Эссе Дар Мавзуи Эмомали Рахмон Кахрамони Точикистон

Эссе Дар Мавзуи Эмомали Рахмон Кахрамони Точикистон



>>> ПОДРОБНЕЕ ЖМИТЕ ЗДЕСЬ <<<






























Эссе Дар Мавзуи Эмомали Рахмон Кахрамони Точикистон
16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бешак, бузургу назаррас аст. Мардуми Тоҷикистон ӯро барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф карда, Пешвои худ мехонанд. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ин абармардро ба яке аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ табдил додааст.
  Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд. Аз рӯзи аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуданаш (19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Эмомалӣ Раҳмон иҷрои як қатор вазифаҳоеро, ки ба амният ва ҳаёти осоиштаи мардум сахт вобаста аст, муҳим хонда буд, ки ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин намудан, гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонида, онҳоро бо сарулибос ва ғизо таъмин кардан, барои кори бонизоми шаҳрвандон дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам овардан, ҳарчи зудтар кори корхонаҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳоро барқарор сохта, одамонро ба кори фоидабахши ҷамъиятӣ ҷалб кардан аз ҷумлаи нахустин ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат буд.
  Он замон Раҳмон Набиев, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусоҳибае иқрор карда буд: «Баъд аз он, ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст».
  Самимияти сухани Эмомалӣ Раҳмон, баёни фаҳмою пурҳарораташ аввалин «қасами сулҳ»-и ӯ боиси ба таври қобили мулоҳиза афзудани нуфузи сиёсии ӯ гардид: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
  Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози давраи фаъолияти сиёсиаш фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепояи нобаҳангом, ваҳшонияти сиёсиву қатлу куштор, радикализми сиёсӣ ва иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофоту мавҳумпарастиро аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ номида, азми худро барои бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, сарҷамъии миллат ва барқарории сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баён дошт. Ба ақидаи ӯ, яке аз афзалиятҳои асосии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ, аз як тараф, баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад.
  Ҳукумати нави Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон корро аз барқарории сулҳ ва бозгашти гурезаҳо шурӯъ карда буд. Ғояи сиёсии раҳбарияти нави кишвар тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ буд.
  1 июни соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муроҷиат намуда, бо баёни содаю самимӣ, маҳорати хоси суханварӣ, лаҳни маслиҳатомез ба ҳамватаноне, ки дар айёми ноосудагии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намудаанд, хитоб кард: «Магар нолаи чуғзе нашунидаед, ки манзилатон ба ёд намеояд? Ба Ватани худ баргардед. Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад. Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем… Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни нофрехтаи шумо инҷост. Ёд доред, ки мегӯянд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар…»».
  Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷойи кор, барқарор намудани манзилҳои харобгаштаро Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон арзёбӣ намудааст.
   Аз соли аввали Президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш Эмомалӣ Раҳмон аз қашшоқӣ раҳонидани мардум, таъмини амнияти онҳо ва аз обу ҳаво ва сарватҳои табиӣ пурсамар истифода бурдани ҳар як хоҷагӣ, инчунин дигаргунсозиҳои иқтисодиро ҳадафи худ қарор дода буд. 24 декабри соли 1994 дар нахустин машвараташ бо раҳбарони вазоратҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар, Президенти навинтихоб масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва таъиноти кадрҳоро баррасӣ карда буд: «Тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, инкишофи иқтисод вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати мост. Зеро мардум агар пешрафтро, беҳбудро эҳсос накунад, ба мо бовар нахоҳад кард…
   Буду нобуди давлат, буду нобуди мамлакат ба интихоби дуруст ё ғалати роҳбарони ноҳияҳо, муассисаҳо ва вазоратҳо вобаста мебошад. Ҳар касе, ки ба роҳбарӣ пешниҳод мешавад, бояд инсони комил бошад, дарди мардумро фаҳмида даво карда тавонад, ба вай одамон, ҳамкоронаш боварӣ ва эҳтиром дошта бошанд, ҳамроҳаш шаванд, супоришашро иҷро кунанд. Роҳбар шароити имрӯзаро дарк карда тавонад – дигар мо аз ҷое, аз касе марҳаматро нигарон шуда наметавонем, бояд ҳамаашро худамон кунем… Набояд манфиатҷӯии маҳаллӣ сабаби аз ёд рафтан ва ё фаромӯш шудани кадрҳои беҳтарини ҷумҳурӣ гардад. Ҳамаи мо ба ноҳияҳои худ ё вилояти худ не, ба ҷумҳурии худ ҷавобгарем ва аз ҳамин нигоҳ бояд кор кард».
  Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 нишонаи ба анҷом расидани рисолати аввалини Эмомалӣ Раҳмон дар замони раҳбариаш дар кишвари ҷангзада мебошад. Ба ақидаи Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ, «Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард» ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад. Бо тасвиби ин ҳуҷҷат роҳи дароз, пурмашаққат ва бағоят муҳими ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон анҷом ёфт.
  Сабаби асосии дар як муддати начандон тӯлонӣ ба сулҳу салоҳ омадани миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бархурдории ин миллат аз фарҳанги сулҳ аст, ки бунёду асоси онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Ваҳдати миллӣ мафҳуми хушку холӣ ва тасаввуроти хаёлӣ набуда, балки мазмуни жарфи иҷтимоиву таърихӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки тафаккуру андешаи миллати фарҳангофари тоҷик аз даврони оғози пайдоишаш бар мабнои сулҳу субот, ватандӯстиву ватанпарастӣ, башардӯстӣ, дӯстиву рафоқат, панду андарз, сидқу вафо, ваҳдату ягонагӣ ва амсоли инҳо бунёд ёфтааст.
  Аз замони ҷанги таҳмилию харобиовари шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳо пайи ҳам мегузаранд. Маҳз иродаи қавии мардуми кишвар ва Сарвари мамлакат буд, ки пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва зимни амалӣ гаштани қарорҳои он дар сарзамини тоҷикон сулҳу амният, назму суботи ҷомеа, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Ба итминони Эмомалӣ Раҳмон , марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад ва бо расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ мо тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккул ва тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст… Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонем». Дар воқеъ, тавре ки академик Раҳим Масов иброз доштааст, «қувваи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар наздикӣ бо мардумаш ва мустаҳкамии он пайвандҳоест, ки бо халқи хеш дорад, ки худ намояндаи он аст».
  Дар кишваре, ки ҷангзада ва хазинааш холӣ буд, бо сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат беш аз 2000 км роҳ, 240 пул, 30 км нақбҳои мошингузар, 190 км роҳи оҳан бунёд ёфту мавриди истифода қарор гирифт. Дар шароити душвори иқтисодии кишвар, ҳатто, ба зеҳну тасаввур ҳам роҳ намеёфт, ки мо рӯзе соҳиби неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва чандин неругоҳҳои хурди барқи обӣ шуда, ба бунёди неругоҳи азими Роғун оғоз мебахшем. Ва ҳам сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқи 500-киловаттаи «Шимол-Ҷануб» ва 220-киловаттаи «Лолазор-Хатлон» шурӯъ меёбаду ба анҷом мерасад. Тоҷикистон бо сарварии Эмомали Раҳмон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф шуд. Ташаббуси нав дар ин маврид, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз ёфт. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ин даҳсола баргузор гардид, ки мавқеи кишвари моро дар ҷаҳон ба сатҳи болотар бурд.
  Шоири зиндаёд Бозор Собир баъди мушоҳидаҳои кори Сарвари давлат дар расонае ӯро ситоиш кард: «Касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и «Роғун»-ро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям». Бозор Собир аз мушоҳидаи ҷоннисориҳо, бунёдкориҳо, қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ваҷд омада, мисраъҳои зерро аз таҳти дил суруд:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!
  Ба ақидаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ҳамакнун фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст: «Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».
  Яқин аст, ки Роҳбари давлат ба ҷаҳониён таҷрибаи бесобиқаи сулҳофариро дод, ки ин таҷриба имрӯз аз ҷониби институтҳои ҷаҳонии низоъшиносӣ ва кишварҳои дигари ҷангзада мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, он гуна ки Роҳбари давлат таъкид медорад: «Дар марҳалаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризоияти миллӣ бояд натанҳо ҳамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардида, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии мусолиматомези намояндагони ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷаҳонбиниву андешаҳо ва дину мазҳабҳои сокинони Тоҷикистонро дар бар гирад».
   Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар, бар ин ақида аст, ки Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар масири таърихи инсоният ба кам шахсиятҳо муяссар гардидааст. “Эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ нишонаи Пешвои муаззами миллат будани Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаҳои таърихи миллату кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Маҳбубияте, ки имрӯз Ҷаноби Олӣ дар миёни мардуми кишвар, хусусан сокинони шаҳри Бохтар доранд, маҳз натиҷаи заҳматҳои беназири дар тӯли ин солҳо баҳри Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлати миллии муосири тоҷикон ва ободии Тоҷикистон анҷомдодаи Сардори давлат мебошад”, — гуфтааст А. Исмоилзода.
  Айни замон вазифаи умумимиллии ҷомеа, миллати тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз он аст, ки ҳамагуна манфиатҳои инфиродиро як сӯ гузошта, дар атрофи роҳбари сиёсӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагии устувору побарҷоро фароҳам оварда, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро таҳким бахшида, нерӯҳои солиму ватанпарварро баҳри ҳалли нақшаҳои дурнамои стратегии умумимиллӣ ва умумидавлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлати миллӣ сафарбар намоянд.
  Моҳи ноябр барои мардуми шуҳратёри Тоҷикистон моҳест ифтихорӣ, зеро чанд ҷашне, ки дар ин моҳ таҷлил мегардад, сарнавишти рӯзгори ин миллатро дар бар мегирад. Ба қавли Шоҳини Нажод, сухангӯи маркази анҷумани «Фарҳанги Шоҳнома», «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчам — ин ҳама пойдевори қавии хештаншиносист ва заминаи устувори тамаддунофарист. Кишвари тоҷик бо сарварии Раисҷумҳури бедордил, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунару фарҳанги миллӣ миёни дигар қавму миллатҳо парчами зафарро сари боми ормонҳои хеш парафшонӣ доранд».
  Муттаҳидию сарҷамъии халқамон атрофи Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст. Имрӯз рисолати таърихии мост, ки Ватан ва Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба ояндаи миллат чӣ гуна ба мерос мегузорем. Дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаб ва ҳассоси сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ягона роҳи нигоҳдории миллат ин ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии кишвар ва ягонагии давлату халқ аст. Дар замони мо ягона манбаъ ва рамзи сулҳу ваҳдат, оромиву суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.
735140, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҳувайдуллоев 1

Эмомалӣ раҳмон – қаҳрамони ваҳдат ва сипари...
Univer.tj. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-КАФИЛИ СУЛҲИ ТОҶИКОН
Эмомалӣ Раҳмон — Википедия
16 ноябр – Рӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон – Президенти...
ОШНОӢ БО КИТОБ: Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи Таърих.
Краткое Сочинение 1 Сентября
Учет И Анализ Использования Оборотных Средств Курсовая
Ответы По Контрольной Работе По Теме
Курсовая Работа На Тему Административный Процесс
Психологические Свойства Личности Реферат

Report Page