Дар шаҳри Ашқобод муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд

Дар шаҳри Ашқобод муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд

@AkhboriTojikiston

Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи туркман — Махтумқулӣ Фироқӣ дар боғи ҳамноми шоир муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Дар расми ифтитоҳи муҷассама ва боғ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуда, дар пояи муҷассамаи Сайидои Насафӣ гулчанбар гузошт.

Бояд гуфт, ки Сайидои Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII-и тоҷик аст.

Ӯ аз худ осори баландмазмуну рангини фаровон мерос гузаштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти пурғановати тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асари тамсилии «Баҳориёт», «Шаҳрошӯб» иборат буда, 8500 байтро дар бар мегирад.

Куллиёти шоир бо ғазал оғоз шуда, қисми бештари маҷмуаро ташкил медиҳад ва шумораи он ба 550 мерасад.

Ӯ яке аз сухансароёнест, ки забони шеъри классикии тоҷикро ба забони гуфугӯии халқ наздик кардааст.

Ҳамчунин дар доираи Конфронси байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Меҳриҷамол Мамедова ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелди Шамурадов мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо байни ҷонибҳо доир ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи фарҳанг гуфтугӯ анҷом дода шуд.Инчунин ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи туркман — Махтумқулӣ Фироқӣ, ки таҳти унвони «Ҳаёт ва фаъолияти Махтумқулӣ Фироқӣ» баргузор гардид, раёсатро бар уҳда дошт.

Дар доираи Конфронс 18 май, ки дар Туркманистон ҳамчун рӯзи Конститутсия ва Парчам таҷлил карда мешавад, вазирони фарҳанги давлатҳои дӯст ва меҳмонон ҳамчун рамзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи Конститутсия ва Парчами Туркманистон гулчанбар гузоштанд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Report Page