Эссе Дар Мавзуи Адаб Хусни Инсон Аст

Эссе Дар Мавзуи Адаб Хусни Инсон Аст
Чароғи хона мегӯянд занро
1830
Ростгӯи камоли инсонист.
1609
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ - Чистонҳо
1308
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хохӣ.
Шахси боадаб ҳамеша аз хасоили ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфта:
Ман маниҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.
Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае хаст:
«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омухтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Бо ин маънӣ Абулҳасани Фаррухӣ гуфтаасг:
Зи нури рӯз гурезад ҳамеша зулмати шаб,
Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.
Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зохир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:
Адаб беҳтар aз ганҷи Корун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад
Бадриддин Ҳилолӣ бо як илҳоми шоирона хеле бамаврид мегуяд:
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.
Адаб дар назари аҳли ҷуд, бахту саодат, давлати ноёб, эътибору шаҳомат, тоҷисари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест.
Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:
Боядат аввал адаб андухтан.
Пас дигар касро адаб омухтан.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться .
14 Dushanbe Tajikistan
+992 501 02 04 99
misoltj
© 2020 MISOL TJ . All Rights Reserved.
Адаб ҳусни инсон аст ! — Мисол
адаб хусни инсон аст , иншо эссе , ессе, иншо дар бораи адаб , бо...
Адаб ҳусни инсон аст — TojiKon.Net
Адаб хусни инсон аст – InfoPage.Tj – Единое образовательное...
АДАБ ХУСНИ ИНСОН ACT - Иншо
Мое Любимое Животное Сочинение 3 Класс
Курсовая Александр 2
Финансовые Цели В Семье Эссе По Обществознанию
Экономика Виды Курсовая
Эссе На Тему Политика Дело Каждого