Эссе Дар Мавзуи Саразми Бостони

Эссе Дар Мавзуи Саразми Бостони



➡➡➡ ПОДРОБНЕЕ ЖМИТЕ ЗДЕСЬ!






























Эссе Дар Мавзуи Саразми Бостони

Рубрика



Асосӣ



Эълон



Навид



Донишгоҳ дар ВАО



Афкор



Навор



Ҳидоятномаи Пешвои миллат

Бозгашт ба саҳифаи аввал


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ


(992-3422)6-52-73


rector@hgu.tj



Ваҳҳоб Набиев, доктори илмҳои таърих, профессор
Дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ахтари дурахшони тамаддун падидор гардид. Ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакент ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Кумитаи омӯзиш ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид карда шуд.
Ин тасмим дар иҷлосияи Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилия идома дошт, гирифта шудааст.
Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.
Боиси зикр аст, ки саҳм ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвари тоҷикон, махсусан, шаҳраки қадимаи Саразми Панҷакент ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад.
“Сарчашмаҳои таърихӣ,-қайд намуд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат 19-уми марти соли 2018, гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод, мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи баҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.
Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон - “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”-ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад” .
Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталифи Осиёи Марказиро таҷассум кардааст. Ба маълумоти Ҷованнӣ Бокардо - мудири дафтари Осиё ва Океания дар ЮНЕСКО, Саразм бар асоси ду меъёр ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ шомил карда шудааст. Аввалан, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Он чор ҳазор сол пеш аз милод як маркази тиҷорати ҳамон давра дар минтақа ба шумор мерафт. Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, бо таври рӯшан, нақши ин маҳалро дар мубодилот ва тиҷорати минтақаҳои ниҳоят гуногун аз ҷумла, Туркманистони ҳозира, Байнаннаҳрайн, тамаддуни Ҳинд ва хосатан Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Ин боиси аввалин пазируфта шудани Саразм ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии фарҳангӣ мебошад.
Омили дуюм бошад, Саразм як навъ аз тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чорум ва сеюми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ будааст. Хосиятҳои он ба ҳайси як маҳалли маскунӣ, ки беназиранд, шаҳодат медиҳад, ин гӯшаи дунё як тамаддуни шаҳрнишини аввалия доштааст.
Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад.
«Боре ба мо, шунавандагони Мактаби олии ҳизбӣ-ёдоварӣ менамояд адиб ва рӯзноманигор Сулаймон Эрматов, роҳбари вақти Ӯзбекистон Шароф Рашидов маърӯза хонданд ба забони русӣ. Бештар дар мавзӯи тарғиби дӯстӣ ва имконоти жанри публисистика сухан гуфтанд. Ва боз медонед дар кадом мавзӯъ гап заданд? Дар мавзӯи Саразми бостонӣ. Дар ин мавзӯъ он қадар руҷӯъ ба таърих кардаву далелҳои ҷолиб гуфтанд, ки мо дар ҳайрат мондем. Аз ҷумла таъкид карданд, ки Саразми тоҷикон далели барҷастаи ҳамбастагиҳову робитаҳои устувори иқтисодию фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна мебошад».
Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Нахусткошифи Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов рӯзҳои фараҳбахшро ёдоварӣ намуда, навишта буд: "Рақами 13-ро баъзеҳо бехосият мегӯянд. Оё ҳамин тавр аст? Камина 13-уми сентябри соли 1976-ро ба некӣ ёд меоварам. Ҳар касро рӯзе, воқеае ҳаст, ки абадӣ ба хотираш нақш бастааст ва он барои ман ҳамин рӯз аст. Он рӯз ва ҳодисае, ки дар он рӯз ба вуқӯъ пайваст, тақдири ояндаи фаъолияти илмии маро ҳал кард ва зиндагии ман гӯё маънии ҳақиқии худро дарёфт. Он рӯз рӯзи кашфиёти шаҳраки қадимаи Саразм аст…
Ибтидои тамаддуни ҷамъияти инсонӣ аз кишоварзиву чорводорӣ оғоз ёфтааст. Ин амри воқеист. Он таърихи 10-8 ҳазорсола дорад. Калимаҳои "Суғд" ва "суғдиён" қариб 3 ҳазор сол пеш арзи вуҷуд кардаанд. Ин аст, ки бозёфтҳои таърихии то соли 1977 дастрасгашта низ ибтидои тамаддуни суғдиён шуда наметавонад. Дар воқеъ, бостоншиносоне, ки дар болооби водии Зарафшон ҳафриёт мегузарониданд, монанди А.И.Тереночкин, А.М.Беленитский, А.П.Окладников, Н.Н.Неъматов, В.А.Ранов, Б.И.Маршак, Б.Я.Ставиский, Ю.Ё.Ёқубов, В.И.Распопова ба хулосае омада буданд, ки тамаддун дар ин водӣ дар замонаҳои сангу биринҷ ташаккул ёфтааст. Вале гуфтаҳои онҳоро бурҳони қотеъ набуд, то ҳол ёдгорие кашф нашуда буд, ки дар бораи тамоми паҳлӯҳои зиндагии замони сангу биринҷ тасаввуроти пурра диҳад. Агар ёдгорӣ мебуд, бояд он аз деҳшаҳре ё шаҳраке иборат мешуд, ки шаш-панҷ ҳазор сол пеш аз замони мо пайдо шудааст. Дар он биноҳои ҷамъиятӣ, маъбаду бӯстонсаройҳо, кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ бояд мавҷуд мебуданд.
Дар боло ман рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаётамро ёд овардам. Он рӯз 13 сентябри соли 1976 мебошад, ки дар он рӯз хабари як сокини оддӣ, хокпоши деҳаи Авазалии ноҳияи Панҷакент Ашӯралӣ Тайлонов ёдгории қадимтарини сарзамини имрӯзаи тоҷикон - шаҳраки Саразм ("Сари замин") кашф шуд".
Дар ибтидо бостоншиносон пас аз кофтукови хандақҳои аввалин давраҳои таърихӣ ва ғафсии қабатҳои маданиро муайян карданд. Дар солҳои 1976-1996 кормандони Маркази бостоншиносии Панҷакент дар шаҳраки Саразм 12 хандақ ва 11 ҳафриётҳоро таҳқиқ намуданд. Дар ин кори пурмашаққату масъулиятнок бостоншиносон Усмонҷон Эшонқулов, Абдурауф Раҳимӣ, Шарофиддин Файзулло, Саидмуроди Бостонгуҳар, Ҷамшеди Абдулло саҳми арзанда гузошта буданд.
Саразм қадамҷои бостоншиносони машҳури шӯравӣ А.М.Беленитский, В.М.Массон, Б.А.Литвинский, Р.М.Мун-чаев, А.А.Аскаров, Н.Н.Неъматов, бостоншиносони хориҷӣ Филипп Колл (ИМА), Анри Пол Фракфорт, Бертл Леонс (Фаронса), К.К.Ламберг-Карловский (ИМА) гардид. Онҳо дар дохили димна, толорҳо, иморатҳо, маъбадҳои Саразм қадам зада, бо асрори ин шаҳраки қадима шинос шуданд.
Шаҳраки Саразм ҳамасола таваҷҷуҳи олимони варзидаи бостоншиносро аз мамлакатҳои хориҷӣ ҳамчун оҳанрабо ҷалб мекард. Дар ин кор бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Дар соли 1984 бостоншиносони Фаронса Анри Пол Франкфорт ва Роланд Безенвал баҳри кашфиёти Саразм корро оғоз карданд. Бостоншиносони Донишгоҳи Гарварди штати Массачусетси Амрико К.К.Ламберг-Карловский ва Филипп Колл бошад соли 1985 ба Панҷакент омада, дар шаҳраки Саразм ду хандақи санҷишӣ кофтанд. Дар натиҷа онҳо хулосаи муҳаққиқи ин мамнӯъгоҳ Абдуллоҷон Исҳоқовро оид ба таърихи 5000-5500 - солаи тамаддуни Саразм ҷонибдорӣ намуданд ва сатрҳои зерин таълифоти якҷояи онҳост: "Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна, балки тамоми Шарқи Наздик - Эрон, Балуҷистон, Афғонистону Ҳиндустон низ ба шумор меравад".
Кофтуковҳои бостоншиносӣ самари хуб доданд ва тақвияти он навиштаи зери бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов мебошад: "То имрӯз мо аз қаъри замин чиҳоро кашф намудаем, кадом бозёфтҳои нодири фарҳангро дарёфтем. Пеш аз ҳама, аз қаъри замин зиёда аз 150 хонаи истиқоматӣ, 4 оташкадаи оташпарастон, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, бӯстонсаро бароварда шуданд. Маълум шуд, ки сокинони Саразм бо ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳо байни худ рафтуо доштанд. Ҳоло мо дар даҳҳо ҳавлию 3 кӯчаи аробагард ва 2 тангкӯчаи пиёдагарди шаҳраки Саразм роҳ гашта, аз завқи баланди маданияти шаҳрсозии ниёгонамон ҳаловат мебарем. Бозёфтҳо асосан аз анҷоми рӯзгор, зебу зиннати тиллоӣ, нуқрагӣ, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун ва устухонҳои ҳайвоноту паррандаҳо иборатанд. Зарфҳои сафолини мунаққашу сангини суфташуда ва порчаҳои нақшҳои деворнигорҳо аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд".
Дар асл мавзеъгоҳи Саразм зиёда аз 100 гектар мебошад, ки дар замонаш майдони калони ғайримуқаррарӣ маҳсуб меёфт. Маҳз ҳамин далел боиси пайдоиши фарзияи илмӣ оид ба пойтахти Суғди қадим будани Саразм гардид.
Ҷолиби қайд аст, ки соли 1992 олими намоёни тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов дар мавзӯи "Болооби Зарафшон дар марҳилаи энеолит ва биринҷ" рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Рисолаи мазкур дар шакли маърӯзаи илмӣ аз рӯи маҷмӯи асарҳои илмӣ, аз ҷумла монографияи "Саразм" пешниҳод шуда буд. Олимони маъруфи бостоншинос Аҳтам Бобоев ва Ӯктам Пӯлодов (рӯҳашон шод бод) ба рисолаи доктории А.Исҳоқов баҳои баланд дода, доир ба саҳми унвонҷӯ дар таҳқиқи Саразм ҷумлаҳои зерро иншо намуданд: "Дар соли 1976 олами илм бори дигар аз кашфиёти беназири А.Исҳоқов - Саразм моту мабҳут гардид. Саразм боз яке аз марказҳои ноаёни замонҳои бисёр қадими Болооби Зарафшонро ифшо намуд.
Маҷмӯи кашфиётҳои Саразм, Зардча-Халифа ва Дашти Қозӣ ба А.Исҳоқов имконият доданд, ки манзараи фарохи маданияти моддӣ ва маънавии водии Зарафшонро аз давраи энеолити бевақт то давраи биринҷи бевақтро муаррифӣ намояд.
Мусалламан бояд қайд кард, ки чунин ёдгории бисёрқабатае, ки энеолит ва биринҷро дар Тоҷикистон дарбар мегирад, алҳол ягона аст".
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳқиқоти шаҳраки Саразм ба марҳалаи нав ворид гардид. Нахустқадршиноси Саразм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солиёнест, ки ба ин кори муҳими таърихию давлатӣ кӯмаки моддию маънавӣ мерасонад. 1-уми сентябри соли 2000 бо Фармони Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Ёдгории 5500-солаи Саразм маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунар ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон карда шуд.
Ба шарофати ин ғамхорӣ солҳои охир пайваста корҳои маъмурӣ, сохтмонӣ оид ба бунёди мамнӯъгоҳи ҳақиқии Саразм ва ба яке аз муқаддасоти илмӣ ва умумимиллӣ табдил додани он ҷараён дорад. Болои бошишгоҳҳо тунукапӯш карда шудаанд. Осорхонаи Саразм таъмиру тармим гардид. Рӯи ҳавлии осорхонаро нимпайкараи кошифи аввалини шаҳраки Саразм - доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқов зеб бахшидааст.
Шаҳраки Саразм ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст. Ҳамасола шаҳрвандони зиёди ватанӣ ва сайёҳони хориҷӣ ин мавзеи нотакрорро зиёрат карда, аз дастовардҳои бостоншиносони тоҷик баҳравар мегарданд.
Моҳи сентябри соли 2009-ум баҳри таҷлили 1150-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба шаҳри бостонии Панҷакент меҳмонони зиёд ташриф оварданд. Муаллифи ин сатрҳо масъулияти ҳамсафарӣ кардани корпуси дипломатӣ ва меҳмонони хориҷиро ба ӯҳда дошт. 9-уми сентябр бо ҳамроҳии сафирони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ ба тамошои шаҳраки Саразм омадем. Дар Саразм ба гурӯҳи мо раиси вақти Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, шахсе, ки барои ба мақому манзалати баланд соҳиб гардидани шаҳраки Саразм заҳмати босамар кашидааст, академик Кароматулло Олимов ҳамроҳ гардид.
Сарвари мамнӯъгоҳ Абдурауф Раззоқов бо маҳорати хос меҳмононро бо кашфиётҳою ёдгориҳои Саразм ошно мекард. Онҳо кунҷкобона ба ҳар ҷузъиёти корҳои бостоншиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд, аксбардорӣ мекарданду суратҳои хотиравӣ мегирифтанд. Тасмим гирифтанд, ки ёдгории нодири таърихи инсоният - Саразмро ба ҳамватанонашон тибқи воситаҳои дастрас тарғибу ташвиқ хоҳанд кард.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки кашфиёти Саразм ин асоси ибтидоии тамаддуни Саразми антиқа, сариншооти илмии тамаддуни ориёию тоҷикӣ мебошад.
Бо ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, солҳои 2019-2021 низ солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст.
Дар ин раванд ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил додани онҳо мақсади муҳими ҷомеа мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати ташкил намудани инфрасохторҳоро дар мавзеи ёдгориҳои Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Ҳулбук, қалъаҳои Ҳисор, Кӯлоб, Хоҷамаҳшад дар ноҳияи Шаҳритус, Панҷакенти қадима, Бунҷекати ноҳияи Шаҳристон ва Ямчун воқеъ дар ноҳияи Ишкошим таъкид намуда, чунин вазифа гузоштааст: «Мо бояд мавзеъҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлоб, Хуҷанд, Балҷувон, Муғ, Ямчун, Кангурттут, Хушдилон (Тарбулоқ), Карон, Тахти Сангин, Хоҷамашҳад, Саразм, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро пурра барқарор карда, онҳоро ба макони сайру гашт табдил диҳем.
Дар робита ба ин, бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармаандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад».

Саразм - маркази тамаддун ва сайёҳии Тоҷикистон
Сухане чанд аз таърихи Саразми бостонӣ | Китобхонаи миллии...
Саразм — Википедия
Саразми бостонӣ оғози шаҳрофарии тоҷикон
Маълумоти умуми дар бораи Саразм – Allinweb
Правовое И Социальное Государство Эссе
Дипломная Работа Методики Исследования Готовности К Школе
Семашко Николай Александрович Реферат
Контрольная Работа По Информатике 9 Класс Графы
Сочинение Каморка Герасима

Report Page