Гиря барои навзод

Гиря барои навзод

таҳияи Башир Усмон
www.freepik.com

 Ҳамшираи шафқат назди марде, ки дар даҳлези беморхона мунтазир меистод, омада гуфт:

- Таваллуд хуб ҷараён дорад. Оё барои шоҳид шудани ин лаҳза ба дарун даромадан намехоҳед?

       Мард гуфт, ки хоҳиш надорад ва ҳамшира ба назди зане, ки дар ҳоли таваллуд кардан буд, баргашт. Аз миён чанде вақт гузашта буд, ки ҳамшираи шафқат боз ба назди он мард омад ва пурсид:

       - Ҳама чӣ хуб рафта истодааст. Оё ба дарун даромадан намехоҳед?

       Мард ин дафъа ҳам гуфт, ки хоҳиши даромадан надорад ва ба калиди дасташ бозӣ кардан гирифт. Вақте ки таваллуд наздик шуд, ҳамшираи шафқат дигар тоқат накарда, ба даҳлез назди он мард омад. Аз дасташ кашон-кашон ӯро маҷбур ба ҳуҷраи таваллуд бурд.

       Ҳамин ки навзод ба дунё омад, ҳамшира ба ҷониби мард рӯ оварду гуфт:

       - Хуб шуд, ки шуморо, маҷбуран ҳам бошад, ба дарун овардам. Вагарна аз дидани ин лаҳзаи фавқулода маҳрум мегаштед.

       Мард, ки дар рафти таваллуд басе тарсида ва мутаассир гашта буд, дигар тоб оварда натавонисту домани гиряро сар дод. Ҳамшира аз гиряи ӯ бештар мутаассир шуд. Марди гирёнро дилбардорӣ карда, фаҳмонд:

       - Ба дунё омадани тифл рӯйдоди бисёр муҳим аст. Ҳар як падар бояд ба дунё омадани фарзандашро бинад. Мард, ки ҳоло ҳам мегирист, дар миёни гуфтугӯи ҳамшира базӯр фурсат ёфта, “дард”-ашро баён кард:

       - Бону ҳамшира, охир на ин тифл фарзанди ман асту на ин зан ҳамсарам! Ман дар ин ҷо ба он хотир меистодам, ки ба духтур калиди мошинашро диҳам!

Report Page