Эссе Дар Бораи Тирамохи Заррин
Эссе Дар Бораи Тирамохи Заррин
ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тирамоҳи зарнисор ба кишвари файзбори мо нахустин қадамҳои мубораки худро мегузорад. Тирамоҳ фаслест рангину пурбаракату зебо, аз ин рӯ хуҷастагиҳову зебоиҳои онро бештар адибону шоирон сутудаанд. Мухбири АМИТ “Ховар” дар ин мавзӯъ бо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло ҳамсуҳбат гардид, ки пешкаши шумо мегардонем. Номбурда дар ҷавоб ба суоли “Хуҷастагиҳои тирамоҳро дар чӣ мебинед?” чунин посух дод:
-Воқеан, вақте шумо аз одамон мепурсед, ки онҳо кадом фаслро бештар дӯст медоранд, аксари мардум тирамоҳро ном мебаранд. Аҷаб ин аст, ки тирамоҳи зарнисор ҳатто нисбат ба баҳори гулафшон бештар дар байни мардум маҳбубият дорад. “Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд…” сурудааст шоири классик. Ин “оби соф” ва ин “хазон” дар ин мисраъ як ҷаҳон маънии рамзиро ифода мекунанд. Сардафтари адабиёти рус Александр Пушкин иброз доштааст, ки ӯ баҳорро дӯст намедорад, ба хотири он ки наму лойи бисёр дорад. Ва шӯхиомез мегӯяд, ки метавонист тобистонро ҳам дӯст дорад, агар пашшаву хомӯшакаш намешуд. Аммо тирамоҳи нозанинро ошиқона дӯст медошт ва ба васфи он шеърҳои зиёде сурудааст.
Метавон чандин хуҷастагиҳои тирамоҳро ном бурд ва аввалинаш ин аст, ки тирамоҳ фасли қазоватҳост, фаслест, ки шумо ҳосили тухми кошта, ҳосили заҳмати худро мебинед. Тирамоҳ ҷамъбаст ва подоши ҳама ҳунарҳову заҳматҳои инсон аст. Фаслест, ки анборҳою дилҳоро пур мекунад. Инсон ҳосили коштаи худро медаравад, ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ. Беҳуда нест, ки яке аз ҷашнҳои фархундаи мардуми тоҷик “Меҳргон” маҳз дар анҷоми тирамоҳ сурат мегирад. Ва ҷашни ҷамъбасти кишту кору анҷоми ҳосилғундорӣ, ҷашни сериву пурӣ ва сарбаландии мардуми заҳматкаш аст.
Одатан вақте тирамоҳ мегӯянд, вожаҳои тиллоӣ, зарнисор, зарринро ҳамроҳ мекунанд. Дар забони модарии мо номи дигари тирамоҳ хазон асту хазонрез. Тирамоҳ фасли манзараҳоест дилрабову мафтункунанда, ки бевосита ба эҳсосоти одамҳо таъсир мекунад. Тирамоҳ таҷассуми тамоми рангҳо, тасвирҳо, манзараҳоест, ки бузургтарин рассом –табиат онро эҷод кардааст.
Тирамоҳ ё хазон як фаслест, ки на фақат бо таровишҳои рангину зебо дилҳоро тасхир месозад, балки ин фасли воқеан нозанин як таъсири амиқ ба рӯҳияи инсон, ба дил, ба завқу табъи ӯ мегузорад, зеро дар симои тирамоҳи заррин инсон тирамоҳи умри худро низ эҳсос мекунад ва ин эҳсос, ин қабул инсонро то ҷойе мутаассир месозаду хаёлангез мекунад. Чунон ки устод Лоиқ фармудааст:
Хазонрезу хазонрезу хазонрез… Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?
Чаро одам надонад қимати умр, Чаро ночиз гардад аз пайи чиз?..
Ё дар шеъри дигарашон устоди зиндаёд гуфтаанд:
Тирамоҳ асту барг мерезад Дар лабонаш таронаи падруд.
Нигаҳи офтоб ҳам кунд аст, Меравад хастаҷон ба хонаи буд.
Ёд орам зи чашми бодомат, Накҳати навбаҳор меояд.
Ёд орам чу хандаҳоятро, Қаҳ-қаҳи обшор меояд.
Тирамоҳ асту рӯд хушкида Хушклаб мондаанд соҳилҳо.
Зоғҳо мепаранд фориғбол Доғсон дар фазои манзилҳо.
Баҳри мо лек навбаҳори дил аст, Дар дили мо талотуми дарёст.
Парфишонии баргҳои хазон Болафшонии парастуҳост.
Чор ҳадди Душанбе чун девор Кӯҳҳо сарсафед гардиданд.
Нафаси барф мезанад ба димоғ, Чашмаҳо нопадид гардиданд.
Шукри қисмат, ки мо ҷавон астем, Чашмаи шавқи мо хурӯшон аст.
Гар баҳорам ту бошӣ, бокам нест, К-аз паи тирамаҳ зимистон аст…
Метавон сухани зиёд гуфт дар ситоишу тасвири тирамоҳи зарнисор. Аммо мехоҳам чунин ҷамъбаст кунам, ки дар замони расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, дар замони расидан ба армонҳои дерини ҳазоронсолаи миллӣ мо шоҳидем, ки тамоми ҷашну маросимҳои миллии мо, ҳамчунон худи милати мо эҳёи тоза ёфтанд, Аз ҷумла, Наврӯзи аҷам, Меҳргон ва Сада. Тамоми фаслҳои сол имрӯз пеши назари мо зеботару фархундатар аз пешинаанд, зеро дар баробари шукуфоии рӯзгори мардум, дар баробари дастовардҳои беназири кишварамон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нисбат ба гузашта, дар баробари комёбиҳову дастовардҳои арзанда дар соҳаи маънавиёту фарҳанг, фаслҳои сол ҳам имрӯз дилпазиру дилрабоянд ва ҳар яке хуҷастагиҳои худро доранд. Ва мо умедворем, ин тирамоҳи навине, ки имрӯз қадами муборакашро ба сарзамини мо мегузорад, хушпову қадам ва бо файзу баракат хоҳад буд.
Ман баҳори сабз будам, Тирамоҳи озарангам, Рӯ магардон аз сиришти Неку зебову қашангам.
Оҳ, оғӯши тилоӣ Мекушоям, бош бо ман. Рӯди покам, файзу нусрат Чош бо ман, чош бо ман!
Ва инак, ду шеъри дигар дар васфи тирамоҳ:
Тирамоҳи зард меояд, Фасли оҳу дард меояд.
Оташи дилро фурўзон кун, Рўзгори сард меояд…
Меравад олам фурў дар худ, Мард агар номард меояд.
Бар сари бадкеш ў ҳарчи Бо дигарҳо кард, меояд.
Мард шав, рўи сафо овар, Мард аз овард меояд.
Ҳар табассум, ки ту бахшидӣ, Бо ҳазорон вард меояд.
Бо вузў дар оби чашмаш мард Тозаву бегард меояд.
Ҳар қадар некӣ кунӣ, бар ту Аз қазо он қадр меояд…
Ман дар оғӯши хазонрезам, Чун хазон аз хеш мерезам.
Аз дарахти қомати худ Синаафшон дар ҳаво… Барг — барг аз хеш мегардам раҳо.
Бодҳои тунд бар ман мевазанд, Мекананд аз банд-бандам, Бе ягон шафқат, ба ҳукми нораво Мебарандам, мебарандам…
Оҳ дар дасти хазон афтодаам, Дар талоши ҷисму ҷон афтодаам, Аз баландои умеду эътиқод Бас гарону нозамон афтодаам,
Ман дар оғӯши хазонрезам, Чун хазон аз хеш мерезам… Ин хазон монанди ҳазён аст, Ин ҳазимат ҳасрати ҷон аст…
Бо баҳор аз ман шукуфтан рафт, рафт, Ишқу шодӣ мисли махзан рафт, рафт.., Ҳузнангезам.
Лек ҳар гоҳе барояд офтоб, Рӯи худ бинмояд аз пушти саҳоб, Ман тилоӣ мешавам, Дар лобалои дилрабоӣ мешавам…
Лек ҳар гоҳе дар оғӯшам ба шавқ Болафшон мурғакон пар мезананд, Мепарам ҳамболи онон. Аз барои ман ҳамин як он ғанимат, Тобиши ҳар зарраи хуршед андар ҷон ғанимат.
Ман хазонрезам, Биё, барги тилоямро Бар сарат доманкашон резам…
То дар ин тасвир рӯҳи бекарон резам, Аз нигаҳ, аз чеҳра, аз дил, аз нафасҳоям хазон резам,
Барг — барг аз хеш ҷон резам, Ҷон резам…
Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон 734025. ш. Душанбе, хиёбони Рўдакū, 40 тел.: +992 (37) 2273552, 2230417, факс: +992 (37) 2232383 © Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Истифода ва паҳн кардани маводи сомона, дар кадом шакле набошад,
танҳо бо иҷозати хаттии роҳбарияти АМИТ «Ховар» имконпазир аст. Истинод ба www.khovar.tj ҳатмист. E-mail: info@khovar.tj, niat@khovar.tj Омодакунандаи сомона: Агентии рекламавии "adMedia"
Дар бораи Тирамоҳи зарин – нақл ва шеър – Комрон.инфо
“ТИРАМОҲ АСТУ БАРГ МЕРЕЗАД…”. Имрӯз рӯзи... | АМИТ "Ховар"
салом бародаро иншо да бораи тирамох даркорай илтимос | OK.RU
Тирамоҳи заррин аз нигоҳи атфол | Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Иншо дар бораи ТИРАМОХ , ТИРАМОХИ ЗАРИН , маълумот дар ...
Тирамохи заррин !!! | Бо Субҳон | Дили холӣ наё бар хонаи ман!
салом бародаро иншо да бораи тирамох даркорай илтимос
Тирамох , хуш омади, ай фасли дардошно, биё! | Хаёти донишчуён
фасли заррин - тирамох | Facebook
Тирамохи Заррин 2020 - YouTube
Тирамохи заррин 😍 | Tajikistan:Политика, История...
Эссе дар бораи тирамохи заррин | Суи ДОНИШ
Тирамоҳ — Википедия
Тирамоҳи заррин дар Русия фаро расид: аксҳои фасонавӣ аз боғу...
Тирамохи Заррин Эссе
Сочинение На Тему Социальные Институты
Реферат На Тему Волейбол Основные Правила Игры
Сочинение Вечное И Вещное
Годовая Контрольная Работа 3 Класс
Сколько Томов Сочинений Ленина