Facebook
Башир Усмон
Рӯзе тасмим гирифтам, ки берун аз сомонаи иҷтимоии Фейсбук, вале бо ҳамон меъёри ошнопайдокунӣ ба худ дӯст ёбам. Аз ин рӯ, ҳар рӯз ба кӯча баромада, ба раҳгузарон дар бораи хӯрокҳои истеъмолкардаам, ҳолати рӯҳии онлаҳзаинаам, машғулияти шоми гузашта ва нақшаҳои шоми ояндаам қисса мекардам. Ба онҳо акси сагу гурбаам, ҳуҷраи кор ва китобхонаам, ҳатто боғдориву дар ҳота кор карданам, инчунин сурати чӣ гуна мошин рондану бо дӯстон чӣ навъ ва дар куҷо хӯрок хӯрданам, хулоса акси тамоми машғалаҳои рӯзмарраеро, ки ҳама ба ҷой меоранд, нишон медодам. Дар баробари ин, бо раҳгузарон суҳбат карда, қиссаҳои онҳоро низ мешунидам. Ҳар гоҳ ки нақлашон писандам ояд, ангушти калони дасти ростамро боло бардошта, мегуфтам: “Қиссаи шумо ба ман маъқул!”, яъне “Like”.
Ин рафтори ғарибаам дар сари кӯча, монанди фазои Фейсбук натиҷа дод. Ҳоло чор нафар маро пайгирӣ мекунанд: ду милиса, раиси маҳалла ва равоншинос.