Эссе Дар Бораи Муаллими Аввалини Ман

Эссе Дар Бораи Муаллими Аввалини Ман



>>> ПОДРОБНЕЕ ЖМИТЕ ЗДЕСЬ <<<






























Эссе Дар Бораи Муаллими Аввалини Ман

Чароғи хона мегӯянд занро
1829


Мактаб – макони илму маърифат
1305


Ваҳдати мо –мароми мо.
634

Агар дар ҷахон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.
Устоди аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ гузаштагони фозили мо ҳаққи усгодро аз падар бештар донистаанд:
Ҳакки устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».
Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳиром ва шаҳомат низ гаштааст.
Устоди аввалини ман модар аст. Ҳар чизеро ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ пурсон мешудам. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷков ошно месохт. Устоди дигар ин худ зиндагист, ки касро ба баду фисқи ҷаҳони фонӣ ошно меозад.
Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулҳои муаттари маърифат зиннат медиҳад.
Хулоса омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тар¬бияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд.
Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи мукаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст. Оре:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться .
Ҳеч кас барои мурда чашмонашро аз косахонааш намебарорад.

14 Dushanbe Tajikistan
+992 501 02 04 99
misoltj

© 2020 MISOL TJ . All Rights Reserved.


Устоди аввалини ман ! — Мисол
Муаллим равшангари дилҳо ва чароғи маърифат аст
МУАЛЛИМ , ОМӮЗГОР — САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН! | tiroz.org
Муаллими аввалини ман 1987 | Жола дар ноҳияи Рӯдакӣ
Пайвастагии муаллим бо шахсият ва иттиҳоди кӯдакон – Allinweb
Контрольная Работа По Биологии Типы Плоские Черви
Эссе Труд Основа Доходов
Сочинение На Тему Чувство Долга
Как Лучше Закончить Сочинение
Сочинение По Капитанской Дочке 7 Класс

Report Page