Фаррош
(таҳияи) Башир Усмон
Ҷавон дар факултети менеҷмент таҳсил мекард. Ҳанӯз дар соли дуюми хониш аз ҳама донишҷӯи аълохон буд. Имтиҳонҳоро низ аъло месупурд. Ҳангоми супурдани имтиҳон одатан, ӯ ба саволҳо як маротиба аз аввал то охир назар афканда, шинос мешуд, баъд ба ҳалли онҳо мепардохт. Вале дар имтиҳоне саволи аз ҳама охир ӯро ба ҳайрат афканд. Ӯ фикр кард, шояд вақти тайёр кардани саволҳо иштибоҳе рафтааст.
Савол чунин буд:
«Фаррошзане, ки ҳар рӯз ба тозагии факултет машғул аст, чӣ ном дорад?»
Донишҷӯёни дигар ҳам аз он савол ҳайрон шуданд. Якеашон ҷуръат карда пурсид:
− Устод, саволи даҳумро пурсиданӣ будам...
− Дуруст! Он саволро махсус гузоштам... ҷавобатон ба он саволро ҳам ба назар мегирам...
Воқеан, донишҷӯён он занро, ки масъули поку тоза кардани долону синфхонаҳо буд, ҳар рӯз, хусусан саҳару бегоҳ, дучор меомаданд, вале касе аз онҳо номашро намедонист. Вай зани қоматбаланди гандумранге бо чашму мӯи сиёҳ буд, ки тақрибан панҷоҳ сол дошт...
Ҳамин тавр, ба он савол ҳеҷ яке аз донишҷӯён ҷавоб дода натавонистанд... ва ҳеҷ кадоме аз имтиҳон нагузашт. Муаллим ҳангоми аз синфхона баромадани донишҷӯён чунин гуфт:
‒ Дар зиндагӣ бо инсонҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавед, аммо ба бисёре аз онҳо аҳамият намедиҳед. Ҳол он ки онҳо шоистаи таваҷҷуҳ ва меҳрубонии шумоянд. Пас, аз беэътиноӣ парҳез намуда, ба инсонҳо таваҷҷуҳ дошта бошед ва ба онҳо меҳрубонӣ ва эҳтиром нишон диҳед.