барои сомон бахшидани корҳо бисёр қулай буд. Иттифоқан ду корафтода пушти дар ҳозир шуданд. Бояд гум шудани ҳуҷҷатҳояшон ‒ шиноснома, ҳуҷҷати ронандагӣ, корти бонкӣ ва корти нафақаи модарашонро аз тариқи рӯзнома эълон бикунанд.
Ночор эълонашонро қабул кардам (чун дар идора аз кормандони масъули шуъбаи эълону реклама касе набуд).
‒ Оё нусхаи ҳуҷҷатҳоро доред, ки эълон аз рӯи онҳо тартиб дода мешавад? ‒ пурсидам ман.
‒ Бале, нусхаашон ҳаст... ‒ гуфт яке аз омадагон, ки марди миёнақади лӯнда буду ба тахмин чилсола менамуд. Ва нусхаи ҳуҷҷатҳоро аз тариқи «WhatsApp» ба телефонам фиристод.
Гуфтам, рӯзи душанбе баъд аз шом рӯзнома чоп мешавад, шумо метавонед саҳари рӯзи сешанбе омада онро дастрас кунед...
«Хуб» гуфта рафтанд.
Лекин рӯзи душанбе соати 9 пушти дари утоқи корӣ ҳозир шуданд. Онҳоро дида, салому ҳолпурсӣ кардем.
Якеш гуфт:
‒ Бародар, ҳамон ҳуҷҷатҳоро ба телефонам намепартоӣ?
Манзураш акси нусхаи ҳуҷҷатҳои гумшуда буд, ки ду рӯз пеш ба телефонам фиристод.
Гуфтам:
‒ Аллакай ёфт шуданд?
Каме истиҳола карду гуфт:
‒ Не... телефоноро ҳам гум кардем.