Ду сарнавишт
таҳияи Башир Усмон аз китоби "Парандаҳои бахтовар"Мардеро айёми бачагиаш дар шароити хеле вазнин гузашта буд.
Ӯ яке аз панҷ фарзанди хонавода ба ҳисоб мерафт. Падари майзадааш ҷавон аз дунё даргузашт, модараш бори зиндагиро ба танҳоӣ кашида натавонист.
Мутаассифона, бачаҳоро аз ҳам ҷудо карданд ва ба ятимхонаҳо гузоштанд. Он мард таҳсилро раҳо кард ва бо вуҷуди он ки фурсат дошт, ҳеҷ коре барои пешрафти худ анҷом надод. Издивоҷ кард, аммо зуд аз ҳамсараш ҷудо шуд. Баъд ба оворагардӣ рӯ овард.
Бародараш баръакси ӯ ҳарчанд айёми бачагиаш дар ҳамчунон шароит сипарӣ шуда буд, вале ӯ худро сохт ва кафшергар шуд. Вай хонаи гарму хонаводаи меҳрубоне дошт.
Ба саволи «Чӣ тавр метавонӣ чунин зиндагӣ кунӣ?» ҳар ду бародар ҳам ҷавоби яксон медоданд:
«Агар даврони кӯдакии маро медоштӣ, оё мумкин буд зиндагии дигареро ба сар барӣ?»
Имкони тағйири гузашта вуҷуд надошт, аммо мешуд, то ки аз он дарси ибрат гирифт. Фақат яке аз ду бародар ин корро анҷом дод ва бо сабақ гирифтан аз гузашта зиндагии дурусте дошт. Дигарӣ ба бадбахтиаш гузаштаро айбдор медонист.
Қайд:
Гузаштаро тағйир додан имкон надорад, аммо интихоби роҳи оянда ба иродаи шахс вобаста аст.