Ду нарх
аз "Рег ва кафк"-и Ҷуброн Халил
Шахсе аз полези худ муҷассамаи мармарии ҳайратангезе ёфта назди дӯстдори атиқа бурд, ки бо нархи гӯшношуниде харидаш.
Муҷассамаёфта дар роҳи хонааш хаёл кард: “Чӣ миқдор қувват ва ҳаёт дар сарват ифода гашта! Аҷабо, каси салимфикр чӣ гуна бо пули зиёд як пора санги сокиту берӯҳро харид, ки ҳазорон сол пинҳони ҳама андаруни хок буд!”
Ва дар ҳамон лаҳза муҷассамахарида хаёл кард: “Хуҷаста бод зебоӣ ва ҳаёти дар ту муҷассам! Ту орзуи кадом рӯҳи олиофаринӣ! Сурхии рӯ ва ҷилои ту аз хоби ҳазорсола дар сукути заминист! Ман намефаҳмам, чӣ гуна ӯ нодиртарин бозёфтро бо нархи арзонтарин фурӯхт!”
ҚАЙД: Зебоӣ ва маърифат ба ҳама ошкор намешавад; танҳо шахсони дорои эҳсоси амиқ метавонанд ба дарки онҳо бирасанд.