Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Чин ва Арабистони Саудиро доварӣ мекунад
@AkhboriTojikistonДовари Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гулмуроди Саъдулло якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, кор мекунад.
Ба Гулмуроди Саъдуллои 33-сола дар майдон ҳамватанонаш- ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Насрулло Кабиров иҷро мекунад. Дар VAR Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд кор намуда, ёвари VAR – довари дигари таиландӣ Торфонг Сомсинг таъйин шуд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»